МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 5
Мо бо шумо меравем
«Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост» (ЗАК. 8:23).
СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем
ПЕШГУФТОРa
1. Яҳува дар бораи рӯзҳои мо чиро пешгӯйӣ карда буд?
ЯҲУВА оиди рӯзҳои мо чунин пешгӯйӣ карда буд: «Даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо домани марди яҳудиро гирифта ва онро сахт дошта, хоҳанд гуфт: “Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост”» (Зак. 8:23). Ин ҷо «марди яҳудӣ» онҳоеро тасвир мекунад, ки Худо бо рӯҳи муқаддас тадҳин кардааст. Онҳо инчунин «Исроили Худо» номида шудаанд (Ғал. 6:16). «Даҳ нафар» бошад, шахсонеро тасвир мекунад, ки умед доранд дар замин абадӣ зиндагӣ кунанд. Онҳо медонанд, ки тадҳиншудагонро Яҳува интихоб кардааст ва ҳамроҳи онҳо ба Ӯ ибодат карданро шараф меҳисобанд.
2. «Даҳ нафар» ба кадом маъно бо тадҳиншудагон мераванд?
2 Имрӯз номи ҳар як тадҳиншудаеро, ки дар замин аст, донистан имконнопазир мебошадb. Пас, чӣ тавр касоне, ки умеди заминӣ доранд, бо онҳо «рафта» метавонанд? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «даҳ нафар» домани марди яҳудиро маҳкам дошта мегӯянд: «Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост». Дар ин оят дар бораи як марди яҳудӣ гуфта шуда бошад ҳам, ҷонишини «шумо» ва ибораи «бо шумост» ба он ишора мекунад, ки ин ҷо як шахс неву гурӯҳи одамон дар назар дошта шудааст. Яъне ин марди яҳудӣ ҳамаи тадҳиншудагонро тасвир мекунад. Ҳамин тавр онҳое, ки тадҳиншуда нестанд, якҷоя бо тадҳиншудагон ба Яҳува хизмат мекунанд. Вале онҳо ба тадҳиншудагон чун ба пешвоёни худ наменигаранд, зеро дарк мекунанд, ки Пешвои онҳо Исо аст (Мат. 23:10).
3. Дар ин мақола кадом саволҳо муҳокима мешаванд?
3 Азбаски дар байни халқи Худо то ҳол тадҳиншудагон ҳастанд, саволҳои зерин пайдо мешаванд: 1) Тадҳиншудагон ба худ бояд чӣ гуна назар дошта бошанд? 2) Ба онҳое, ки дар Шоми ёдбуд аз рамзҳо қабул мекунанд, мо бояд чӣ хел муносибат кунем? 3) Агар шумораи қабулкунандагони рамзҳо зиёд гарданд, оё мо аз ин бояд ба ташвиш оем? Чунин саволҳо дар ин мақола муҳокима мешаванд.
ТАДҲИНШУДАГОН БА ХУД БОЯД ЧӢ ГУНА НАЗАР ДОШТА БОШАНД?
4. Дар 1 Қӯринтиён 11:27–29 барои тадҳиншудагон чӣ гуна огоҳӣ дода шудааст ва барои чӣ?
4 Шахсони тадҳиншуда бояд оиди суханоне, ки дар 1 Қӯринтиён 11:27–29 чун огоҳӣ омадааст, ҷиддӣ фикр кунанд. (Оятҳоро хонед.) Чӣ тавр тадҳиншудагон барои қабул кардани рамзҳои Шоми ёдбуд, носазовор буда метавонанд?— Агар онҳо аз нон ва шароби Шоми ёдбуд чашанду лекин мувофиқи меъёрҳои одилонаи Яҳува зиндагӣ накунанд (Ибр. 6:4–6; 10:26–29). Тадҳиншудагон дарк мекунанд, ки агар «мукофотеро, ки Худо ба воситаи Исои Масеҳ медиҳад, ба даст» овардан хоҳанд, бояд ба Яҳува содиқ монанд (Флп. 3:13–16).
5. Масеҳиёни тадҳиншуда бояд ба худ чӣ гуна назар дошта бошанд?
5 Рӯҳи муқаддаси Яҳува ба хизматгоронаш кӯмак мекунад, то фурӯтан бошанд, на мағрур (Эфс. 4:1–3; Қӯл. 3:10, 12). Барои ҳамин тадҳиншудагон худро аз дигарон беҳтар намеҳисобанд. Онҳо медонанд, ки тадҳиншуда будан маънои онро надорад, ки Худо ба онҳо гӯё аз дигарон дида бисёртар рӯҳи муқаддас медиҳад. Онҳо фикр намекунанд, ки Китоби Муқаддасро аз дигар бародару хоҳар дида нағзтар мефаҳманд. Ва ҳеҷ гоҳ ба каси дигар намегӯянд, ки ӯ ҳам тадҳиншуда аст ва бояд аз рамзҳои Шоми ёдбуд қабул кунад. Баръакс, онҳо фурӯтанона дарк мекунанд, ки танҳо Яҳува одамонро ба ҳаёти осмонӣ даъват мекунад.
6. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 4:7, 8 масеҳиёни тадҳиншуда бояд чӣ гуна рафтор кунанд?
6 Ҳарчанд тадҳиншудагон даъвати осмониро шараф меҳисобанд, онҳо аз дигарон муносибати махсусро интизор намешаванд (Флп. 2:2, 3). Онҳо ҳамчунин медонанд, ки вақте Яҳува онҳоро тадҳин кард, Ӯ дигаронро низ аз ин бохабар насохт. Аз ин рӯ агар ягон кас ба тадҳиншуда будани масеҳӣ дарҳол бовар накунад, ӯ набояд аз ин ҳайрон шавад. Чунки дар худи Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки агар шахсе гӯяд, ки Худо ба вай таъйиноти махсус додааст, ба ин набояд зуд бовар кунем (Ваҳй 2:2). Шахси тадҳиншуда диққати дигаронро ба худ ҷалб кардан намехоҳад, барои ҳамин ӯ ҳангоми бо касе шинос шуданаш дар бораи тадҳиншуда будани худ гап намезанад. Ва, албатта, ӯ дар назди дигарон аз тадҳиншуда буданаш фахр намекунад. (1 Қӯринтиён 4:7, 8-ро хонед.)
7. Тадҳиншудагон аз кадом рафтор худро дур мегиранд ва чаро?
7 Масеҳиёни тадҳиншуда набояд фикр кунанд, ки танҳо бо тадҳиншудагони дигар муошират карданашон лозим аст ва гӯё онҳо гурӯҳи махсусе ҳастанд. Онҳо дигар тадҳиншудагонро ёфта бо онҳо дар бораи тадҳиншуда буданашон сӯҳбат намекунанд ё барои омӯзиши Китоби Муқаддас гурӯҳҳои алоҳида ташкил намедиҳанд (Ғал. 1:15–17). Агар тадҳиншудагон чунин корҳоро мекарданд, дар ҷамъомад ягонагӣ гум мешуд. Ва ин гуна рафтор бар зидди рӯҳи муқаддас мебуд, ки он ба халқи Худо барои нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ кӯмак мекунад (Рум. 16:17, 18).
БА ОНҲОЕ, КИ ДАР ШОМИ ЁДБУД АЗ РАМЗҲО ҚАБУЛ МЕКУНАНД, МО БОЯД ЧӢ ХЕЛ МУНОСИБАТ КУНЕМ?
8. Бо шахсоне, ки аз рамзҳои Шоми ёдбуд қабул мекунанд, мо бояд чӣ гуна муносибат кунем? (Ба эзоҳ нигаред.)
8 Мо ба бародару хоҳарони тадҳиншуда чӣ тавр бояд муносибат кунем? Ҳатто агар шахс бародари тадҳиншудаи Масеҳ бошад ҳам, ӯро болобардор кардан нодуруст мебуд (Мат. 23:8–12). Вақте гап дар бораи пирон меравад, Китоби Муқаддас моро даъват мекунад, ки «ба имони онҳо пайравӣ» кунем, вале он намегӯяд, ки мо ҳар одамро пешвои худ созем (Ибр. 13:7). Чи хеле Китоби Муқаддас мегӯяд, баъзеҳо дар ҳақиқат «сазовори эҳтироми дучанд» мебошанд, вале на аз сабаби тадҳиншуда буданашон, балки барои он ки онҳо «нағз назорат мекунанд» ва «дар сухангӯйӣ ва таълим бисёр меҳнат мекунанд» (1 Тим. 5:17). Агар мо тадҳиншудагонро аз ҳад зиёд ситоиш ва болобардор кунем, онҳо метавонанд худро нороҳат ҳис кунандc. Ё бадтараш ин ки мо ба мағрур гаштани онҳо сабаб шуда метавонем (Рум. 12:3). Ҳеҷ кадоми мо намехостем, ки бо ягон рафторамон бародарони тадҳиншудаи Масеҳро ба чунин гуноҳ тела диҳем (Луқ. 17:2).
9. Чӣ тавр мо ба тадҳиншудагон эҳтиром нишон дода метавонем?
9 Чӣ тавр мо нисбати касоне, ки Яҳува тадҳин кардааст, эҳтиром нишон дода метавонем? Мо набояд аз онҳо пурсем, ки чӣ тавр тадҳиншуда буданашонро фаҳмиданд. Ин масъалаи шахсӣ аст, ки мо ба донистани он ҳақ надорем (1 Тас. 4:11; 2 Тас. 3:11). Ва мо набояд гумон кунем, ки ҳамсари онҳо, волидон ва ё дигар аъзои оилаашон низ тадҳиншуда ҳастанд. Шахс умеди осмониро аз оилааш мерос намегирад, балки ин атои Худост (1 Тас. 2:12). Мо ҳамчунин бояд саволҳое надиҳем, ки дигаронро рӯҳафтода карда метавонанд. Масалан, мо аз зани бародари тадҳиншуда намепурсем, ки чӣ тавр ӯ ҳаёти ҷовидонаро дар замин бе шавҳараш тасаввур мекунад. Зеро мо сад фоиз дилпурем, ки Яҳува дар биҳишт «ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер» мекунад (Заб. 144:16).
10. Чаро дигаронро болобардор накардан бар манфиати худи мост?
10 Ба тадҳиншудагон набояд чун ба шахсони махсус муносибат кунем. Ин ҳамчунин худи моро муҳофизат мекунад. Чӣ тавр? Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки баъзе шахсони тадҳиншуда шояд то охир содиқ намонанд (Мат. 25:10–12; 2 Пет. 2:20, 21). Барои ҳамин, ҳатто агар шахс тадҳиншуда ё масеҳии шинохта бошад ҳам, мо ӯро аз дигарон муҳим ҳисобида ҳеҷ гоҳ ӯро пешвои худ намесозем (Яҳд. 16). Чунки агар раваду ӯ содиқиашро гум карда ҷамъомадро тарк кунад, он гоҳ мо дар имон устувор монда ба Яҳува хизмат карданро бас намекунем.
ОЁ МО АЗ ЗИЁД ШУДАНИ ШУМОРАИ ШАХСОНЕ, КИ АЗ РАМЗҲО ҚАБУЛ МЕКУНАНД, БОЯД БА ТАШВИШ ОЕМ?
11. Дар бораи шумораи шахсоне, ки аз рамзҳо қабул мекунанд, чӣ гуфтан мумкин аст?
11 Солҳои пеш шумораи шахсоне, ки аз рамзҳо қабул мекарданд, торафт кам мешуд. Вале чанд соли охир мебинем, ки шумораи онҳо зиёд шуда истодааст. Оё мо аз ин бояд ба ташвиш оем? Не. Биёед, баъзе сабабҳоро дида бароем.
12. Чаро мо набояд аз зиёдшавии шумораи касоне, ки рамзҳоро қабул мекунанд, хавотир шавем?
12 «Яҳува касонеро, ки аз они Ӯ ҳастанд, мешиносад» (2 Тим. 2:19). Баръакси Яҳува он бародароне, ки дар Шоми ёдбуд касони аз рамзҳо қабулкардаро мешуморанд, намедонанд, ки киҳо дар ҳақиқат тадҳиншудаанд. Чунки ин шумора касонеро низ дар бар мегирад, ки худро тадҳиншуда меҳисобанду дар асл нестанд. Масалан, баъзе шахсоне, ки аз рамзҳо қабул мекарданд, баъдтар боварӣ ҳосил намуданд, ки тадҳиншуда нестанд ва қабули рамзҳоро бас карданд. Баъзеҳо шояд аз сабаби касалии рӯҳӣ ё эмотсионалӣ боварӣ доранд, ки дар оянда ҳамроҳи Масеҳ аз осмон ҳукмронӣ мекунанд. Хулоса, мо аниқ намедонем, ки ҳоло дар замин чанд нафар масеҳиёни тадҳиншуда боқӣ мондаанд.
13. Оё дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ҳангоми сар шудани мусибати бузург чанд нафар тадҳиншудагон дар замин хоҳанд буд?
13 Вақте Исо омада тадҳиншудагонро ба осмон мебарад, дар он вақт онҳоро аз саросари замин ҷамъ меорад (Мат. 24:31). Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дар рӯзҳои охир шумораи хурди тадҳиншудагон дар замин боқӣ мемонад (Ваҳй 12:17). Вале он намегӯяд, ки ҳангоми сар шудани мусибати бузург чанд нафар тадҳиншуда дар замин хоҳад буд.
14. Аз Румиён 9:11, 16 мо дар бораи интихоб шудани тадҳиншудагон чиро бояд фаҳмем?
14 Яҳува медонад, ки кай тадҳиншудагонро интихоб кунад (Рум. 8:28–30). Яҳува баъд аз эҳё шудани Исо, интихоб кардани тадҳиншудагонро сар кард. Аз афташ дар асри як ҳама масеҳиёни ҳақиқӣ тадҳиншуда буданд. Дар асрҳои минбаъда бошад, аксарияти онҳое, ки худро масеҳӣ меномиданд, дар асл мувофиқи гуфтаҳои Исо зиндагӣ намекарданд. Вале ба ҳар ҳол дар давоми он солҳо Яҳува баъзе касонеро, ки масеҳии ҳақиқӣ буданд, тадҳин мекард. Онҳо мисли гандуме буданд, ки аз рӯйи гуфти Исо дар байни алафи бегона месабзиданд (Мат. 13:24–30). Дар давоми охирзамон Яҳува интихоб кардани шахсонеро, ки ба 144 000 нафар дохил мешаванд, давом медиҳадd. Пас, агар Худо баъзе тадҳиншудагонро андаке пеш аз анҷоми ин тартибот интихоб карданӣ бошад, албатта, мо набояд ба хиради Ӯ шубҳа кунем. (Румиён 9:11, 16-ро хонед.)e Мо бояд эҳтиёт шавем, то ба мардикороне, ки дар як масали Исо тасвир шудаанд, монанд набошем. Онҳо аз хӯҷаинашон шикоят карданд, ки ӯ ба коргароне, ки дар охири рӯз ба кор шурӯъ карданд, мисли дигарон музд дод (Мат. 20:8–15).
15. Оё ҳамаи тадҳиншудагон ба «ғуломи бовариноку боандеша», ки дар борааш дар Матто 24:45–47 гуфта шудааст, дохил мешаванд? Фаҳмонед.
15 На ҳамаи онҳое, ки умеди осмонӣ доранд, ба «ғуломи бовариноку боандеша» дохил мешаванд. (Матто 24:45–47-ро хонед.) Ба монанди асри як, Яҳува ва Исо имрӯз низ ба воситаи одамони кам бисёриҳоро ғизои рӯҳонӣ дода таълим медиҳанд. Дар асри як танҳо баъзе бародарони тадҳиншуда барои навиштани Навиштаҳои юнонӣ интихоб шуда буданд. Имрӯз низ танҳо баъзе бародарони тадҳиншуда масъулият доранд, ки ба халқи Худо «сари вақт хӯрок» диҳанд.
16. Мо аз ин мақола чӣ омӯхтем?
16 Инак, мо аз ин мақола чӣ омӯхтем? Яҳува қарор додааст, ки ба аксарияти хизматгоронаш дар замин ҳаёти ҷовидона ато кунад ва танҳо баъзе масеҳиён ҳамроҳи Исо аз осмон ҳукмронӣ кунанд. Яҳува ҳамаи хизматгоронашро — ҳам «марди яҳудӣ» ва ҳам «даҳ нафар»-ро мукофот медиҳад ва аз онҳо талаб мекунад, ки ба ҳамон як қонунҳо итоат кунанд ва содиқ монанд. Инчунин мо аз ин мақола фаҳмидем, ки ҳамаамон бояд фурӯтан монем, якҷоя хизмат кунем ва саъю кӯшиш намоем, ки дар ҷамъомад сулҳу ягонагиро нигоҳ дорем. Азбаски охири ин тартибот наздик шуда истодааст, биёед чун «як рама» ба Яҳува хизмат карданро давом диҳем ва ба Исо пайравӣ кунем (Юҳ. 10:16).
a Имсол Шоми ёдбуди марги Масеҳ санаи 7-уми апрел, рӯзи сешанбе қайд карда мешавад. Ба онҳое, ки дар он шом аз рамзҳо қабул мекунанд, мо бояд чӣ тавр муносибат кунем? Оё мо аз зиёд шудани шумораи шахсоне, ки аз рамзҳо қабул мекунанд, бояд ба ташвиш оем? Ба ин саволҳо мо дар ин мақола ҷавоб меёбем. Он бар мақолае, ки моҳи январи соли 2016 дар «Бурҷи дидбонӣ» нашр шуда буд, асос ёфтааст.
b Мувофиқи Забур 86:5, 6 шояд дар оянда Худо номи ҳамаи касонеро, ки бо Исо аз осмон ҳукмронӣ мекунанд, маълум месозад (Рум. 8:19).
c Ба чорчӯбаи «Муҳаббат бадкирдорӣ намекунад», ки дар «Бурҷи дидбонӣ», аз январи с. 2016, оварда шудааст, нигаред.
d Ҳарчанд Аъмол 2:33 нишон медиҳад, ки рӯҳи муқаддас танҳо ба воситаи Исо рехта мешавад, вале ҳар як шахсро худи Яҳува интихоб мекунад.
e Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Саволҳои хонандагон», ки дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 майи с. 2007 омадааст, нигаред.
СУРУДИ 29 Дар беайбӣ роҳ рав
f ШАРҲИ РАСМ: Тасаввур кунед, ки дар анҷуман бародару хоҳарон намояндаи идораи марказӣ ва ҳамсарашро аз гирду пеш иҳота карда, ба ҷону ҳолашон намонда сурат мегиранд. Магар ин аз рӯйи одобу эҳтиром аст?