-
Марқус 11:7–10Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
7 Шогирдон курраро+ ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои он партофтанд ва ӯ ба он савор шуд.+ 8 Ҳамчунин бисёриҳо ҷомаҳои худро дар сари роҳи Исо пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, шохаҳоро бурида, ба замин мепартофтанд.+ 9 Онҳое, ки пешопеш ва аз қафо мерафтанд, фарёд зада мегуфтанд: «Худоё, илтиҷо мекунем, ӯро дар паноҳат нигаҳ дор!+ Барака ёбад касе, ки ба номи Яҳува меояд!+ 10 Худо Подшоҳии падарамон Довудро, ки наздик омадааст, баракат диҳад!+ Эй Худо, ки дар осмонӣ, илтиҷо мекунем, ӯро дар паноҳат нигаҳ дор!»
-