2 Подшоҳон
5 Чанд вақт пас ҳамаи қабилаҳои Исроил назди Довуд ба Ҳебрӯн+ омада, гуфтанд: «Худат медонӣ, ки мо гӯшту устухони туем.+ 2 Пеш, вақте Шоул подшоҳи мо буд, ту Исроилро ба ҷанг мебурдӣ+ ва Яҳува ба ту гуфта буд: “Ту халқам Исроилро чӯпонӣ мекунӣ ва пешвои Исроил мешавӣ”».+ 3 Ҳамаи пирони Исроил назди подшоҳ ба Ҳебрӯн омаданд ва шоҳ Довуд дар Ҳебрӯн ба ҳузури Яҳува бо онҳо аҳд баст.+ Он гоҳ онҳо Довудро тадҳин карданд*, то бар Исроил подшоҳ шавад.+
4 Довуд дар 30-солагиаш подшоҳ шуд ва 40 сол ҳукмронӣ кард.+ 5 Ӯ 7 солу 6 моҳ дар Ҳебрӯн бар Яҳудо ва 33 сол дар Ерусалим+ бар тамоми Исроил ва Яҳудо подшоҳӣ кард. 6 Подшоҳ бо одамонаш сӯйи Ерусалим бар зидди ябусиён,+ ки дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, баромад. Онҳо Довудро паст зада гуфтанд: «Ту ҳаргиз ба ин ҷо намедароӣ! Ҳатто кӯрону лангон туро пеш мекунанд». Онҳо фикр мекарданд, ки Довуд ҳеҷ гоҳ ба шаҳрашон роҳ намеёбад.+ 7 Аммо Довуд қалъаи Сионро, ки ҳозир Шаҳри Довуд+ ном дорад, забт кард. 8 Дар он рӯз Довуд гуфт: «Касе, ки ба ябусиён ҳамла меорад, бояд аз нақби обгузар гузашта, “кӯрону лангон”-еро, ки ҷони Довуд аз онҳо нафрат дорад, зарба занад». Барои ҳамин чунин гуфта мешавад: «Кӯру ланг ҳеҷ гоҳ ба ин хона намедарояд». 9 Довуд дар он қалъа сокин шуд ва он Шаҳри Довуд ном гирифт. Довуд гирду атрофро, аз Хокрез*+ то даруни шаҳр, обод кард.+ 10 Довуд торафт пурзӯр мешуд+ ва Яҳува, Худои лашкарҳо, бо ӯ буд.+
11 Ҳироми+ подшоҳи Сӯр ба назди Довуд хабаррасононро фиристод, ҳамчунин барои сохтмони деворҳои хонаи Довуд чӯбҳои сидра,+ дуредгарон ва сангтарошонро равона кард ва онҳо сохтани қасрро сар карданд.+ 12 Довуд фаҳмид, ки Яҳува ӯро чун подшоҳ бар Исроил устувор гардондааст+ ва ба хотири халқаш Исроил+ подшоҳии ӯро бузург кардааст.+
13 Довуд дар Ерусалим, баъди аз Ҳебрӯн омаданаш, боз сурриягон*+ ва занон гирифта, соҳиби писарону духтарони бештар шуд.+ 14 Ин аст номҳои писароне, ки дар Ерусалим барои Довуд таваллуд ёфтанд: Шамуа, Шубоб, Нотон,+ Сулаймон,+ 15 Ибҳор, Элишуа, Нофаҷ, Ёфиа, 16 Элишомаъ, Элиёдоъ ва Элифолат.
17 Вақте фалиштиён шуниданд, ки Довудро тадҳин намуда, подшоҳи Исроил карданд,+ ҳамаашон берун омаданд, то бо Довуд биҷанганд.+ Довуд аз ин хабардор шуда ба паноҳгоҳ фаромад.+ 18 Фалиштиён омада, дар саросари водии Рафоим+ ҷойгир шуданд. 19 Довуд аз Яҳува пурсид:+ «Оё бар зидди фалиштиён бароям? Оё онҳоро ба дасти ман месупорӣ?» Яҳува ба Довуд ҷавоб дод: «Баро, ман ҳатман фалиштиёнро ба дасти ту месупорам».+ 20 Довуд ба Баал-Фаросим омада, онҳоро дар он ҷо шикаст дод ва гуфт: «Яҳува лашкари душманонамро дар пеши ман рахна зад,+ чуноне ки селоб рахна мезанад». Аз ин рӯ вай он ҷоро Баал-Фаросим*+ номид. 21 Фалиштиён бутҳои худро дар он ҷо партофтанд ва Довуду одамонаш онҳоро гирифта бурданд*.
22 Чанде пас фалиштиён боз омаданд ва дар водии Рафоим+ ҷойгир шуданд. 23 Довуд аз Яҳува пурсон шуд ва ӯ ҷавоб дод: «Рост сӯйи онҳо рафта, ҳамла накун, балки аз ақибашон давр зада, аз тарафи буттаҳои бака бар зидди онҳо баро. 24 Вақте ки дар сари буттаҳои бака садои қадамҳоро бишнавӣ, бе дудилагӣ амал намо, зеро Яҳува пешопеши ту рафта, лашкари фалиштиёнро зарба мезанад». 25 Довуд, ҳамон тавре ки Яҳува амр фармуд, амал кард ва фалиштиёнро аз Ҷабъа+ то Ҷозар+ зарба зад.+