1 Мӯсо
50 Юсуф бар рӯйи падараш афтода,+ гиря кард ва ӯро бӯсид. 2 Сипас ӯ ба хизматгорони худ, ба табибон, фармуд, ки падарашро ҳунут кунанд*+ ва табибон ба бадани Исроил ҳунут молиданд. 3 Онҳо 40 рӯзи пурра ӯро ҳунут карданд, зеро муҳлати пурраи ҳунут молидан маҳз 40 рӯз буд. Мисриён 70 рӯз барои ӯ мотам гирифтанд.
4 Вақте рӯзҳои мотам ба охир расиданд, Юсуф ба дарбориёни* фиръавн гуфт: «Агар дар назари шумо писанд афтода бошам, ба фиръавн чунин гӯед: 5 “Падарам маро қасам дода,+ гуфт: “Инак, мемирам,+ маро дар қабре, ки дар Канъон кандаам, гӯрон”.+ Илтимос, иҷозат деҳ, ки биравам ва падари худро гӯронам. Баъд ман бармегардам». 6 Фиръавн гуфт: «Бирав ва, чи тавре ки падарат гуфтааст, ӯро гӯрон».+
7 Юсуф рафт, то падари худро гӯронад. Ҳама ходимони фиръавн, пирони дарбори ӯ,+ ҳама пирони замини Миср, 8 аҳли хонаводаи Юсуф, бародарони ӯ ва аҳли хонаводаи падараш бо ӯ рафтанд.+ Фақат кӯдакони хурдсол ва молу гов дар замини Ҷӯшан монданд. 9 Ҳамчунин ҳамроҳаш аробаҳо+ ва саворон рафтанд. Шумораи одамон хеле зиёд буд. 10 Баъд онҳо ба хирмангоҳи Отод, ки дар наздикиҳои Урдун ҷойгир буд, расиданд ва дар он ҷо барои падари худ гиряҳои талху нолаҳои бисёре карданд ва ҳафт рӯз мотам гирифтанд. 11 Сокинони он замин, яъне канъониён, дар хирмангоҳи Отод мотами онҳоро диданд ва гуфтанд: «Чӣ мотами бузурге гирифтаанд мисриён!» Аз ин рӯ он маконро Обил-Мисраим* номиданд, ки он дар наздикиҳои Урдун аст.
12 Писарони Исроил айнан ҳамон тавре ки ӯ гуфта буд,+ амал карданд. 13 Онҳо ӯро ба сарзамини Канъон оварданд ва дар ғоре, ки дар замини Макфело, дар рӯ ба рӯйи Мамре асту Иброҳим онро аз дасти Афрӯни ҳиттӣ барои оромгоҳ харида буд, гӯрониданд.+ 14 Баъди гӯронидани падараш Юсуф ҳамроҳи бародаронаш ва ҳамаи онҳое, ки барои гӯронидани падараш рафта буданд, ба Миср баргашт.
15 Баъди марги падарашон бародарони Юсуф гуфтанд: «Шояд, Юсуф нисбати мо дар дил кина дорад ва барои ҳамаи он бадие, ки дар ҳаққаш кардем, аз мо қасд гирад».+ 16 Сипас онҳо ба назди Юсуф кас фиристода гуфтанд: «Падарат пеш аз маргаш фармуда буд: 17 “Ба Юсуф чунин гӯед: “Аз ту хоҳиш мекунам, хатоҳои бародаронат ва бадиҳоеро, ки онҳо дар ҳаққи ту карданд, бубахш”. Акнун хоҳиш мекунем, аз гуноҳи бандагони Худои падарат гузар». Вақте ба Юсуф ин суханонро расонданд, ӯ гиря кард. 18 Баъд бародаронаш ҳам омада, пеши пойи ӯ афтоданд ва гуфтанд: «Ҳамаи мо ғуломони ту ҳастем!»+ 19 Он гоҳ Юсуф ба онҳо гуфт: «Натарсед, магар ман Худоям? 20 Ҳарчанд шумо қасди бад доштед,+ Худо оқибаташро нек кард, то одамони зиёдеро наҷот диҳад, чи тавре ки имрӯз низ карда истодааст.+ 21 Барои ҳамин натарсед. Ман ризқу рӯзии шумо ва кӯдакони шуморо медиҳам».+ Ҳамин тавр ӯ онҳоро тасаллӣ бахшид ва дилбардорӣ кард.
22 Юсуф ҳамроҳи аҳли хонаводаи падараш дар Миср зиндагӣ мекард. Юсуф 110 сол умр дид 23 ва то насли сеюми Эфроим,+ яъне аберагони ӯро, дид. Ӯ писарони Мокири+ писари Менашшеро низ дид. Онҳо бар бағали Юсуф парвариш ёфтанд. 24 Пеш аз маргаш Юсуф ба бародаронаш гуфт: «Ман мемирам, лекин Худо, бешак, назари худро сӯйи шумо мекунад+ ва шуморо аз ин сарзамин ба замине, ки ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ваъда додааст,+ мебарад». 25 Юсуф писарони Исроилро қасам дода гуфт: «Худо, бешак, назари худро сӯйи шумо мекунад ва шумо бояд устухонҳои маро бо худ баред».+ 26 Юсуф дар синни 110-солагӣ мурд. Баъд ба бадани ӯ ҳунут молиданд+ ва ӯро дар тобуте дар Миср гузоштанд.