Наҳемё
2 Дар соли 20-уми+ подшоҳ Ардашер,+ дар моҳи найсон*, ба шоҳ шароб оварданд ва ман чун ҳарвақта шаробро гирифта, ба ӯ додам.+ Ин бори аввал буд, ки ман дар назди ӯ ғамгин будам. 2 Подшоҳ ба ман гуфт: «Чаро ту ғамгинӣ, дар ҳоле ки бемор нестӣ? Аз афташ, дар дилат дарде дорӣ». Ин суханонро шунида ман сахт тарсидам.
3 Он гоҳ ман ба подшоҳ гуфтам: «То абад зинда бош, эй шоҳ! Чаро ғамгин набошам? Охир, шаҳре, ки дар он бобоёнам ба хок супурда шудаанд, харобазор шудааст ва дарвозаҳояш сӯхта хокистар гаштаанд».+ 4 Подшоҳ ба ман гуфт: «Пас, чӣ хоҳише дорӣ?» Ман дарҳол ба Худои осмон дуо гуфтам.+ 5 Сипас ман ба шоҳ гуфтам: «Агар шоҳам маъқул донад ва бандаат дар назари ту писанд бошад, маро ба Яҳудо, ба шаҳре, ки қабри бобоёнам дар он аст, бифирист, то ки онро барқарор кунам».+ 6 Он гоҳ подшоҳ, ки ҳамроҳи малика нишаста буд, ба ман гуфт: «Сафари ту чӣ қадар давом хоҳад кард ва ту кай баргаштаниӣ?» Подшоҳ розӣ буд, ки маро бифиристад,+ ва ман ба ӯ гуфтам, ки кай бармегардам.+
7 Баъд ман ба подшоҳ гуфтам: «Агар шоҳ маъқул донад, бигзор ба номи ҳокимони он тарафи дарёи бузург*+ ба ман номаҳо бидиҳанд, то ки аз замини онҳо гузашта, ба Яҳудо расида тавонам, 8 ва ҳамчунин номае барои Осаф, нозири ҷангалзори подшоҳ, бидиҳанд, то ки ӯ барои дарвозаҳои Қалъаи+ ибодатгоҳ, деворҳои шаҳр+ ва хонае, ки ман дар он зист хоҳам кард, ба ман чӯбу тахта диҳад». Аз ин рӯ подшоҳ ба ман номаҳо дод,+ зеро дасти некуи Худоям бо ман буд.+
9 Оқибат ман ба назди ҳокимони он тарафи дарёи бузург омадам ва номаҳои подшоҳро ба дасти онҳо супурдам. Ҳамчунин подшоҳ сардорони лашкар ва аспсаворонро ҳамроҳам фиристод. 10 Вақте ки Санбалати+ ҳорӯнӣ ва Тубиёи+ сардори аммӯнӣ+ дар ин бора шуниданд, ба онҳо сахт маъқул нашуд, ки касе омада, ба халқи Исроил кори неке карданӣ аст.
11 Ниҳоят ман ба Ерусалим расидам ва се рӯз дар он ҷо мондам. 12 Ман ва якчанд марде, ки ҳамроҳам буданд, шабона бархестем ва ман ба ҳеҷ кас нагуфтам, ки Худоям нисбати Ерусалим чӣ нияте дар дилам андохтааст, ва мо ғайр аз чорпое, ки савораш будам, ҳайвони дигаре надоштем. 13 Ман шабона аз дарвозаи Водӣ+ баромадам ва аз пеши чашмаи Мори Калон гузашта, ба назди дарвозаи Хокистартӯдаҳо+ расидам ва деворҳои валангори Ерусалим ва дарвозаҳои сӯхтаи онро аз назар гузарондам.+ 14 Сипас ман гузашта, сӯйи дарвозаи Чашма+ ва ҳавзи Подшоҳ равона шудам ва аз сабаби тангии ҷой аз он ҷо савора гузашта натавонистам. 15 Ман деворро аз назар гузаронда, шабонгаҳ роҳамро дар он водӣ+ давом додам ва баъд бозгашта, бо дарвозаи Водӣ даромадам ва сипас баргаштам.
16 Сардорон+ пай набурданд, ки ман куҷо рафтам ва чӣ кор кардам, зеро ҳоло ба яҳудиён, коҳинон*, калоншавандагон, сардорон ва дигар коргарон чизе нагуфта будам. 17 Ниҳоят ман ба онҳо гуфтам: «Шумо дида истодаед, ки то чӣ андоза аҳволамон бад аст, Ерусалим валангор аст ва дарвозаҳояш сӯхтаанд. Биёед деворҳои Ерусалимро аз нав созему аз ин хорию зорӣ халос шавем». 18 Сипас ман ба онҳо гуфтам, ки чӣ гуна дасти некуи Худо бо ман буд+ ва подшоҳ ба ман чӣ гуфта буд.+ Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Биёед бархезем ва бино кунем», ва ба ин кори нек камар бастанд*.+
19 Вақте ки Санбалати ҳорӯнӣ, Тубиёи+ сардори аммӯнӣ+ ва Ҷашами араб+ аз ин хабар ёфтанд, моро масхара карданд+ ва паст зада гуфтанд: «Ин чӣ корест, ки карда истодаед? Магар бар зидди подшоҳ исён мебардоред?»+ 20 Ман бошам, ҷавоб додам: «Худои осмон ба мо кушоиши кор медиҳад+ ва мо, бандагони ӯ, бархеста, бино мекунем, вале шумо дар Ерусалим ҳиссае, ҳаққе ва ёдгорие надоред».+