Ирмиё
17 «Гуноҳи Яҳудо бо қалами оҳанин навишта шудааст.
Он бо нӯги алмос бар лавҳи дилҳояшон
Ва бар шохҳои қурбонгоҳҳояшон кандакорӣ шудааст,
2 Дар ҳоле ки писаронашон дар фикри қурбонгоҳҳо ва Ашераҳои*+ худанд.
Онҳо дар байни дарахтони сершоху барг ва дар теппаҳои баланд,+
3 Дар кӯҳҳо ва саҳрои кушод қарор доранд.
Сарват ва тамоми ганҷи туро ба тороҷ медиҳам+
Ва баландиҳоятро ғанимати дигарон месозам, зеро гуноҳи ту дар саросари заминат паҳн шудааст.+
4 Бо айби худат аз меросе, ки ба ту додам, маҳрум мешавӣ.+
Туро дар замине, ки надидаӣ, хизматгори душманонат мегардонам,+
Он то абад хомӯш нахоҳад шуд».
5 Яҳува чунин мегӯяд:
«Лаънат бар касе, ки ба одамизод умед бандад,+
Касе, ки ба бозуи инсон такя кунад+
Ва дилаш аз Яҳува дур шавад.
6 Ӯ мисли дарахти яккаву танҳо дар биёбон хоҳад буд,
Ӯ рӯйи хубиро нахоҳад дид,
Дар ҷойҳои хушки биёбон
Ва дар шӯразамини беодам зиндагӣ хоҳад кард.
7 Барака ёбад касе, ки ба Яҳува таваккал мекунад,
Касе, ки Яҳува қуввати дилаш аст.+
8 Ӯ мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳо шинонида шудааст
Ва решаҳояш сӯйи чашмаҳо паҳн гаштаанд.
Ӯ аз омадани гармо парвое надорад,
Баргҳояш доимо сабзу хурраманд.+
Ҳангоми хушксолӣ ба ташвиш намеояд,
Доимо боровар хоҳад буд.
9 Дил аз ҳама чиз маккортар ва ба ҳар кори хатарнок тайёр аст*.+
Кист, ки онро тавонад дарк кунад?
10 Ман, Яҳува, дилро тафтиш мекунам,+
Ботинро* месанҷам,
То ба ҳар кас мувофиқи рафтораш,
Аз рӯйи самари корҳояш, сазо диҳам.+
11 Ҳар кӣ моли ҳаром ҷамъ мекунад,+
Мисли кабкест, ки тухмҳоеро, ки худаш намондааст, ҷамъ меорад.
Дар нимароҳи умраш сарваташ ӯро тарк мекунад
Ва оқибат беақлияш маълум мешавад».
12 Тахти пурҷалоли Худо аз аввал пуршукӯҳ буд,
Он муқаддасгоҳи мост.+
13 Эй Яҳува, умеди Исроил,
Ҳамаи онҳое, ки туро тарк мекунанд, шарманда хоҳанд шуд.
Номи осиёне, ки аз ту* рӯй мегардонанд, бар хок навишта хоҳад шуд,+
Зеро онҳо Яҳува — сарчашмаи оби ҳаётро, тарк кардаанд.+
14 Эй Яҳува, маро шифо деҳ ва ман шифо меёбам,
Маро наҷот деҳ ва ман наҷот меёбам,+
Зеро туро ситоиш мекунам.
15 Мардум ба ман мегӯянд:
«Барои чӣ паёми Яҳува то ба ҳол иҷро нашудааст?!»+
16 Ман бошам, ҳамчун чӯпон аз пайравии ту дур нашудаам
Ва пазмони рӯзи мусибат ҳам нагаштаам.
Ту ҳар як сухани лабонамро нағз медонӣ,
Онҳо пеши назарат гуфта шудаанд.
17 Маро ба даҳшат наандоз.
Дар рӯзи мусибат ту паноҳгоҳи манӣ.
18 Бигзор дунболагиронам шарманда шаванд,+
Вале нагузор, ки ман шарманда шавам.
Бигзор онҳо ба даҳшат оянд,
Вале нагузор, ки ман ба даҳшат оям.
Ба сарашон фалокат ор+
Ва онҳоро бо шикасти дучанд торумор соз.
19 Яҳува ба ман гуфт: «Бирав ва назди дарвозаи мардум, ки подшоҳони Яҳудо аз он даробаро мекунанд, ва назди тамоми дарвозаҳои Ерусалим биист.+ 20 Ба онҳо бигӯ: “Сухани Яҳуваро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо, эй тамоми мардуми Яҳудо ва эй ҳама сокинони Ерусалим, ки аз ин дарвозаҳо медароед! 21 Яҳува чунин мегӯяд: “Бохабар бошед, ки рӯзи шанбе ягон борро набардоред ва аз дарвозаҳои Ерусалим онро надароред.+ 22 Рӯзи шанбе ягон борро аз хонаатон набароред ва ҳеҷ коре накунед.+ Рӯзи шанберо муқаддас доред, чуноне ки ман ба бобоёнатон фармуда будам.+ 23 Вале онҳо гӯш надоданд ва гӯши худро моил насохтанд. Онҳо гарданшахиву беитоатӣ намуда, насиҳати маро қабул накарданд.+
24 Агар шумо пурра ба ман итоат кунед,— мегӯяд Яҳува,— ва дар рӯзи шанбе аз дарвозаҳои ин шаҳр ягон бор надарореду рӯзи шанберо муқаддас дошта ҳеҷ коре накунед,+ 25 он гоҳ подшоҳон ва мироне, ки бар тахти Довуд нишастаанд,+ савори аспу ароба аз дарвозаҳои ин шаҳр хоҳанд даромад — онҳо, миронашон, мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим.+ Он гоҳ ин шаҳр то абад одамнишин мешавад 26 ва мардум аз шаҳрҳои Яҳудо, аз гирду атрофи Ерусалим, аз замини Бинёмин,+ аз водӣ,+ аз кӯҳистон ва аз Негеб* бо қурбониҳои сӯхтанӣ+ ва дигар қурбониҳо,+ ҳадияҳои ғалла,+ лодан ва қурбониҳои шукргузорӣ ба хонаи Яҳува меояд.+
27 Вале, агар ба ман итоат накунед, рӯзи шанберо муқаддас надоред ва дар рӯзи шанбе аз дарвозаҳои Ерусалим бор дароред, он гоҳ ман дарвозаҳои шаҳрро оташ мезанам. Он қалъаҳои мустаҳками Ерусалимро фурӯ бурда,+ хомӯш нахоҳад шуд”».+