Ҳизқиёл
34 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, бар зидди чӯпонони Исроил пешгӯйӣ бикун ва ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вой бар ҳоли чӯпонони Исроил,+ ки худро мечаронанд! Магар чӯпонон набояд рамаро чаронанд?+ 3 Шумо дунба мехӯред, либоси пашмин мепӯшед ва гӯсфанди фарбеҳтаринро мекушед,+ вале рамаро намечаронед.+ 4 Шумо гӯсфандони нимҷонро бақувват накардед, касалашро сиҳат нанамудед, пошикастаро тахтабанд накардед, дуршударо барнагардондед ва гумшударо накофтед,+ балки бо ҷабру ситам бар онҳо ҳукм рондед.+ 5 Онҳо бе чӯпон монда тит шуданд.+ Онҳо титу пароканда шуда, туъмаи даҳони даррандагони саҳро гаштанд. 6 Гӯсфандони ман бар ҳама кӯҳҳо ва бар ҳар теппаи баланд овораю сарсон гаштанд. Гӯсфандони ман дар рӯйи замин тит шуданд ва касе онҳоро суроғ накарду аз паяшон нашуд.
7 Аз ин рӯ, эй чӯпонон, паёми Яҳуваро бишнавед: 8 “Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— азбаски гӯсфандони ман бе чӯпон монда сайд ва туъмаи даҳони даррандагони саҳро шуданд ва шумо гӯсфандонамро наҷустед ва гӯсфандонамро нею худро чарондед, 9 эй чӯпонон, паёми Яҳуваро бишнавед. 10 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман зидди ин чӯпонон ҳастам ва гӯсфандонамро аз дасти онҳо талаб мекунам. Ман онҳоро аз сари рама сур мекунам ва онҳо дигар шикамчаронӣ намекунанд.+ Ман гӯсфандонамро аз даҳони онҳо халос мекунам ва онҳо дигар хӯроки даҳони чӯпонон намешаванд”.
11 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Инак, ман ҳозирам. Ман худам гӯсфандонамро ҷустуҷӯ ва нигоҳубин мекунам.+ 12 Ман мисли чӯпоне, ки гӯсфандони парокандаро меёбаду мечаронад, гӯсфандонамро нигоҳубин хоҳам кард.+ Ман онҳоро, аз ҳар ҷое ки дар рӯзи тира, дар рӯзи абру меғ,+ титу пароканда шуда буданд, раҳо мекунам. 13 Ман онҳоро аз миёни халқҳо мебарорам, аз кишварҳо ҷамъ оварда, ба заминашон меорам ва бар кӯҳҳои Исроил, назди рӯдҳо ва дар ҳамаи ободониҳои ин замин мечаронам.+ 14 Ман онҳоро дар чарогоҳи нағз мечаронам ва онҳо дар кӯҳҳои баланди Исроил алаф мехӯранд.+ Онҳо дар марғзорҳо хоҳанд хобид+ ва дар алафзорҳои беҳтарини кӯҳҳои Исроил хоҳанд чарид.
15 Ман худам гӯсфандонамро мечаронам+ ва худам онҳоро мехобонам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 16 Ман гумшударо мекобам,+ дуршударо бармегардонам, захмдорро ҷароҳатбандӣ мекунам ва нимҷонро қувват мебахшам, фарбеҳу зӯроварро бошад, нест мекунам — ман вайро бо ҳукми ҷазо сер менамоям.
17 Ба шумо, эй гӯсфандони ман, Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ба қарибӣ байни як гӯсфанду гӯсфанди дигар ва байни қӯчқорҳову нарбузҳо доварӣ мекунам.+ 18 Ба шумо дар алафзорҳои беҳтарин чаридан бас набуд ки, боқимондаи чарогоҳҳоятонро поймол мекунед? Наход оби софу тозатаринро нӯшида, ба он пой кӯбеду лояш кунед? 19 Акнун гӯсфандонам дар алафзоре, ки шумо поймол кардед, бичаранд ва аз обе, ки лой кардед, бинӯшанд?!”
20 Бинобар ин Парвардигор Яҳува ба онҳо чунин мегӯяд: “Ман байни гӯсфанди фарбеҳу хароб доварӣ хоҳам кард, 21 чунки шумо ҳамаи касалҳоро бо китфу паҳлуятон тела медодеду шох мезадед ва оқибат пеш карда, пароканда намудед. 22 Ман гӯсфандонамро раҳо мекунам ва онҳо дигар сайд нахоҳанд буд.+ Ман миёни гӯсфандон доварӣ хоҳам кард. 23 Ман бар онҳо як чӯпон, бандаам Довудро,+ мегузорам+ ва ӯ онҳоро хоҳад чаронид. Ӯ онҳоро мечаронад ва чӯпони онҳо мешавад.+ 24 Ман, Яҳува, Худои онҳо мешавам+ ва бандаам Довуд сарвари онҳо хоҳад буд.+ Инро ман, Яҳува, гуфтаам.
25 Ман бо онҳо аҳду паймони осоиштагӣ мебандам+ ва заминро аз даррандагон пок месозам,+ то ки онҳо дар даштҳо тинҷу осуда зиндагӣ кунанд ва дар ҷангалҳо бихобанд.+ 26 Ман онҳову атрофи теппаи худро ба баракат табдил медиҳам,+ боронро дар мавсимаш мефиристам ва баракатро мисли борон меборонам.+ 27 Дарахтони саҳро меваи худ ва замин ҳосилашро хоҳад дод+ ва онҳо дар замини худ тинҷу осуда хоҳанд зист. Вақте юғи* гарданашонро бишканам+ ва онҳоро аз дасти ғуломдорон халос кунам, мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам. 28 Онҳо дигар луқмаи даҳони халқҳо ва туъмаи даррандагон нахоҳанд буд, балки тинҷу осуда зиста, аз касе нахоҳанд тарсид.+
29 Ман барои онҳо боғистони номдоре бунёд мекунам ва онҳо дигар дар ин замин аз гушнагӣ намемуранд+ ва халқҳо дигар онҳоро паст намезананд.+ 30 Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман, Худояшон Яҳува, бо онҳо ҳастам ва онҳо, хонадони Исроил, халқи мананд,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
31 Шумо, эй гӯсфандонам,+ ки рамаи чарогоҳи ман ҳастед, одами хокиед, ман бошам, Худои шумо ҳастам”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».