3 Подшоҳон
7 Сулаймон қасри худро 13 сол бино кард,+ то даме ки онро пурра ба анҷом расонид.+
2 Ӯ хонаи Ҷангали Лубнонро+ бино кард, ки дарозиаш 100 газ*, бараш 50 газ ва баландиаш 30 газ буд. Он бар чор қатор сутуни сидра бино ёфта буд ва бар болои он сутунҳо болорҳои сидра+ гузошта шуда буд. 3 Шоҳтирҳои хона, ки бар сутунҳо буданд, бо сидра рӯкаш шуда буданд. Шумораи онҳо 45-то буда, дар ҳар қатор 15-тоӣ буд. 4 Дар хона се қатор тирезаи чорчӯбадор буд ва тирезаҳо дар се қатор рӯ ба рӯйи якдигар буданд. 5 Ҳамаи даромадгоҳҳо ва паҳлудариҳо чун се қатор тирезаҳои рӯбарӯ чорчӯба* доштанд.
6 Ӯ айвони Сутунҳоро сохт, ки дарозияш 50 газ ва бараш 30 газ буд, ва ин иморат пешайвон, қисми сутундори бомпӯш, дошт.
7 Ӯ ҳамчунин толори* Тахт,+ толори Довариро,+ сохт, ки дар он ҷо доварӣ мекард, ва онро аз фарш то болорҳо бо чӯби сидра рӯкаш карданд.
8 Қасре, ки вай бояд дар он зиндагӣ мекард, дар саҳни+ дигар, дар ақиби толори Тахт буда, мисли он толор сохта шуда буд. Сулаймон ҳамчунин барои духтари фиръавн, ки ӯро ба занӣ гирифта буд, мисли ин толор хонае сохт.+
9 Ҳамаи ин биноҳо, аз таҳкурсӣ то сари девор, ва атрофи онҳо, то саҳни бузург,+ аз сангҳои пурарзиш+ сохта шуда буданд. Ин сангҳоро мувофиқи андоза тарошида, аз даруну берун бо арраи сангбурӣ суфта карда буданд. 10 Дар таҳкурсӣ сангҳои азиму пурарзиш гузошта буданд. Андозаи баъзе сангҳо даҳ газ ва баъзеи дигарашон ҳашт газ буд. 11 Аз болои онҳо сангҳои пурарзише, ки мувофиқи андоза тарошида буданд, ва чӯби сидра гузошта шуданд. 12 Гирдогирди саҳни+ бузург мисли саҳни дарунии хонаи Яҳува ва айвони* хона се қатор санги тарошида ва як қатор чӯби сидра дошт.+
13 Шоҳ Сулаймон ба назди Ҳиром+ кас фиристода, ӯро аз Сӯр овард. 14 Ҳиром писари бевазане аз қабилаи Нафтолӣ буд ва падараш мисгари сӯрие буд.+ Ӯ дар кори худ усто буда, дар ҳар навъ кори мисгарӣ* донишу таҷрибаи зиёде дошт.+ Ҳиром пеши Сулаймон омада, ҳамаи корҳои ӯро ба ҷо овард.
15 Ӯ аз мис ду сутуне рехт,+ ки баландии ҳар кадомаш 18 газ буд, ва даври ҳар як сутун бо таноби андозагирӣ 12 газ буд*.+ 16 Ӯ аз мис ду бошае* рехт, то бар болои сутунҳо гузорад. Баландии як боша панҷ газ ва баландии бошаи дигар панҷ газ буд. 17 Бошаи сари ҳар як сутун тӯрҳо ва занҷирҳои тофта дошт:+ ҳафтто барои як сутун ва ҳафтто барои сутуни дигар. 18 Ӯ гирдогирди як тӯр дуқаторӣ анор часпонд, то бошаҳоеро, ки дар сари сутунҳо буданд, пӯшонад. Ӯ барои ҳар ду боша чунин кард. 19 Бошаҳои сари сутунҳои даҳлез қисми савсаншакл доштанд, ки баландии он чор газ буд. 20 Ин қисми бошаҳо дар болои ду сутун, дар болои барҷастагиҳое, ки тӯр ба он мепайваст, ҷойгир буд. Дар гирдогирди ҳар боша дар қаторҳо 200 анор часпонда шуда буд.+
21 Ӯ сутунҳои даҳлези ибодатгоҳро*+ гузошт: сутуни ростро* гузошта, онро Ёкин* номид ва сутуни чапро* гузошта, онро Бӯаз* номид.+ 22 Қисми болои сутунҳо савсаншакл буд. Бо ҳамин кори сутунҳо ба анҷом расид.
23 Пас аз ин ӯ аз мис+ ҳавзи рехтае сохт, ки Баҳр ном дошт ва доирашакл буд. Он аз як лаб то лаби дигараш 10 газ буда, 5 газ баландӣ дошт ва даври он бо таноби андозагирӣ 30 газ буд*.+ 24 Гирдогирди ин Баҳр, зери лаби он, нақшҳои тарбузи ёбоӣ+ буд: дар ҳар газ даҳ тарбуз буд. Ин Баҳр бо ду қатор тарбуз яклухт рехта шуда буд. 25 Онро бар 12 буққа+ гузошта буданд, ки сетояш рӯ ба шимол, сетояш рӯ ба ғарб, сетояш рӯ ба ҷануб ва сетои дигараш рӯ ба шарқ буд. Баҳр бар болои буққаҳо меистод ва қафои ҳамаи онҳо сӯйи мобайни Баҳр буд. 26 Ғафсии он як кафи даст* буд ва лаби он мисли лаби пиёла, мисли гули савсан буд. Ин Баҳр 2000 хум* об дошт.
27 Сипас ӯ даҳ аробаи*+ мисин сохт. Дарозии ҳар ароба чор газ, бараш чор газ ва баландиаш се газ буд. 28 Аробаҳо ин тавр сохта шуда буданд: дар паҳлуҳои онҳо, дар панҷара, лавҳаҳо буданд. 29 Бар ин лавҳаҳое, ки дар панҷара буданд, нақши шерҳо,+ буққаҳо ва каррубиён+ буд. Панҷара низ чунин нақшҳо дошт. Аз болову поёни шерҳо ва буққаҳо нақши занҷираҳои барҷаста буд. 30 Ҳар як ароба чор чархи мисин ва меҳварҳои мисин дошт ва дар чор кунҷи ароба китфҳое буданд, ки онҳоро устувор медоштанд. Дар таги тос такягоҳҳое буданд, ки ҳар кадоме бо занҷираҳои паҳлуяш рехта шуда буд. 31 Даҳони тос дар даруни тоҷ буд ва баландии тос то тоҷ як газ буд. Даҳони тоҷ гирд буд ва тоҷ якҷоя бо такягоҳҳо пояи баландиаш якунимгазаро ташкил медод. Тоҷ нақшу нигор дошт ва лавҳаҳои атрофи он гирд неву чоркунҷа буданд. 32 Чор чарх зери лавҳаҳои паҳлуҳои ароба буд ва китфҳои чархҳо ба ароба часпида буданд; ҳар як чарх яку ним газ баландӣ дошт. 33 Ин чархҳо мисли чархи аробаҳои дигар буданд. Китфҳо, чанбарҳо, парраҳо ва гупчакҳои онҳо ҳама аз мис рехта шуда буданд. 34 Дар чор кунҷи ҳар ароба яктогӣ китф буд ва ин китфҳо бо ароба яклухт рехта шуда буданд. 35 Дар болои ароба чанбаре буд, ки ним газ баландӣ дошт. Панҷара ва лавҳаҳои он, ки дар боло буданд, бо ароба яклухт рехта шуда буданд. 36 Ӯ рӯйи панҷара ва лавҳаҳои онро мувофиқи андозаашон бо нақши каррубиён, шерҳо ва нахлҳо ва гирдогирди панҷараро бо занҷираҳо оро дод.+ 37 Ӯ даҳ аробаро ҳамин тавр сохт.+ Ҳамаи онҳо як хел, бо як андозаву шакл, рехта шуданд.+
38 Ӯ даҳ тоси мисин+ сохт, ки ҳар кадомаш баробари 40 хум ғунҷоиш дошт. Андозаи* ҳар тос чор газ буд. Ҳар як ароба, ки ҳамагӣ даҳто буд, яктосӣ дошт. 39 Сипас ӯ панҷ аробаро аз тарафи рости хона ва панҷ аробаи дигарро аз тарафи чапи хона гузошт ва Баҳрро аз тарафи рости хона, дар тарафи ҷанубу шарқӣ, гузошт.+
40 Ҳиром+ ҳамчунин тосҳо, хокандозҳо+ ва косаҳо+ сохт.
Ҳиром тамоми кори хонаи Яҳуваро, ки барои шоҳ Сулаймон ба ҷо меовард, ба анҷом расонд. Ӯ ин чизҳоро сохт:+ 41 ду сутун+ ва бошаҳои косашаклеро, ки дар болои ин сутунҳо буданд, ду тӯр+ барои пӯшондани ду бошаи косашакли сари сутунҳо, 42 400 анор+ барои ду тӯр, ду қатор анор барои ҳар тӯр, барои пӯшондани ду бошаи косашакли сари сутунҳо, 43 даҳ ароба+ ва даҳ тоси+ болои аробаҳо, 44 Баҳр+ ва 12 буққаи зери он, 45 лаганҳо, хокандозҳо, косаҳо ва тамоми ашё барои хонаи Яҳува. Ҳиром ҳамаи инро барои шоҳ Сулаймон аз миси сайқалӣ сохт. 46 Подшоҳ онҳоро дар ноҳияи Урдун, байни Суккӯт ва Сортон, дар қолабҳои гилин рехт.
47 Сулаймон ягонтои ин чизҳоро барнакашид, зеро шумораи онҳо беҳад бисёр буд, ва вазни мисро муайян накарданд.+ 48 Сулаймон барои хонаи Яҳува ашёи зеринро тайёр кард: қурбонгоҳи+ тиллоӣ, мизи+ тиллоӣ барои гузоштани нони пешкаш, 49 чароғпояҳо+ аз зари тоза, панҷто аз тарафи рост ва панҷто аз тарафи чап, дар пеши ҳуҷраи дарун; ғунчаҳо,+ чароғҳо ва анбурҳои тиллоӣ;+ 50 тосҳо, оташкушҳо,+ косаҳо, пиёлаҳо+ ва бухурдонҳо+ аз зари тоза; чархишгоҳҳои тиллоӣ барои дарҳои ҳуҷраи дарун,+ яъне Макони поктарин, ва барои дарҳои хонаи ибодатгоҳ.+
51 Шоҳ Сулаймон ҳамаи корҳоеро, ки барои хонаи Яҳува кардан лозим буд, ба анҷом расонд. Пас аз ин Сулаймон чизҳоеро, ки падараш Довуд ба Худо бахшида буд*,+ ба он ҷо овард ва нуқра, тилло ва дигар чизҳоро ба ганҷинаҳои хонаи Яҳува гузошт.+