Корнома
25 Фестус+ ба Яҳудия омада, ҳукмронияшро сар кард ва се рӯз пас аз Қайсария ба Ерусалим рафт. 2 Он гоҳ коҳинони калон ва яҳудиёни соҳибмартаба ба Фестус аз болои Павлус шикоят карда,+ аз ӯ илтимос намуданд, 3 ки ба онҳо лутф карда, Павлусро ба Ерусалим фиристад. Вале онҳо қасд доштанд, ки камин гирифта, ӯро дар роҳ кушанд.+ 4 Аммо Фестус ба онҳо гуфт, ки Павлус бояд дар Қайсария монад ва ба наздикӣ худи ӯ низ ба он ҷо бармегардад. 5 Ӯ гуфт: «Бигзор калоншавандагони шумо ҳамроҳи ман раванд ва, агар ин мард, дар ҳақиқат, кори нодурусте карда бошад, ӯро айбдор кунанд».+
6 Фестус дар он ҷо аз ҳашт ё даҳ рӯз зиёд намонда, ба Қайсария баргашт. Рӯзи дигар ӯ ба курсии доварӣ нишаст ва фармон дод, ки Павлусро биёранд. 7 Вақте Павлусро ҳозир карданд, яҳудиёне, ки аз Ерусалим омада буданд, дар атрофи ӯ ҷамъ шуда, ӯро айбдор кардан гирифтанд. Онҳо мехостанд бисёр ҷиноятҳои вазнинро бар гардани Павлус бор кунанд, вале ҳеҷ як далеле оварда наметавонистанд.+
8 Он гоҳ Павлус худро муҳофизат карда гуфт: «Ман на бар зидди Шариати яҳудиён гуноҳе кардаам, на бар зидди ибодатгоҳ ва на бар зидди қайсар*».+ 9 Фестус, ки дили яҳудиёнро ёфтан мехост,+ гуфт: «Оё мехоҳӣ ба Ерусалим равию он ҷо дар назди ман доварӣ шавӣ?» 10 Павлус ҷавоб дод: «Ман дар пеши курсии доварии қайсар истодаам ва бояд дар ҳамин ҷо доварӣ карда шавам. Ман ба яҳудиён ягон бадие накардаам ва худи ту инро нағз медонӣ. 11 Агар ман, дар ҳақиқат, гунаҳкор бошам ва коре карда бошам, ки сазовори марг аст,+ ба мурдан тайёрам, вале, агар ин одамон барои айбдор кардани ман далеле надошта бошанд, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки барои ба онҳо писанд омадан маро ба дасташон супорад. Ман доварии қайсарро талаб мекунам!»+ 12 Он гоҳ Фестус бо мушовирони худ маслиҳат карда, гуфт: «Доварии қайсарро талаб мекарда бошӣ, назди қайсар меравӣ».
13 Пас аз чанд рӯз подшоҳ Ағрипос* ҳамроҳи Бернико барои табрик кардани Фестус ба Қайсария омад. 14 Онҳо дар он ҷо якчанд рӯз монданд ва Фестус ба подшоҳ масъалаи Павлусро нақл карда гуфт:
«Дар ин ҷо марде ҳаст, ки Феликс ӯро ҳабс карда буд, 15 ва, вақте ман дар Ерусалим будам, коҳинони калон ва пирони яҳудӣ аз ӯ арзу шикоят намуда,+ маҳкум карданашро хоҳиш карданд. 16 Вале ман дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки румиён чунин одат надоранд, ки касеро бечуну чаро ба дасти даъвогаронаш супоранд. Аввал мо бояд ӯро бо даъвогаронаш рӯ ба рӯ кунем ва ба ӯ имкон диҳем, ки худро сафед кунад.+ 17 Пас, вақте онҳо ба ин ҷо омаданд, ман вақтро кашол надода, рӯзи дигар ба курсии доварӣ нишастам ва фармудам, ки он мардро биёранд. 18 Аммо даъвогаронаш ӯро дар ягон кори баде, ки ман гумон доштам, айбдор накарданд.+ 19 Баҳсу ҷанҷолҳои онҳо дар сари масъалаҳои динашон+ ва кадом як Исоест, ки мурдааст, вале Павлус нею нестон мекунад, ки ӯ зинда аст.+ 20 Азбаски чӣ тавр ҳал кардани ин масъаларо надонистам, аз ӯ пурсидам, ки оё мехоҳад ба Ерусалим рафта, дар он ҷо доварӣ шавад.+ 21 Аммо Павлус талаб кард, ки то қарори Аълоҳазрат* дар ҳабс бимонад,+ бинобар ин ман фармон додам, ки ӯро, то даме назди қайсар бифиристам, дар ин ҷо нигоҳ доранд».
22 Он гоҳ Ағрипос ба Фестус гуфт: «Ман мехоҳам ин мардро худам шунавам».+ Ӯ гуфт: «Худи пагоҳ ӯро мешунавӣ». 23 Рӯзи дигар Ағрипос ва Бернико бо дабдабаи бисёре омада, ҳамроҳи мириҳазорону мардони мансабдори шаҳр ба маҷлисгоҳ даромаданд ва бо фармони Фестус Павлусро назди онҳо оварданд. 24 Фестус гуфт: «Эй подшоҳ Ағрипос ва эй ҳамаи ҳозирон, ин мард ҳамон касест, ки тамоми мардуми яҳудӣ ҳам дар Ерусалим ва ҳам дар ин ҷо дар ҳаққаш ба ман арз карданд. Онҳо доду фарёд мезаданд, ки ӯ бояд кушта шавад.+ 25 Вале ман фаҳмидам, ки ӯ ҳеҷ кори сазовори марг накардааст.+ Бинобар ин, вақте ки ин мард доварии Аълоҳазратро талаб кард, қарор додам, ки ӯро наздаш фиристам. 26 Аммо намедонам дар бораи ӯ ба ҳазрати олӣ чӣ нависам. Аз ин рӯ ман ӯро назди ҳамаи шумо, хусусан назди ту, эй подшоҳ Ағрипос, овардам, то ки пас аз тафтишу таҳқиқ чизе навишта тавонам. 27 Охир, ба назарам, айби бандиро ишора накарда, ӯро ба Рум фиристодан аз рӯйи хирад нест».