1 Подшоҳон
5 Вақте ки сандуқи Худо ба дасти фалиштиён афтид,+ онҳо онро аз Эбен-Эзер ба Ашдӯд бурданд. 2 Фалиштиён сандуқи Худоро ба ибодатхонаи Доҷӯн оварданд ва дар назди Доҷӯн гузоштанд.+ 3 Рӯзи дигар ашдӯдиён саҳари барвақт хеста, диданд, ки Доҷӯн пеши сандуқи Яҳува рӯ ба замин афтидааст.+ Онҳо Доҷӯнро гирифта, ба ҷояш гузоштанд.+ 4 Фардои он рӯз онҳо бармаҳал хеста, диданд, ки Доҷӯн боз назди сандуқи Яҳува парӯ афтидааст. Сари Доҷӯн ва ҳар ду панҷаи дастонаш бурида шуда, дар остона мехобиданд, фақат танаш, ки шакли моҳиро дошт, дар ҷояш монда буд. 5 Барои ҳамин коҳинони Доҷӯн ва ҳамаи онҳое, ки ба ибодатхонаи Доҷӯн медароянд, то ба имрӯз остонаи Доҷӯнро, ки дар Ашдӯд аст, зер намекунанд.
6 Дасти Яҳува бар ашдӯдиён зӯрӣ мекард ва ӯ мардуми Ашдӯду атрофи онро ба варамҳо* гирифтор карда, ҳолашонро табоҳ намуд.+ 7 Вақте мардуми Ашдӯд диданд, ки ба чӣ ҳол омаданд, гуфтанд: «Сандуқи Худои Исроилро бо мо намонед, чунки дасти ӯ бар мо ва худоямон Доҷӯн зӯрӣ мекунад». 8 Онҳо кас фиристода, тамоми ҳокимони фалиштиро ҷамъ оварданд ва аз онҳо пурсиданд: «Бо сандуқи Худои Исроил чӣ кор кунем?» Онҳо гуфтанд: «Бигзор сандуқи Худои Исроилро ба Ҷат+ баранд». Он гоҳ сандуқи Худои Исроилро ба он ҷо бурданд.
9 Баъде ки сандуқро ба он ҷо оварданд, Яҳува дасти худро бар зидди аҳли он шаҳр равона карда, онҳоро ба тарсу воҳимаи сахте андохт. Ӯ мардуми шаҳрро, аз хурд то калон, зарба зад ва бар онҳо варамҳо пайдо шуданд.+ 10 Аз ин рӯ онҳо сандуқи Худоро ба Эқрӯн+ фиристоданд, вале, ҳамин ки сандуқи Худо ба он ҷо омад, эқрӯниён фиғон бардошта гуфтанд: «Онҳо сандуқи Худои Исроилро ин ҷо фиристода, мо ва мардумамонро куштанианд!»+ 11 Баъд аз ин онҳо одам фиристода, тамоми ҳокимони фалиштиро ҷамъ оварданд ва гуфтанд: «Сандуқи Худои Исроилро аз ин ҷо баред, бигзор он ба макони худ баргардад, то ки мо ва халқамон ҳалок нашавем», зеро тарси марг тамоми шаҳрро фаро гирифта буд. Дасти Худо бар он шаҳр беҳад зӯрӣ мекард+ 12 ва касоне, ки намурда буданд, ба варамҳо гирифтор шуданд. Азоби мардуми он шаҳр чунон сахт буд, ки фиғонашон ба осмон дакка хӯрд.