Эзро
5 Баъд ду пайғамбар, яъне Ҳаҷҷай+ ва Закарёи+ набераи Иддӯ,+ паёми Худои Исроилро, ки бо халқи худ буд, ба яҳудиёне, ки дар Яҳудо ва Ерусалим буданд, расонданд. 2 Он вақт Зарубобил,+ писари Шаалтиил, ва Ешуа,+ писари Юсодоқ, ба сохтани хонаи Худо, ки дар Ерусалим буд, сар карданд+ ва пайғамбарони Худо бо онҳо буданду онҳоро дар ин кор дастгирӣ мекарданд.+ 3 Он вақт Татнай, ҳокими минтақаи он тарафи дарёи бузург*, Шетор-Бузнай ва рафиқонашон назди онҳо омада, гуфтанд: «Кӣ ба шумо фармон дод, ки ин хонаро бино кунед ва сохтмонро ба охир расонед?» 4 Онҳо ҳамчунин пурсиданд: «Касоне, ки дар сохтмон иштирок мекунанд, чӣ ном доранд?» 5 Лекин чашми Худо бар пирони яҳудиён буд+ ва ҳеҷ кас кори онҳоро боздошта натавонист, то даме ки масъала ба Дориюш равона карда шуд ва аз ӯ ҷавобе омад.
6 Ин нусхаи мактубест, ки Татнай, ҳокими вилояти он тарафи дарёи бузург, Шетор-Бузнай ва рафиқонаш, ҳокимони хурди вилояти он тарафи дарёи бузург, ба шоҳ Дориюш фиристоданд; 7 дар мактубе, ки онҳо ба Дориюш фиристоданд, чунин навишта шуда буд:
«Сулҳу осоиштагӣ бо подшоҳ Дориюш бод! 8 Ба подшоҳ маълум бод, ки мо ба вилояти Яҳудо, ба хонаи Худои бузург, рафтем ва дидем, ки он бо сангҳои калоне, ки ба он ҷо ғелонда шудааст, бино меёбад ва дар деворҳояш чӯб гузошта мешавад. Одамон бо ғайрати зиёд меҳнат мекунанд ва бо кӯшиши бисёр корашонро пеш мебаранд. 9 Он гоҳ мо аз пирони онҳо пурсидем: “Кӣ ба шумо фармон дод, ки ин хонаро бино кунед ва сохтмонро ба охир расонед?”+ 10 Мо ҳамчунин аз онҳо номашонро пурсидем, то номи роҳбарони онҳоро навишта гирем ва ба подшоҳ хабар диҳем.
11 Онҳо ба мо чунин ҷавоб доданд: “Мо бандагони Худои осмон ва замин ҳастем ва хонаеро, ки чандин сол подшоҳи бузурги Исроил сохта, ба охир расонда буд,+ аз нав бино мекунем. 12 Аммо, азбаски падарони мо Худои осмонро ба хашм оварданд,+ ӯ онҳоро ба дасти Набукаднесари+ калдонӣ, подшоҳи Бобил, супурд ва ӯ ин хонаро вайрону валангор намуд,+ халқро бошад, асир карда, ба Бобил бурд.+ 13 Лекин дар соли якуми ҳукмронии худ Куруш, подшоҳи Бобил, фармон дод, ки хонаи Худо бино гардад.+ 14 Ҳамчунин подшоҳ Куруш аз ибодатгоҳи Бобил зарфҳои тилло ва нуқраи хонаи Худоро, ки Набукаднесар аз ибодатгоҳи Ерусалим оварда буд, баровард.+ Ин зарфҳоро Куруш ба Шешбасар*,+ ки ӯро ҳоким таъйин карда буд, дод+ 15 ва ба вай гуфт: “Ин зарфҳоро гирифта, ба Ерусалим рав ва онҳоро дар ибодатгоҳ бимон ва бигзор хонаи Худо дар ҷойи пештарааш бино шавад”.+ 16 Он гоҳ Шешбасар омад ва таҳкурсии хонаи Худоро, ки дар Ерусалим аст, гузошт.+ Аз он вақт инҷониб ин хона бино шуда истодааст, лекин сохтмони он ҳоло ба охир нарасидааст”.+
17 Пас, агар ин ба подшоҳ писанд ояд, бигзор хазинаи подшоҳро, ки дар Бобил аст, ҷустуҷӯ кунанд ва фаҳманд, ки оё, дар ҳақиқат, подшоҳ Куруш дар бораи бино кардани хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, фармон додааст+ ё не. Бигзор қарори подшоҳ оид ба ин масъала ба мо фиристода шавад».