Матто
18 Дар он соат шогирдон назди Исо омада, пурсиданд: «Дар Подшоҳии осмон кӣ аз ҳама бузург аст?»+ 2 Исо кӯдакеро назди худ хонда, ӯро дар байни онҳо гузошт 3 ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: то даме ки фикррониятонро дигар карда, мисли кӯдакон нашавед,+ ба Подшоҳии осмон намедароед.+ 4 Пас, ҳар кӣ мисли ин кӯдак хоксор шавад, дар Подшоҳии осмон аз ҳама бузург аст.+ 5 Ҳамчунин ҳар кӣ яке аз чунин кӯдаконро ба хотири номи ман қабул кунад, маро қабул мекунад. 6 Аммо ҳар кӣ яке аз ин хурдонро, ки ба ман имон доранд, пешпо диҳад, барояш беҳтар аст, ки санги калони осиёро* ба гарданаш баста, ӯро ба баҳр партоянд.+
7 Вой бар ҳоли ин ҷаҳон, ки одамонро ба гуноҳ тела медиҳад*! Онҳое, ки дигаронро ба гуноҳ тела медиҳанд, ҳатман ба миён меоянд, аммо вой бар ҳоли чунин шахсон! 8 Пас, агар даст ё поят туро ба гуноҳ тела диҳад*, онро бурида парто,+ зеро барои ту беҳтар аст, ки аз даст ё поят маҳрум шуда, соҳиби ҳаёт гардӣ, назар ба он ки бо ду даст ё бо ду пой ба оташи абадӣ партофта шавӣ.+ 9 Ҳамчунин, агар чашмат туро ба гуноҳ тела диҳад*, онро канда парто, зеро барои ту беҳтар аст, ки бо як чашм соҳиби ҳаёт гардӣ, назар ба он ки бо ду чашмат ба оташи водии Ҳиннӯм* партофта шавӣ.+ 10 Эҳтиёт шавед, ки ягонтои ин хурдонро хор надоред, зеро ба шумо мегӯям: фариштаҳои онҳо ҳамеша рӯйи Падари маро, ки дар осмон аст, мебинанд.+ 11 *——
12 Шумо чӣ фикр доред: агар касе 100 гӯсфанд дошта бошаду яке аз онҳо гум шавад,+ магар 99 гӯсфандашро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯйи гӯсфанди гумшудааш намеравад?+ 13 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки, агар гӯсфандашро ёбад, барои он назар ба 99 гӯсфанде, ки гум нашуда буданд, бештар шодӣ мекунад. 14 Ба ин монанд, Падари осмонии ман* низ намехоҳад, ки ҳатто яке аз ин хурдон нобуд шавад.+
15 Беш аз ин, агар бародарат бар зидди ту гуноҳ кунад, рафта, рӯ ба рӯ, дар танҳоӣ ба вай хатояшро фаҳмон.+ Агар ӯ ба ту гӯш диҳад, пас, бародаратро ба роҳи рост баргардондӣ.+ 16 Лекин, агар гӯш надиҳад, як ё ду нафарро ҳамроҳи худ бар, то бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳар масъала ҳал шавад.+ 17 Агар ба онҳо ҳам гӯш надиҳад, ба ҷамоат гап зан. Агар ҳатто ба ҷамоат гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту мисли одами ин ҷаҳон*+ ва ҷамъовари андоз бошад.+
18 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар чизе, ки шумо дар замин мебандед, аллакай дар осмон баста шудааст ва ҳар чизе, ки шумо дар замин мекушоед, аллакай дар осмон кушода шудааст. 19 Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ду нафари шумо дар замин маслиҳат карда, дар бораи ягон чизи муҳим дуо гӯед, Падари ман, ки дар осмон аст, онро ба ҷо меорад,+ 20 зеро, ҳар ҷое ки ду ё се нафар ба номи ман ҷамъ шаванд,+ ман бо онҳо мешавам».
21 Баъди ин Петрус назди ӯ омада, пурсид: «Эй Ҳазрат, агар бародарам бар зидди ман гуноҳ кардан гирад, чанд бор ӯро бахшам? То ҳафт бор?» 22 Исо ба ӯ гуфт: «Ба ту мегӯям, ки на ҳафт бор, балки то 77 бор.+
23 Подшоҳии осмон ба подшоҳе монанд аст, ки мехост аз ғуломони худ қарзҳои додаашро баргардонад. 24 Вақте ки ӯ ҷамъ кардани қарзҳояшро сар кард, ба наздаш мардеро оварданд, ки 10 000 талант* қарздор буд. 25 Лекин, азбаски ба баргардонидани қарз зӯраш намерасид, хӯҷаинаш фармон дод, ки ӯро бо зану фарзандон ва тамоми чизу чорааш фурӯшанд ва қарзашро баргардонанд.+ 26 Он гоҳ ғулом худро пеши пойи подшоҳ партофт ва зорию тавалло карда гуфт: “Ба ман камтар вақт деҳ, ман ҳамаашро ба ту бармегардонам”. 27 Дили подшоҳ ба ӯ сӯхт ва вай қарзи ғуломашро бахшиду ӯро ҷавоб дод.+ 28 Аммо он ғулом аз пеши хӯҷаинаш баромада, ғуломи дигареро, ки аз вай 100 динор* қарздор буд, ёфт ва ӯро аз гулӯяш дошта буғӣ кардан гирифту гуфт: “Тамоми қарзеро, ки аз ман гирифта будӣ, баргардон”. 29 Он гоҳ ғуломи қарздор пеши пойи ӯ афтода илтиҷо кард: “Камтар вақт деҳ, ман қарзамро бармегардонам”. 30 Аммо ӯ гӯш кардан ҳам нахост ва он ғуломро ба зиндон партофт ва ӯ, то даме ки қарзашро адо накунад, бояд дар он ҷо мемонд. 31 Вақте ки ғуломони дигар инро диданд, сахт ғамгин шуданд ва рафта, ҳамаашро ба хӯҷаинашон нақл карданд. 32 Инро шунида подшоҳ он ғуломро назди худ хонду гуфт: “Эй ғуломи бадкор, вақте ки ту аз ман зориву илтиҷо кардӣ, ман тамоми қарзатро бахшидам. 33 Пас, магар ту низ набояд ба рафиқат раҳм мекардӣ, чи тавре ки ман ба ту кардам?”+ 34 Подшоҳ ба хашм омада ғуломро ба зиндонбонон супурд, то ки вайро то пурра адо кардани қарзаш дар зиндон нигоҳ доранд. 35 Агар шумо ҳам бародари худро аз таҳти дил набахшед,+ Падари осмонии ман бо шумо чунин мекунад».+