30 «Вой бар писарони якрав,+— мегӯяд Яҳува,—
Зеро онҳо нақшаҳои маро неву нақшаҳои худро ба ҷо меоранд.+
Онҳо паймон мебанданд, вале на мувофиқи рӯҳи ман,
То ба гуноҳи худ гуноҳ зам кунанд.
2 Онҳо бе маслиҳати ман+ ба Миср+ мераванд,
То зери ҳимояи фиръавн паноҳ ёбанд
Ва дар сояи Миср пинҳон шаванд.