Оё гуфтаҳои Китоби Муқаддас ба илм рост меояд?
Ҷавоби Китоби Муқаддас
Бале, рост меояд. Гарчанд Китоби Муқаддас асари илмӣ нест, маълумоти илмие, ки дар он оварда шудааст, аниқ мебошад. Биёед якчанд мисолеро дида бароем, ки мувофиқати илму Китоби Муқаддасро нишон медиҳанд. Ҳамчунин мефаҳмем, ки гуфтаҳои илмии Китоби Муқаддас то чӣ андоза аз бовару ақидаҳои одамоне, ки дар замони навишта шудани он мезистанд, фарқ мекунад.
Коинот, ё даҳр, аввал дошт (1 Мӯсо 1:1). Баръакси ин гуфтаи Китоби Муқаддас бисёр қиссаву ривоятҳои қадимӣ мегӯянд, ки коинот офарида нашудааст, балки аз ҳарҷумарҷ пайдо шудааст. Бобилиён бовар доштанд, ки худоёне, ки оламро зодаанд, аз ду уқёнус берун омадаанд. Мувофиқи ривоятҳои дигар бошад, коинот аз тухми азиме ба вуҷуд омадааст.
Коинот бо қонунҳои бохирадонаю устувори табиат идора карда мешавад, на бо ҳавасбозии ба ном худоён (Айюб 38:33; Ирмиё 33:25). Ривоятҳои халқҳои дунё бошанд, таълим медиҳанд, ки одамизод бар зидди ҳавасу ҳардамхаёлии худоён ва рафтори гоҳо бераҳмонаи онҳо коре карда наметавонад.
Мувофиқи Китоби Муқаддас замин бар чизе овезон нест (Айюб 26:7). Одамони қадим бошанд, бовар доштанд, ки замин ҳамвор аст ва бар паҳлавоне ё ҳайвоне, ба мисли фил ё сангпушт, меистад.
Чашмаву дарёҳо аз обҳое сероб мешаванд, ки аз сатҳи баҳру уқёнусҳо бухор мешаванд ва сипас борон, барф ё жола шуда, ба замин меборанд (Айюб 36:27, 28; Пандгӯ 1:7; Ишаъё 55:10; Омӯс 9:6). Вале юнониёни қадим фикр мекарданд, ки дарёҳо аз уқёнуси зеризаминӣ сероб мешаванд, ва ин ақида то асри 18 аз байн нарафта буд.
Кӯҳҳо бо мурури замон баланду паст мешаванд ва кӯҳҳое, ки имрӯз вуҷуд доранд, замоне зери уқёнус буданд (Забур 104:6, 8). Бар хилофи ин дар баъзе ривоятҳо гуфта мешавад, ки худоён кӯҳҳоро дар шакли ҳозираашон офаридаанд.
Риоя кардани қонуну қоидаҳои тозагӣ ба саломатӣ фоида дорад. Дар Шариате, ки ба халқи Исроил дода шуда буд, гуфта шудааст, ки дастҳоро пас аз расидан ба ҷасад бишӯянд, касоне, ки бемории гузаранда доранд, алоҳида бошанд ва ахлоти одамон таги хок карда шавад (3 Мӯсо 11:28; 13:1–5; 5 Мӯсо 23:13). Дар замоне ки ин амрҳо дода шуда буданд, дар Миср барои табобати захм доруеро истифода мебурданд, ки ахлоти одамро дошт.
Оё Китоби Муқаддас хатоҳои илмӣ дорад?
Бо назари дуруст тадқиқу омӯзиш кардани Китоби Муқаддас маълум месозад, ки чунин хатоҳо нестанд, вале дар ин бобат баъзе ақидаҳои ғалати паҳншудае вуҷуд доранд. Биёед якчандтои онҳоро дида бароем.
Ақида: Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки коинот дар давоми шаш шабонарӯз, ки ҳар яке аз 24 соат иборат аст, офарида шудааст.
Ҳақиқат: Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Худо коинотро кай офарид (1 Мӯсо 1:1). Ғайр аз ин, рӯзҳои офаринише, ки дар боби якуми китоби якуми Мӯсо дар бораашон навишта шудааст, вақтеро дар бар мегиранд, ки давомнокияш маълум нест. Ҳамчунин тамоми даврае, ки замину осмон сохта шудаанд, «рӯз» номида шудааст (1 Мӯсо 2:4).
Ақида: Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки растаниҳо пеш аз офтоб, ки бе он фотосинтез ба амал намеояд, офарида шудаанд (1 Мӯсо 1:11, 16).
Ҳақиқат: Китоби Муқаддас мегӯяд, ки офтоб — яке аз ситораҳое, ки қисми «осмон» аст, пеш аз растаниҳо офарида шудааст (1 Мӯсо 1:1). Дар «рӯзи якум», яъне давраи якуми офариниш, равшании офтоб ба замин хира мерасид. Дар «рӯзи сеюм», вақте ҳаво тозатар шуд, равшании офтоб ба замин бештар расидан гирифт, ки барои ба амал омадани фотосинтез кифоя буд (1 Мӯсо 1:3–5, 12, 13). Танҳо баъд аз ин офтоб аз замин баръало намудор гашт (1 Мӯсо 1:16).
Ақида: Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки офтоб гирди замин давр мезанад.
Ҳақиқат: Дар Пандгӯ 1:5 гуфта шудааст: «Офтоб мебарояду мешинад ва ба маконе мешитобад, ки боз аз он мебарояд». Ин суханон фақат онро мефаҳмонанд, ки офтоб аз назари одам чӣ гуна ҳаракат мекунад. Ҳатто имрӯз одамон мегӯянд, ки «офтоб мебарояд» ё «офтоб мешинад», гӯё офтоб гирди замин давр мезада бошад, гарчанд медонанд, ки замин гирди офтоб чарх мезанад.
Ақида: Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки замин ҳамвор аст.
Ҳақиқат: Ибораи «то гӯшаю канори замин», ки дар Китоби Муқаддас омадааст, маънои онро надорад, ки замин ҳамвор аст ё канору охир дорад (Корнома 1:8). Ба ин монанд, ифодаи «чор канори дунё» ибораи рехтаест, ки тамоми заминро дар назар дорад (Ишаъё 11:12). Имрӯз низ одамон чунин ибораҳоро истифода мебаранд. Масалан, вақте дар бораи ҷойи дуртарин гап мезананд, «он лаби дунё» мегӯянд, лекин онҳо дар назар надоранд, ки замин лаб ё канор дорад.
Ақида: Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дарозии давра расо се баробари қутр (ё диаметр)-и, он аст, вале барои ёфтани дарозии давра қутри онро на ба се, балки ба воҳиди π (пи) зарб задан даркор аст, яъне тахминан ба 3,1416.
Ҳақиқат: Дар 3 Подшоҳон 7:23 ва 2 Воқеанома 4:2 дар бораи ҳавзи рехтае гуфта шудааст, ки «Баҳр» ном дошт ва доирашакл буд. Мувофиқи ин оятҳо қутри он 10 газ ва «даври он бо таноби андозагирӣ 30 газ буд». Ин андозаҳо, шояд, яклухт карда шудаанд. Ҳамчунин мумкин аст, ки гирди ҳавзро аз дарун ва қутри онро аз берун чен карда буданд.