Забур
Таронаи писарони Қӯраҳ.+
87 Бунёди шаҳри Худо бар кӯҳҳои муқаддас аст.+
2 Яҳува дарвозаҳои Сионро дӯст медорад,+
Онҳо барояш аз ҳама хаймаҳои Яъқуб азизтаранд.
3 Дар васфи ту суханони пурҷалол гуфта мешавад, эй шаҳри Худои Ҳақ.+ (Село)
4 Роҳоб*+ ва Бобилро дар қатори онҳое, ки маро медонанд, ҳисоб хоҳам кард,
Дар бораи Фалиштӣ, Сӯр ва Куш* чунин гуфта хоҳад шуд:
«Ӯ дар он ҷо таваллуд шудааст».
5 Дар бораи Сион гуфта хоҳад шуд:
«Ҳама яксар дар он таваллуд ёфтанд».
Худои Таоло Сионро побарҷо хоҳад намуд.
6 Вақти халқҳоро қайд кардан Яҳува эълон хоҳад намуд:
«Ӯ дар он ҷо таваллуд шудааст». (Село)
7 Сарояндагон+ ва раққосон+ ба Сион хоҳанд гуфт:
«Ту бароямон чашмаҳои баракат ҳастӣ».+