-
Матто 14:19–21Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
19 Сипас ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯйи сабза нишинанд, ва худ панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигоҳ кард ва дуо гуфт.+ Баъд нонҳоро шикаста, ба шогирдонаш дод ва онҳо ба мардум тақсим карданд. 20 Ҳама хӯрда сер шуданд ва аз нонпораҳои боқимонда 12 сабадро пур карданд.+ 21 Шумораи хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, қариб 5000 нафар буд.+
-
-
Марқус 6:39–44Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
39 Он гоҳ ӯ ба мардум фармуд, ки даста-даста шуда дар рӯйи сабза нишинанд*.+ 40 Онҳо 100-нафарӣ ва 50-нафарӣ тақсим шуда, дар рӯйи замин нишастанд. 41 Исо панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигоҳ карду дуо гуфт.+ Баъди ин ӯ нонҳоро шикаста, ба шогирдонаш дод, то ба одамон тақсим кунанд, ва ду моҳиро ҳам ба ҳама тақсим кард. 42 Ҳама хӯрда сер шуданд 43 ва аз нонпораҳо, ғайр аз моҳӣ, 12 сабадро пур карданд.+ 44 Онҳое, ки нон хӯрда буданд, 5000 мард буданд.
-
-
Луқо 9:14–17Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
14 Дар он ҷо бошад, тақрибан 5000 мард буд. Исо ба шогирдонаш гуфт: «Онҳоро 50-нафарӣ шинонед». 15 Онҳо гуфтаи Исоро ба ҷо оварда, ҳамаро шинонданд. 16 Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигоҳ кард ва дуо гуфт. Баъди ин ӯ нонҳоро шикаст ва ба шогирдонаш дод, то нону моҳиро дар пеши мардум гузоранд. 17 Ҳама хӯрда сер шуданд ва аз нонпораҳои боқимонда 12 сабадро пур карданд.+
-