1 Юҳанно
1 Мо ба шумо дар бораи шахсе менависем, ки каломи ҳаёт аст. Ӯ аз аввал вуҷуд дошт ва мо ӯро шунида будем, бо чашмони худ дида будем, мушоҳида карда будем ва ба ӯ даст расонда будем+ 2 (бале, ҳаёт ба мо маълум гашт ва мо онро дидем, акнун бошад, ба шумо дар бораи ҳаёти ҷовидоние,+ ки аз Падар асту ба мо маълум гашт, шаҳодат медиҳему+ хабар мерасонем). 3 Мо дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон ба шумо хабар медиҳем,+ то шумо низ бо мо ягонагӣ дошта бошед. Ин ягонагӣ ягонагӣ бо Падар ва Писараш Исои Масеҳ* аст.+ 4 Мо ин суханонро ба шумо барои он менависем, ки хурсандии мову шумо пурра шавад.
5 Хабаре, ки мо аз ӯ шунидему ба шумо эълон мекунем, чунин аст: Худо рӯшноӣ аст+ ва дар ӯ як зарра ҳам торикӣ нест. 6 Агар мо гӯем, ки бо Худо ягонагӣ дорем, лекин худамон дар торикӣ роҳ равем, дурӯғ мегӯем ва мувофиқи ростӣ рафтор намекунем.+ 7 Лекин, агар дар рӯшноӣ роҳ равем, чи тавре ки худи Худо дар рӯшноист, пас, бо якдигар ягонагӣ дорем ва хуни Писараш Исо моро аз ҳар гуноҳ пок мекунад.+
8 Агар гӯем, ки бегуноҳем, худро фиреб медиҳем+ ва дар мо ростӣ нест. 9 Агар гуноҳҳои худро ба гардан гирем, Худои бовафову одил гуноҳҳои моро мебахшад ва моро аз ҳар гуна бадкорӣ пок месозад.+ 10 Агар гӯем, ки гуноҳе накардаем, Худоро дурӯғгӯй мебарорем ва сухани ӯ дар мо нест.