-
Марқус 6:45–52Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
45 Сипас Исо дарҳол ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши ӯ ба тарафи Байт-Сайдо шино кунанд, худаш бошад, барои ҷавоб додани мардум дар он ҷо монд.+ 46 Баъд аз он ки вай бо онҳо хайрухуш кард, барои дуогӯйӣ ба кӯҳ баромад.+ 47 Шомгоҳон, вақте қаиқ ба миёнаи баҳр расида буд, Исо дар болои кӯҳ танҳо буд.+ 48 Қарибиҳои саҳар* ӯ дид, ки шогирдонаш бо азоб қаиқ меронанд, зеро шамол муқобили онҳо мевазид. Он гоҳ Исо рӯ-рӯйи об роҳ гашта, сӯйи онҳо омад, лекин ба назар чунин метофт, ки ӯ аз пеши шогирдонаш гузашта рафтанӣ аст. 49 Вақте онҳо диданд, ки Исо дар рӯйи баҳр қадам зада меояд, чунин фикр карданд: «Ин хоб аст ё бедорӣ?», ва бо овози баланд дод заданд, 50 зеро ҳамаи онҳо ӯро дида ба изтироб омаданд. Лекин ӯ дарҳол ба онҳо гуфт: «Ором бошед! Натарсед! Ин манам».+ 51 Сипас ӯ ба қаиқ нишаст ва шамол ором шуд. Инро дида шогирдон сахт ҳайрон шуданд, 52 зеро то ҳол ба маънои муъҷизае, ки ӯ бо нон кард, сарфаҳм нарафта буданд ва дилҳояшон то ҳол барои фаҳмидан маҳкам буд.
-
-
Юҳанно 6:16–21Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
16 Шомгоҳон шогирдон ба лаби баҳр омаданд+ 17 ва ба қаиқ нишаста, ба соҳили дигар, сӯйи Кафарнаҳум, равона шуданд. Ҳаво аллакай торик шуда буд, вале Исо то ҳол ба наздашон наомада буд.+ 18 Дар ин миён шамоли сахт вазида, баҳрро ба талотум овард.+ 19 Вале, вақте онҳо қаиқро панҷ-шаш километр* пеш ронданд, диданд, ки Исо рӯ-рӯйи об қадам зада, наздашон меояд, ва аз ин ба ҳарос афтоданд. 20 Аммо ӯ ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин манам».+ 21 Он гоҳ онҳо хурсанд шуда, ӯро ба қаиқ савор карданд ва пас аз андаке қаиқ ба соҳиле, ки онҳо ба тарафаш равона буданд, расид.+
-