-
Дониёл 4:18Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
18 Ин аст хобе, ки ман, подшоҳ Набукаднесар, дидам. Акнун ту, эй Балтшасар, таъбири онро ба ман бигӯ, зеро ягон донишманди подшоҳии ман таъбири хобро ба ман гуфта натавонист.+ Ту бошӣ, ин корро карда метавонӣ, зеро рӯҳи худоёни муқаддас бар туст”.
-
-
Дониёл 5:11, 12Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
11 Дар мамлакати ту шахсе* ҳаст, ки рӯҳи худоёни муқаддас бар ӯст. Дар рӯзҳои падарат вай соҳиби дониш, фаҳм ва хиради худоён буд.+ Падарат Набукаднесар ӯро сардори коҳинони ҷодугар, афсунгарон, калдониён* ва толеъбинон таъйин карда буд.+ Инро, эй подшоҳ, худи падарат карда буд. 12 Дониёл, ки подшоҳ ӯро Балтшасар номида буд,+ соҳиби ақлу заковати олидараҷа* ва донишу фаҳм буда, метавонад хобҳоро таъбир кунад ва муаммову масъалаҳои печдарпечро ҳал кунад.+ Бигзор Дониёлро даъват кунанд ва ӯ ба ту маънои навиштаҷотро бигӯяд».
-