-
4 Мӯсо 32:20–22Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
20 Мӯсо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Агар шумо дар пеши назари Яҳува яроқ ба даст гирифта, биҷангед+ 21 ва ҳар яки шумо аслиҳаҳои худро гиреду дар пеши назари Яҳува ба он тарафи Урдун гузаред, он гоҳ, вақте ӯ душманонашро аз назди худ меронад+ 22 ва, вақте замин дар пеши назари Яҳува забт карда мешавад,+ шумо метавонед баргардед.+ Шумо дар назари Яҳува ва Исроил бегуноҳ хоҳед буд. Он гоҳ ин замин дар пеши назари Яҳува аз они шумо мешавад.+
-
-
Юшаъ 22:1–4Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
22 Юшаъ реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашшеро даъват карда, 2 гуфт: «Шумо ҳар он чиро, ки Мӯсо, хизматгори Яҳува, фармуда буд,+ иҷро намудед ва ба овози ман гӯш дода ҳама фармудаҳоямро ба ҷо овардед.+ 3 Шумо бародарони худро муддати дароз, то ин рӯз, тарк накардед+ ва амри Худоятон Яҳуваро иҷро кардед.+ 4 Ҳоло Худоятон Яҳува ба ваъдааш вафо карда ба бародаронатон оромӣ бахшидааст.+ Барои ҳамин шумо метавонед ба хаймаҳои худ, ба замине, ки Мӯсо, хизматгори Яҳува, ба шумо дар он тарафи Урдун* мерос дода буд, баргардед.+
-