Ошкорсозӣ
14 Баъд ман бар кӯҳи Сион+ Барраро+ дидам. Бо ӯ 144 000 нафар+ истода буданд, ки бар пешониҳояшон номи ӯ ва номи Падари ӯ+ навишта шуда буд. 2 Ман аз осмон садое шунидам, ки монанди шувваси обҳои бисёр ва гулдурроси раъди пурзӯр буд. Ин садо ба овози сарояндагоне монандӣ дошт, ки чанг* навохта, суруд мехонанд. 3 Онҳо дар пеши тахт ва дар пеши чор ҷонзоду+ пирон+ чизеро ба монанди суруди наве месароянд+ ва ҳеҷ кас натавонист ин сурудро ёд гирад, ғайр аз 144 000 нафар,+ ки аз замин харида шудаанд. 4 Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон нопок нагаштаанд, онҳо покдомананд*.+ Онҳо касонеянд, ки, ҳар куҷое Барра равад, аз пайи ӯ мераванд+ ва аз байни одамон харида шудаанд,+ то ба Худо ва Барра ҳамчун ҳосили аввалин+ пешкаш гарданд. 5 Дар забонашон дурӯғе ёфт нашудааст; онҳо беайбанд.+
6 Сипас фариштаи дигареро дидам, ки дар осмон парвоз мекард ва хушхабари абадиро ба сокинони замин, ба ҳар миллат, қабила, забон ва халқ, мерасонд.+ 7 Вай бо овози баланд мегуфт: «Аз Худо битарсед ва ӯро ҷалол диҳед, зеро соати доварии ӯ расидааст.+ Офаридгори осмон, замин, баҳр+ ва чашмаҳои обро бипарастед».
8 Аз паси вай фариштаи дигаре берун омад, ки мегуфт: «Фурӯ ғалтид! Бобили бузург+ фурӯ ғалтид!+ Зане, ки ҳамаи халқҳоро маҷбур мекард аз шароби шаҳват* ва зинояш* бинӯшанд, фурӯ ғалтид».+
9 Аз паси онҳо фариштаи сеюм берун омад, ки бо овози баланд мегуфт: «Агар касе ба ҳайвони ваҳшӣ+ ва ҳайкали он саҷда кунад ва бар пешонӣ ё дасти худ аломат гирад,+ 10 ӯ низ аз шароби ғазаби Худо, шароби тозае, ки ба косаи хашми Ӯ рехта мешавад, менӯшад+ ва дар пеши назари фариштагони муқаддас ва Барра бо оташу кибрит*+ азоб дода мешавад. 11 Аз оташе, ки онҳоро дар он азоб медиҳанд*, то абад дуд мебарояд+ ва касоне, ки ба ҳайвони ваҳшиву ҳайкали он саҷда мекунанд, ва ҳар касе, ки аломати номи вайро қабул менамояд,+ шабу рӯз оромӣ намеёбанд. 12 Дар ин ҷо ба покон,+ яъне ба касоне, ки амрҳои Худоро риоя мекунанду ба имони+ Исо пайравӣ менамоянд*, истодагарӣ лозим аст».
13 Сипас ман овозеро аз осмон шунидам, ки мегуфт: «Бинавис: хушбахтанд касоне, ки минбаъд дар ягонагӣ бо Ҳазрат мемиранд.+ Бале,— мегӯяд рӯҳ,— бигзор онҳо аз меҳнати худ ором гиранд, зеро корҳояшон фаромӯш намешаванд*».
14 Баъд аз ин ман нигоҳ кардам ва абри сафедеро дидам ва касе, ки бар он менишаст, монанди фарзанди одам буд.+ Ӯ бар сар тоҷи тилло ва дар даст доси тез дошт.
15 Фариштаи дигаре аз муқаддасгоҳи ибодатгоҳ баромад ва бо овози баланд фарёд зада ба касе, ки бар абр менишаст, гуфт: «Доси худро ба кор андохта дарав кун, зеро вақти дарав омадааст ва ҳосили замин пухта расидааст».+ 16 Он гоҳ касе, ки бар абр менишаст, доси худро дар замин ба кор бурд ва ҳосили замин даравида шуд.
17 Баъди ин аз муқаддасгоҳи ибодатгоҳе, ки дар осмон аст, фариштаи дигаре берун омад ва ӯ низ доси тез дошт.
18 Аз қурбонгоҳ фариштаи дигаре берун омад, ки бар оташ қудрат дошт. Вай ба фариштае, ки доси тез дошт, бо овози баланд гуфт: «Доси худро ба кор андоз ва хӯшаҳои ангури заминро ҷамъ овар, зеро ҳосили он пухтааст».+ 19 Он гоҳ он фаришта доси худро дар замин ба кор бурд ва хӯшаҳои ангурро бурида, ба чархушти* бузурги ғазаби Худо партофт.+ 20 Он ангурро дар чархушти беруни шаҳр пойкӯб карданд ва хуне, ки аз чархушт берун шуд, то ҷилави аспон баланд гашта, тахминан ба масофаи 300 километр* ҷорӣ шуд.