1 Мӯсо
4 Одам бо зани худ Ҳавво ҳамхоб шуд ва ӯ ҳомила гардид.+ Ӯ Қобилро*+ таваллуд кард ва гуфт: «Ман бо ёрии Яҳува писаре ба дунё овардам». 2 Баъдтар ӯ бародари вай Ҳобилро+ таваллуд кард.
Ҳобил чӯпони рама шуд, Қобил бошад, деҳқон. 3 Якчанд вақт пас Қобил аз ҳосили замин барои Яҳува ҳадия овард. 4 Ҳобил бошад, аз нахустзодагони рамаи худ+ ва чарбуи онҳо ҳадия овард. Яҳува Ҳобил ва ҳадияи ӯро маъқул кард,+ 5 вале Қобил ва ҳадияи вайро маъқул накард. Қобил аз ин ба хашм омаду сахт зиқ шуд. 6 Он гоҳ Яҳува ба Қобил гуфт: «Чаро ин қадар хашмгину зиқ шудӣ? 7 Агар ба некукорӣ рӯ орӣ*, оё розигии маро соҳиб намешавӣ*? Вале, агар рӯ наорӣ, гуноҳ дар даҳани дар поида истодааст* ва мехоҳад бар ту дастболо шавад. Оё ту бар он ҳукмфармо мешавӣ?»
8 Баъд аз ин Қобил ба бародараш Ҳобил чунин гуфт: «Биё ба саҳро равем». Ҳангоме ки онҳо дар саҳро буданд, Қобил ба бародараш Ҳобил ҳамла овард ва ӯро кушт.+ 9 Чанде пас Яҳува ба Қобил гуфт: «Бародарат Ҳобил куҷост?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Намедонам. Магар ман посбони бародарам ҳастам?» 10 Он гоҳ Худо ба ӯ гуфт: «Ин чӣ коре буд, ки ту кардӣ? Гӯш андоз! Хуни бародарат аз замин сӯйи ман фарёд мезанад.+ 11 Акнун ту лаънат карда шуда аз ин замин ронда мешавӣ, аз замине, ки даҳони худро кушодааст ва хуни бародаратро, ки ту рехтӣ, фурӯ бурдааст.+ 12 Вақте заминро киштукор кунӣ, он ҳосили* худро ба ту намедиҳад. Ту дар рӯйи замин овораву сарсон ва гуреза мешавӣ». 13 Қобил дар ҷавоб ба Яҳува гуфт: «Ҷазои гуноҳам аз ҳад вазнин аст. 14 Имрӯз ту маро аз ин замин меронӣ ва ман аз назари ту пинҳон мешавам. Ман бар замин овораву сарсон ва гуреза мешавам ва ҳар кӣ маро бубинад, ҳатман мекушад». 15 Он гоҳ Яҳува ба ӯ гуфт: «Пас, ҳар касе, ки Қобилро кушад, ҳафтчандон аз вай қасос гирифта мешавад».
Сипас Яҳува барои Қобил аломате гузошт, то ҳар кӣ ӯро бубинад, накушад. 16 Қобил аз назари Яҳува дур шуд ва дар замини Нӯд*, дар шарқи Адан,+ ҷой гирифт.
17 Баъд Қобил бо зани худ ҳамхоб шуд+ ва ӯ ҳомила шуда, Ҳанӯхро зоид. Пас аз ин Қобил ба сохтани шаҳре сар кард ва он шаҳрро ба номи писараш Ҳанӯх номид. 18 Баъдтар Ҳанӯх Иродро ба дунё овард. Ирод Маҳиёилро ба дунё овард. Маҳиёил Матушоилро ба дунё овард. Матушоил Ломакро ба дунё овард.
19 Ломак барои худ ду зан гирифт: номи яке Одо буду номи дигаре Зилло. 20 Одо Ёболро таваллуд кард. Ёбол падари тамоми хайманишинон ва чорводорон буд. 21 Номи бародари ӯ Юбол буд. Ӯ падари ҳамаи чангнавозон ва найнавозон буд. 22 Зилло Тубалқоинро таваллуд кард, ки ӯ ҳар навъ асбоби мисин ва оҳанин месохт. Хоҳари Тубалқоин Наамо ном дошт. 23 Ломак барои занони худ Одо ва Зилло ин суханонро эҷод кард:
«Овози маро бишнавед, эй занони Ломак!
Ба сухани ман гӯш диҳед:
Мардеро, ки захмдорам кард, куштам
Ва ҷавонеро, ки зарбаам зад, қатл намудам.
24 Агар барои Қобил ҳафтчандон қасос гирифта шавад,+
Барои Ломак ҳафтоду ҳафтчандон».
25 Одам боз бо зани худ ҳамхоб шуд ва ӯ писаре зоид. Ҳавво писарашро Шет*+ номид, зеро чунин гуфт: «Худо ба ман насли дигаре ато кард*, ба ҷойи Ҳобил, ки Қобил ӯро кушт».+ 26 Шет низ писаре ба дунё овард ва ӯро Анӯш+ ном монд. Дар он замон мардум ба хондани номи Яҳува сар карданд.