Айюб
6 Айюб ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Кошки дарди+ маро бармекашиданд
Ва азобамро дар бараш бар тарозу мегузоштанд!
3 Зеро он аз реги баҳрҳо вазнинтар аст.
Барои ҳамин ҳам ман девонавор сухан мегуфтам.+
Даҳшатҳои Худо бар зидди ман саф бастаанд.
5 Магар гӯрхар+ алаф дошта бошад, ҳанг мезанад?
Оё буққа коҳ дошта бошад, баос мезанад?
6 Оё хӯрокро бе намак мехӯранд?
Магар оби гули хайрӣ маза дорад?
7 Ҷони ман аз даст расондан ба ин чизҳо нафрат дорад.
Инҳо мисли чизе ҳастанд, ки хӯрокамро ҳаром мекунанд.
8 Эй кош орзуи ман ҷомаи амал мепӯшид
Ва Худо армони диламро иҷро мекард!
9 Кошки Худо маро нест мекард
Ва дасташро дароз карда, маро нобуд месохт!+
10 Ҳатто ҳамин бароям тасаллӣ мешуд
Ва бо вуҷуди дарди ҷонкоҳам аз хурсандӣ мепаридам,
Зеро ман гуфтаҳои Худои Покро+ рад накардаам.
11 Оё қуввате дорам, ки ба ҳамаи ин тоб орам?+
Чӣ умеде дорам, ки сабр пеша кунам?
12 Магар ҷони ман аз санг аст
Ва оё тани ман аз мис аст?
13 Чӣ тавр ман ба худ кумак кунам, модоме ки ҳеҷ кас мададгорам нест?
14 Ҳар касе меҳру вафояшро аз инсони дигар дареғ дорад,+ тарс аз Худои Тавоноро гум мекунад.+
15 Бародарони ман мисли маҷрои оби зимистон бевафоӣ карданд,+
Мисли оби зимистон, ки хушк мешавад.
16 Онҳо аз ях тираранг шудаанд
Ва дар дарунашон барфи обшуда пинҳон аст.
17 Аммо, ҳамин ки мавсимаш ояд, онҳо хушк мешаванд
Ва, вақте гарм шавад, онҳо бухор мешаванд.
18 Самти онҳо каҷукилеб мегардад,
Онҳо ба биёбон рехта, нест мешаванд.
20 Лекин, вақте умедашон амалӣ намегардад, онҳо шарманда мешаванд;
Вақте ба он ҷо меоянд, ноумед мешаванд.
22 Оё ман гуфтам: “Ба ман ягон чиз диҳед!”?
Оё аз шумо талаб намудам, ки аз неъмати худ бароям туҳфае биёред?
23 Оё аз шумо илтиҷо карда будам, ки маро аз дасти душманон наҷот диҳед
Ва ё аз дасти золимон раҳо кунед*?
24 Маро насиҳат диҳед* ва ман хомӯш мемонам.+
Хатоямро ба ман бифаҳмонед.
25 Гапи рост ба кас сахт намерасад!+
Лекин аз сарзаниши шумо чӣ фоида?!+
26 Оё шумо мехоҳед маро барои суханонам сарзаниш кунед?
Охир, ман як шахси дилшикастаам+ ва суханони маро бод мебарад!
27 Модом ки чунин мекунед, шубҳае нест, ки шумо дар ҳаққи ятим+ ҳам қуръа партоед
Ва дӯсти худро низ фурӯшед!+
28 Акнун ба ман назар кунед.
Наход ман ба рӯятон нигоҳ карда дурӯғ гӯям?!
29 Илтимос, аз нав фикр карда бароед — айбро бар гарданам бор накунед.
Бале, аз нав фикр кунед, зеро ман росткориамро аз даст надодаам.
30 Наход дар забонам ноинсофӣ бошад?
Наход комам мазаи ғамро пай набарад?