Ишаъё
48 Инро бишнавед, эй хонадони Яъқуб,
Ки худро ба номи Исроил хондаеду+
Аз Яҳудо сарчашма гирифтаед,
Ба номи Яҳува қасам мехӯреду+
Сӯйи Худои Исроил мехонед,
Вале на бо росткориву аз дили соф.+
2 Онҳо худро бо номи шаҳри муқаддас+ мехонанд
Ва аз Худои Исроил, ки номаш Яҳува, Худои лашкарҳост, кумак меҷӯянд.+
3 «Чизҳои пешинаро ба шумо аз қадим гуфтаам.
Онҳо аз даҳони ман баромадаанд,
Ман онҳоро эълон намудаам.+
Ногаҳон амал кардам ва онҳо иҷро шуданд.+
4 Ман медонистам, ки ту якрав ҳастӣ,
Рагу пайи гарданат оҳанин ва пешоният мисин аст,+
5 Барои ҳамин инро аз қадим баён намудам.
Пеш аз он ки ин ба амал ояд, туро хабардор кардам,
То нагӯӣ: “Инро бути ман кардааст,
Ҳайкали тарошида ва ҳайкали рехтаи ман фармудааст”.
6 Шумо ҳамаи инро шунида ва дидаед.
Наход инро ба дигарон нарасонед?+
Ҳоло ман ба ту чизҳои нав,+
Розҳои ниҳонеро, ки намедонистӣ, эълон мекунам.
7 Онҳо на аз қадим, балки ҳоло ба амал омада истодаанд,
Ва ту ин чизҳоро то имрӯз нашунида будӣ.
Аз ин рӯ ту гуфта наметавонӣ: “Ман инро медонистам”.
8 Ту нашунида будӣ+ ва намедонистӣ
Ва аз замони пеш гӯшҳоят пӯшида буданд.
9 Вале ба хотири номи худ ман ғазабамро бозмедорам,+
Ва барои ҷалоли худ худдорӣ намуда,
Туро нобуд намекунам.+
11 Ба хотири худам, ба хотири худам амал мекунам.+
Охир, чӣ хел гузорам, ки номам хор шавад?+
Ман ҷалоли худро ба касе намедиҳам.
12 Ба ман гӯш андоз, эй Яъқуб ва эй Исроил, ки туро даъват кардаам.
Ман ҳамонам, ки будам.+ Ман аввалин ва охирин ҳастам.+
Вақте онҳоро даъват кунам, ҳозир мешаванд.
14 Ҳамаатон ҷамъ шавед ва гӯш диҳед.
Кист аз миёни онҳо, ки ин чизҳоро эълон карда бошад?
Ман, Яҳува, ӯро дӯст доштаам.+
15 Ман гуфтаам ва ӯро даъват кардаам.+
Ман ӯро овардаам ва ӯ дар роҳи худ комёб мешавад.+
16 Ба наздам омада, бишнавед.
Аз аввали аввал пинҳонӣ гап назадаам+
Ва аз вақти рӯй доданаш ҳамон ҷо будам».
Ҳоло Парвардигор Яҳува маро бо рӯҳаш фиристодааст.
17 Яҳува, Товондеҳи ту ва Худои Поки Исроил, чунин мегӯяд:+
«Ман — Яҳува, Худои ту ҳастам,
Ки туро таълим медиҳам, то ба худат фоида бирасонӣ,+
Туро бо роҳе мебарам, ки бояд бо он биравӣ.+
18 Кошки ба амрҳои ман гӯш медодӣ!+
19 Он гоҳ насли ту мисли рег бисёр
Ва фарзандонат мисли регрезаҳо сершумор мебуданд+
Ва номашон ҳеҷ гоҳ аз пеши ман несту нобуд намешуд».
20 Аз Бобил берун оед!+
Аз пеши калдониён бигрезед!
Инро бо нидои шодӣ эълон намоед!+
Инро хабар диҳед ва то канорҳои дунё бирасонед!+
Бигӯед: «Яҳува бандааш Яъқубро бозхаридааст.+
21 Вақте онҳоро аз харобазорҳо мегузаронд, ташна намешуданд.+
Ӯ барояшон аз кӯҳпора об баровард,
Сангро шикоф кард ва аз он об ҷорӣ шуд».+
22 «Вале бадкорон осоиштагиро намебинанд»,— мегӯяд Яҳува.+