-
Матто 18:15–17Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Беш аз ин, агар бародарат бар зидди ту гуноҳ кунад, рафта, рӯ ба рӯ, дар танҳоӣ ба вай хатояшро фаҳмон.+ Агар ӯ ба ту гӯш диҳад, пас, бародаратро ба роҳи рост баргардондӣ.+ 16 Лекин, агар гӯш надиҳад, як ё ду нафарро ҳамроҳи худ бар, то бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳар масъала ҳал шавад.+ 17 Агар ба онҳо ҳам гӯш надиҳад, ба ҷамоат гап зан. Агар ҳатто ба ҷамоат гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту мисли одами ин ҷаҳон*+ ва ҷамъовари андоз бошад.+
-