2 Воқеанома 19:2 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 2 Еҳуи+ писари Ҳанонии+ пешбин ба пешвози шоҳ Еҳушофот баромада, ба ӯ гуфт: «Наход ту ба бадкор ёрӣ диҳӣ+ ва бадбинони Яҳуваро дӯст дорӣ?+ Барои ин корат Яҳува аз ту хашмгин шудааст. Юҳанно 15:19 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 19 Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо дӯст медошт. Лекин, азбаски шумо аз ҷаҳон нестед,+ балки ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб кардаам, ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад.+ Юҳанно 17:14 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 14 Ман каломи туро ба онҳо расондам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, зеро онҳо аз ин ҷаҳон нестанд,+ чунон ки ман низ аз ин ҷаҳон нестам. Юҳанно 18:36 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 36 Исо ҷавоб дод:+ «Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест.+ Агар подшоҳии ман аз ин ҷаҳон мебуд, пайравони ман мубориза мебурданд, ки ба дасти яҳудиён супурда нашавам.+ Аммо подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест». 1 Юҳанно 2:15 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 15 Ба ҷаҳон ва он чизе, ки дар он аст, дил набандед.+ Касе, ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббат ба Падар нест,+ 1 Юҳанно 5:19 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 19 Мо медонем, ки аз Худо ҳастем, лекин тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис* аст.+
2 Еҳуи+ писари Ҳанонии+ пешбин ба пешвози шоҳ Еҳушофот баромада, ба ӯ гуфт: «Наход ту ба бадкор ёрӣ диҳӣ+ ва бадбинони Яҳуваро дӯст дорӣ?+ Барои ин корат Яҳува аз ту хашмгин шудааст.
19 Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо дӯст медошт. Лекин, азбаски шумо аз ҷаҳон нестед,+ балки ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб кардаам, ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад.+
14 Ман каломи туро ба онҳо расондам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, зеро онҳо аз ин ҷаҳон нестанд,+ чунон ки ман низ аз ин ҷаҳон нестам.
36 Исо ҷавоб дод:+ «Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест.+ Агар подшоҳии ман аз ин ҷаҳон мебуд, пайравони ман мубориза мебурданд, ки ба дасти яҳудиён супурда нашавам.+ Аммо подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест».
15 Ба ҷаҳон ва он чизе, ки дар он аст, дил набандед.+ Касе, ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббат ба Падар нест,+