-
Ошкорсозӣ 5:9, 10Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Онҳо суруди наве+ сароида мегуфтанд: «Ту сазовори он ҳастӣ, ки дастхатро гирифта, муҳрҳои онро кушоӣ, зеро ту кушта шудаӣ ва бо хуни худ барои Худо+ одамонро аз ҳар қабила, забон, халқ ва миллат харидаӣ.+ 10 Ту онҳоро подшоҳону+ коҳинони Худои мо+ гардонидаӣ ва онҳо чун подшоҳон бар замин ҳукмронӣ хоҳанд кард».+
-
-
Ошкорсозӣ 20:4Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
4 Ман тахтҳо ва касонеро дидам, ки бар онҳо менишастанд; ба онҳо қудрат дода шуд, то доварӣ кунанд. Бале, ман касонеро дидам, ки онҳоро барои шаҳодат додан дар бораи Исо ва сухан гуфтан дар бораи Худо кушта буданд*. Инҳо касонеянд, ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали он саҷда накарданд ва бар пешониву дасти худ аломат нагирифтанд.+ Онҳо зинда шуданд ва ҳамроҳи Масеҳ 1000 сол подшоҳӣ карданд.+
-