Марқус
14 То Иди Раҳоӣ+ ва Иди Фатир+ ду рӯз монда буд.+ Он вақт коҳинони калону шариатдонон пайт мепойиданд, ки Исоро бо ҳилаву найранг дастгир карда, кушанд.+ 2 Онҳо мегуфтанд: «Инро дар рӯзи ид накунем, ки боз мардум шӯру ғавғо набардорад».
3 Вақте ки Исо дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯни махавӣ дар сари дастархон менишаст, зане бо кӯзачае* омад, ки равғани тозаи хушбӯй ва қиматбаҳое аз нардсунбул дошт. Ӯ даҳони кӯзачаро шикаста онро кушод ва равғанро ба сари Исо рехт.+ 4 Инро дида баъзеҳо ба ғазаб омаданд ва ба якдигар гуфтанд: «Ин равғани хушбӯйро исроф кардан чӣ даркор буд? 5 Охир, онро ба маблағи беш аз 300 динор* фурӯхта, ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд!» Онҳо аз ин кори вай сахт оташин шуданд*. 6 Лекин Исо гуфт: «Чӣ ба ин бечора кордор мешавед? Ӯро ба ҳоли худ монед. Вай барои ман кори хубе кард.+ 7 Камбағалон ҳама вақт бо шумо ҳастанд+ ва шумо, ҳар гоҳ ки хоҳед, ба онҳо некӣ карда метавонед, лекин ман на ҳама вақт бо шумо ҳастам.+ 8 Ин зан ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Вай ба баданам равғани хушбӯй рехта онро пешакӣ барои гӯронидан тайёр кард.+ 9 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки ин хушхабар эълон мешавад,+ кори кардаи ин занро низ барои ёдоварии вай нақл мекунанд».+
10 Он вақт Яҳудои Исқарют, ки яке аз 12 расул буд, пеши коҳинони калон рафт, то ки Исоро ба онҳо таслим кунад.+ 11 Онҳо аз шунидани ин шод гашта, ваъда доданд, ки ба ӯ тангаҳои нуқра медиҳанд.+ Аз он вақт сар карда Яҳудои Исқарют фурсат меҷуст, ки Исоро ба дасти онҳо супорад.
12 Дар рӯзи якуми Иди Фатир,+ вақте ки аз рӯйи одат барои Иди Раҳоӣ қурбонӣ меоварданд,+ шогирдони Исо аз ӯ пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ рафта, хӯроки Иди Раҳоиро бароят тайёр кунем?»+ 13 Он гоҳ ӯ ду шогирдашро фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳр равед, дар он ҷо бо марде рӯ ба рӯ мешавед, ки дар кӯзаи гилин об мебарад. Аз ақиби вай биравед+ 14 ва ба соҳиби хонае, ки он мард медарояд, бигӯед: “Устод чунин мегӯяд: “Меҳмонхонае, ки дар он ҳамроҳи шогирдонам хӯроки Иди Раҳоиро хӯрда метавонам, куҷост?” 15 Ӯ ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки чизҳои лозима дорад. Дар он ҷо ҳама чизро барои мо тайёр кунед». 16 Шогирдон ба шаҳр рафтанд ва ҳама чиз айнан мувофиқи суханони ӯ ба амал омад. Онҳо ҳама чиро барои Иди Раҳоӣ тайёр карданд.
17 Шомгоҳон Исо ҳамроҳи 12 расулаш ба он хона омад.+ 18 Вақте ки онҳо дар сари дастархон нишаста, хӯрок мехӯрданд, Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: яке аз шумо, ки ҳамроҳи ман хӯрок хӯрда истодааст, ба ман хиёнат мекунад».+ 19 Онҳо ғамгин шуданд ва пайи ҳам аз ӯ пурсидан гирифтанд: «Ин ман нестам-а?» 20 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин корро яке аз 12 нафари шумо мекунад, касе, ки бо ман даст дар табақ меандозад.+ 21 Фарзанди одам меравад, чи тавре ки дар борааш навишта шудааст, лекин вой бар ҳоли касе, ки ба ӯ хиёнат кунад!+ Барои вай беҳтар мебуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд».+
22 Вақте ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифт ва пас аз дуо гуфтан онро шикаста, ба шогирдон доду гуфт: «Бигиред, ин рамзи бадани ман аст».+ 23 Сипас пиёлаи шаробро гирифт ва шукргузорӣ карда, онро ба шогирдон дод ва ҳамаашон аз он нӯшиданд.+ 24 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин рамзи хуни ман аст,+ ки “хуни аҳд” мебошад+ ва барои бисёриҳо рехта мешавад.+ 25 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ман дигар шароб наменӯшам, то даме ки дар Подшоҳии Худо шароби нав нӯшам». 26 Дар охир онҳо дар васфи Худо суруд хонданд ва аз хона баромада, ба тарафи кӯҳи Зайтун рафтанд.+
27 Исо ба онҳо гуфт: «Ба қарибӣ ҳамаи шумо аз ман рӯй мегардонед*, зеро навишта шудааст: “Чӯпонро зарба мезанам+ ва гӯсфандон пароканда мешаванд”.+ 28 Лекин, баъди он ки зинда мешавам, пешопеши шумо ба Ҷалил меравам».+ 29 Аммо Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳатто ҳама аз ту рӯй гардонанд*, ман аз ту рӯй намегардонам».+ 30 Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям: имрӯз, худи ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор фарёд кунад, ту се бор маро инкор мекунӣ».+ 31 Лекин ӯ бо қатъият мегуфт: «Мурам ҳам, ҳеҷ гоҳ туро инкор намекунам». Дигарон ҳам ҳамин хел гуфтан гирифтанд.+
32 Сипас онҳо ба ҷое омаданд, ки Ҷатсамонӣ ном дошт, ва Исо ба шогирдонаш гуфт: «То дуо гуфта омаданам дар ин ҷо шинед».+ 33 Баъд Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳи худ бурд.+ Он вақт ӯро ғаму дарди сахте фаро гирифт ва ӯ бениҳоят ба изтироб омад. 34 Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз ғаму ғусса+ қариб аст, ки бимирам. Ин ҷо бимонед ва бедор бошед».+ 35 Баъд ӯ каме пештар рафт ва рӯ ба замин афтода, ба Худо дуо гуфт, ки, агар мумкин бошад, ин озмоишро аз ӯ дур кунад. 36 Ӯ гуфт: «Эй Аббо*, эй Падар,+ барои ту ҳама чиз имконпазир аст, ин пиёларо аз ман дур кун. Лекин на хости ман, балки хости ту иҷро шавад».+ 37 Вақте ӯ баргашт, дид, ки онҳо хоб рафтаанд, ва ба Петрус гуфт: «Шимъӯн, ту хобидаӣ? Магар як соат ҳам бедор монда натавонистӣ?+ 38 Бедор бошед ва пайваста дуо гӯед, то ба васваса наафтед.+ Рӯҳ бардам аст*, вале ҷисм нотавон».+ 39 Сипас ӯ рафт ва боз ҳамон суханонро такрор карда дуо гуфт.+ 40 Ӯ омада, боз онҳоро хобида дид, зеро сахт хобашон омада буд, ва онҳо намедонистанд, ки ба ӯ чӣ ҷавоб диҳанд. 41 Ӯ бори сеюм гашта омад ва ба онҳо гуфт: «Наход дар чунин вақт ҳам хоб раведу дам гиред?! Бас аст! Соати он расидааст,+ ки Фарзанди одам ба дасти гунаҳкорон супорида шавад. 42 Бархезед, меравем. Ана, касе, ки ба ман хиёнат мекунад, омада истодааст».+
43 Ҳамон замон, ҳанӯз Исо гапашро тамом накарда, Яҳудо, ки яке аз 12 расул буд, ҳамроҳи одамони зиёде омад. Ин одамонро, ки дар даст шамшеру таёқ доштанд, коҳинони калон, шариатдонон ва пирон фиристода буданд.+ 44 Шогирди хиёнаткор пешакӣ бо онҳо чунин гапзанон карда буд: «Касеро бӯса кунам, Исо ҳамон аст, ӯро дастгир кунед ва таҳти назорат гирифта, баред». 45 Ӯ рост ба назди Исо омада, гуфт: «Салом, эй Устод!», ва ӯро бӯса кард. 46 Он гоҳ одамон Исоро дастгир карданд. 47 Лекин яке аз одамоне, ки дар наздаш буд, шамшерашро аз ғилоф баровард ва ғуломи саркоҳинро зарба заду гӯшашро бурид.+ 48 Он вақт Исо гуфт: «Магар ман ғоратгарам, ки шумо барои дастгир карданам бо шамшеру таёқҳо омадед?+ 49 Ман ҳар рӯз дар миёни шумо дар ибодатгоҳ таълим медодам,+ лекин шумо маро дастгир намекардед. Ҳоло бошад, шумо ин корро мекунед, то ки Навиштаҳо иҷро шаванд».+
50 Он гоҳ ҳамаи шогирдонаш ӯро тарк карда, гурехтанд.+ 51 Вале як ҷавонмард, ки дар тан либосе аз катони тоза дошт, аз ақиби вай равона шуд ва мардум ӯро дастгир карданӣ шуданд. 52 Лекин вай либосашро дар дасти онҳо монда, нимбараҳна аз онҳо гурехт.
53 Исоро ба назди саркоҳин бурданд+ ва тамоми коҳинони калон, пирон ва шариатдонон дар он ҷо ҷамъ омаданд.+ 54 Петрус бошад, аз дур то даруни ҳавлии саркоҳин аз қафои Исо омад. Дар он ҷо Петрус ҳамроҳи хизматгорон нишаста, худро дар назди оташ гарм мекард.+ 55 Дар ин вақт коҳинони калон ва тамоми Шӯрои олии яҳудиён шоҳид мекофтанд, то Исоро айбдор карда, ба қатл расонанд, лекин бар зидди ӯ далеле намеёфтанд.+ 56 Бисёриҳо бар зидди ӯ бардурӯғ шоҳидӣ медоданд,+ лекин суханони онҳо бо ҳам рост намеомад. 57 Баъзеҳо хеста, бар зидди ӯ чунин шоҳидии дурӯғ медоданд: 58 «Мо шунидаем, ки ӯ гуфта буд: “Ман ин ибодатгоҳро, ки бо дасти одамон сохта шудааст, вайрон мекунам ва дар се рӯз ибодатгоҳи дигаре бино мекунам, ки бо дасти одамон сохта нашудааст”».+ 59 Лекин дар ин маврид ҳам суханони онҳо бо ҳам рост намеомад.
60 Он вақт саркоҳин аз ҷояш хеста, ба Исо гуфт: «Чаро чизе ҷавоб намедиҳӣ? Магар намешунавӣ, ки онҳо туро айбдор карда, чӣ мегӯянд?»+ 61 Лекин ӯ хомӯш меистод ва чизе ҷавоб намедод.+ Саркоҳин боз ӯро пурсуҷӯ карда гуфт: «Оё ту Масеҳ, Писари Худои* Пок, ҳастӣ?» 62 Исо гуфт: «Ҳа, ва шумо Фарзанди одамро+ хоҳед дид, ки дар тарафи рости Худои Қодир* нишастааст+ ва бо абрҳои осмон меояд».+ 63 Баъд аз шунидани ин суханон саркоҳин либосашро дарронда, гуфт: «Дигар ба шоҳид чӣ ҳоҷат?+ 64 Шумо бо гӯши худ шунидед, ки ӯ куфр мегӯяд. Пас, қарори* шумо чист?» Ҳамаи онҳо бо як овоз гуфтанд, ки сазои ӯ марг аст.+ 65 Баъзеҳо ба рӯйи ӯ туф мекарданд+ ва рӯяшро пӯшонида, ӯро бо мушт мезаданд ва мегуфтанд: «Агар пайғамбар бошӣ, ку бигӯ: туро кӣ зад?» Хизматгорон низ ба рӯяш шапалоқ зада, ӯро аз он ҷо гирифта бурданд.+
66 Ин вақт Петрус дар поён, дар рӯйи ҳавлӣ, буд ва ба он ҷо яке аз канизони саркоҳин омад.+ 67 Вақте вай дид, ки Петрус дар назди оташ худро гарм карда истодааст, ба рӯяш нигоҳ кард ва гуфт: «Ту ҳам бо ҳамин Исои носирӣ будӣ». 68 Вале ӯ инро инкор карда гуфт: «Ман вайро намешиносам ва намефаҳмам, ки ту чиҳо мегӯӣ». Сипас ӯ сӯйи дарвоза* рафт. 69 Дар он ҷо ҳам каниз ӯро дид ва бори дигар ба одамони атрофаш гуфт: «Ин мард яке аз онҳост». 70 Петрус ин дафъа ҳам инро инкор кард. Чанде пас касоне, ки дар он ҷо буданд, боз ба Петрус гуфтанд: «Аниқ, ту яке аз онҳо ҳастӣ, зеро ту ҷалилиӣ». 71 Вале вай қасам хӯрдан гирифту гуфт: «Ман ин мардеро, ки шумо мегӯед, намешиносам!» 72 Ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм фарёд карду+ Петрус ин суханони Исоро ба ёд овард: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор фарёд кунад, ту се бор маро инкор мекунӣ».+ Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста гиря кард.