10 Баъд аз ин ӯ ба онҳо гуфт: «Он вақт як халқ бо халқи дигаре+ ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад,+11 заминҷунбиҳои сахт ба амал меоянд ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагиву вабоҳо сар мезананд,+ ҳамчунин ҳодисаҳои пурдаҳшат рӯй дода, аз осмон аломатҳои бузург намудор мешаванд.
6 Сипас аз миёни он чор ҷонзод чизеро ба монанди овозе шунидам, ки мегуфт: «Як андоза* гандум ба як динор*+ ва се андоза ҷав ба як динор; захираҳои равғани зайтун ва шаробро эҳтиёт кун».+