Эстер
2 Пас аз ин, вақте ғазаби шоҳ Ахашверуш+ паст шуд, ӯ ба хотир овард, ки Ваштӣ чӣ кор кард+ ва дар ҳаққи вай чӣ ҳукме бароварда шуд.+ 2 Он гоҳ хизматгорони наздики шоҳ ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои подшоҳ духтарони зебову бокираро* ҷустуҷӯ кунанд. 3 Бигзор подшоҳ дар тамоми вилоятҳои қаламрави худ баъзе касонро таъйин кунад,+ то ҳамаи бокирагони зеборо дар қалъаи Шушан ба ҳарам* ҷамъ оранд. Бигзор ин духтаронро Ҳеҷо,+ ки хоҷасарои* подшоҳ ва посбони занон аст, нигоҳубин кунад ва бадани онҳоро бо равғанҳои гуногун маҳс кунанд. 4 Духтаре, ки ба подшоҳ беш аз ҳама писанд ояд, ба ҷойи Ваштӣ малика мегардад».+ Ин гап ба подшоҳ маъқул шуд ва ӯ ҳамин тавр амал кард.
5 Дар қалъаи Шушан+ Мордахай+ ном марди яҳудие буд, ки писари Ёир, писари Шимъӣ ва писари Қиши бинёминӣ буд.+ 6 Вақте подшоҳи Бобил — Набукаднесар подшоҳи Яҳудо — Еконёро*+ асир карда буд, ин одам ҳамроҳи дигарон аз Ерусалим ба Бобил ба асирӣ бурда шуд. 7 Мордахай мураббии* Ҳадаса*, яъне Эстери духтари амакаш, буд,+ зеро ӯ падару модар надошт. Эстер духтари зебову дилкаш буд ва баъди мурдани падару модараш Мордахай ӯро чун фарзанди худ тарбия карда буд. 8 Вақте фармони подшоҳ ба иҷро расид, духтарони зиёдеро ба қалъаи Шушан ҷамъ карданд ва зери назорати Ҳеҷо гузоштанд.+ Эстерро низ ба қасри подшоҳ оварданд ва зери назорати Ҳеҷои посбони занон гузоштанд.
9 Духтарак ба Ҳеҷои хоҷасаро писанд афтоду дар назараш эътибор пайдо кард ва ӯ дарҳол амр дод, ки ҳама чизро барои маҳс кардани ӯ тайёр кунанд+ ва хӯрду хӯроки ӯро таъмин намоянд. Ҳеҷо ҳамчунин аз хонаи подшоҳ ҳафт канизро барои Эстер интихоб кард ва беҳтарин ҷойи ҳарамро* ба ӯву канизонаш дод. 10 Эстер дар бораи халқ ва хешу табораш ба касе чизе нагуфт,+ чунки Мордахай+ ба ӯ ҳамин тавр фармуда буд.+ 11 Мордахай ҳар рӯз дар назди саҳни ҳарам гаштугузор мекард, то аз аҳволи Эстер хабардор гардад.
12 Ҳар як духтар, баъди он ки дар давоми 12 моҳ баданашро бо равғанҳои гуногун маҳс мекарданд, аз рӯйи навбат назди подшоҳ Ахашверуш медаромад (ба бадани духтарон шаш моҳи аввал равғани мурр*+ ва шаш моҳи дигар равғани хушбӯю+ ҳар гуна равғанҳои дигар мемолиданд). 13 Пас аз ин духтар тайёр буд, ки назди подшоҳ дарояд. Вақте духтар аз ҳарам ба хонаи подшоҳ мерафт, ҳар он чӣ хоҳиш мекард, ба вай дода мешуд. 14 Бегоҳ вай назди шоҳ медаромаду саҳар ба ҳарами дуюм мерафт, ки онро Шаашғози хоҷасаро,+ посбони сурриягон*, назорат мекард. Танҳо агар подшоҳ ӯро хуш кунад ва бо номаш даъват намояд, ӯ метавонист бори дигар назди подшоҳ дарояд.+
15 Ниҳоят Эстер низ, ки духтари Абиҳоили амаки Мордахай буд ва Мордахай ӯро чун фарзанди худ тарбия карда буд,+ тайёр шуд, ки назди шоҳ дарояд. Вақте навбаташ расид, Эстер барои худ ҳеҷ чиз дархост накард, ғайр аз он чӣ Ҳеҷои хоҷасаро, посбони занон, ба вай маслиҳат дода буд. (Эстер дар назари ҳамаи онҳое, ки ӯро медиданд, обрӯю эътибор пайдо мекард.) 16 Эстерро дар соли ҳафтуми+ ҳукмронии подшоҳ Ахашверуш, дар моҳи даҳум, яъне моҳи тевет*, ба хонаи шоҳ оварданд. 17 Подшоҳ Эстерро аз ҳама занҳои дигар бештар дӯст дошт ва ӯ назар ба ҳамаи бокирагон ба вай бештар писанд афтод. Подшоҳ ба Эстер меҳр баст ва ба сараш кулоҳи шоҳона пӯшонду ӯро ба ҷойи Ваштӣ+ малика таъйин кард.+ 18 Подшоҳ ба хотири Эстер барои ҳамаи мирон ва ходимонаш базми калоне орост. Ӯ ҳамчунин дар вилоятҳо авфи умумӣ* эълон кард ва муносиби дороии худ туҳфаҳои зиёде дод.
19 Вақте бокирагонро+ бори дуюм ҷамъ оварданд, Мордахай дар назди дарвозаи подшоҳ менишаст. 20 Эстер, чи тавре ки Мордахай ба вай фармуда буд, дар бораи хешу табор ва халқаш ба касе чизе нагуфт.+ Эстер, мисли он вақте ки дар тарбияи Мордахай буд, ба гапи ӯ гӯш медод.+
21 Дар он рӯзҳо, вақте Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст, ду ходими дарбор, Бигтон ва Тораш ном дарбонон, аз қаҳру ғазаб қасд карданд, ки подшоҳ Ахашверушро кушанд. 22 Мордахай аз ин хабар ёфт ва дарҳол рафта, ба малика Эстер гуфт. Эстер аз номи Мордахай инро ба подшоҳ расонд. 23 Вақте масъаларо тафтиш карданд, маълум шуд, ки гапи Мордахай ҳақ аст, ва ин ду мардро ба дор* овехтанд. Ҳамаи ин дар назди подшоҳ дар китоби воқеаҳои замон навишта шуд.+