Яҳува моро ғамхорона назорат мекунад
«Чашмони Худованд дар ҳама ҷост: бадон ва неконро мушоҳида менамояд» (МАС. 15:3).
1, 2. Яҳува моро бо кадом мақсад назорат мекунад ва ин аз мақсади истифодаи камераҳои назоратӣ бо чӣ фарқ мекунад?
ДАР бисёр мамлакатҳо ҳокимиятдорон барои назорат кардани гардиши нақлиёт ва ба навор гирифтани садамаҳои рухдода аз камераҳои назоратӣ васеъ истифода мебаранд. Агар ронандае одамони роҳгузарро бо мошин зада, ба ҷои ёрӣ додан аз ҷои садама гурехта равад, навори дар камера сабтшуда барои шинохтан ва дастгир кардани ҷинояткор кӯмак мекунад. Азбаски дар ҳама ҷойҳо чунин камераҳо гузошта шудаанд, қариб ҳеҷ кас аз оқибатҳои амали нодурусташ гурехта наметавонад.
2 Лекин, оё гуфтан мумкин аст, ки Падари пурмуҳаббатамон Яҳува моро мисли чунин камераҳо назорат мекунад? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «чашмони Худованд дар ҳама ҷост» (Мас. 15:3). Вале оё ин маънои онро дорад, ки Ӯ танҳо бо мақсади ёфтани айбу хатоҳоямон ба мо назар мекунад? Оё Худо танҳо интизори он аст, ки моро ҳангоми вайрон кардани қонунаш ҷазо диҳад? (Ирм. 16:17, Ибр. 4:13). Албатта не! Яҳува моро пеш аз ҳама барои он назорат мекунад, ки ҳар яки моро дӯст медорад ва баҳри беҳбудии мо ғам мехӯрад (1 Пет. 3:12).
3. Бо кадом панҷ роҳ Яҳува нисбати мо ғамхорӣ мекунад?
3 Чӣ тавр мо хубтар фаҳмида метавонем, ки Худо моро аз муҳаббат назорат мекунад? Биёед ҳоло панҷ роҳеро, ки тавассути онҳо Яҳува ба мо ғамхорӣ мекунад, дида бароем. 1) Вақте ки дар мо майлҳои гунаҳкорона пайдо мешаванд, Ӯ моро огоҳ мекунад; 2) Вақте мо ба роҳи нодуруст қадам мемонем, Ӯ моро ислоҳ менамояд; 3) Яҳува моро тавассути принсипҳои Каломаш роҳнамоӣ мекунад; 4) Дар вақти дучор шудан бо озмоишҳо Ӯ ба мо кӯмак мекунад; 5) Моро барои корҳои хубамон мукофот медиҳад.
ЯҲУВА МОРО ОГОҲ МЕКУНАД
4. Яҳува бо кадом ният Қобилро огоҳ карда гуфт, ки «гуноҳ дар сари остона аст»?
4 Якум, биёед дида бароем, ки чӣ тавр Худо пеш аз он ки дар мо майлҳои бад инкишоф ёбанд, моро огоҳ мекунад (1 Вақ. 28:9). Барои чуқур фаҳмидани ин ҷониби ғамхории Худо, оиди муносибати Ӯ бо Қобил фикр кунед. Вақте ки ҳадяи Қобил ба Яҳува писанд наафтод, «Қобил хеле ба хашм омад, ва рӯяш турш шуд». (Ҳастӣ 4:3–7-ро бихонед.) Яҳува Қобилро ташвиқ кард, ки ба «некӣ» рӯ оварад ва агар не, гӯё гуноҳ «дар сари остона» ӯро интизор буд. Худо ба Қобил гуфт: «Ту бар вай [гуноҳ] ҳукмфармо шав». Яҳува мехост, ки Қобил ба огоҳии Ӯ гӯш дода, дар назари Ӯ «мақбул» шавад. Агар Қобил итоат мекард, ӯ бо Худо муносибати хубро нигоҳ дошта метавонист.
5. Бо кадом роҳҳо Яҳува моро аз майлҳои зарарнок огоҳ мекунад?
5 Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Яҳува даруни дили моро дида метавонад. Ӯ фикру хоҳишҳои моро медонад ва мо ҳеҷ чизро аз Ӯ пинҳон карда наметавонем. Падари меҳрубони мо мехоҳад, ки мо бо роҳи рост ва нек равона шавем, вале Ӯ моро ба ин маҷбур намекунад. Вақте Ӯ мебинад, ки мо ба роҳи хато рафта истодаем, Ӯ моро огоҳ мекунад. Чӣ тавр? Масалан ҳангоми хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас, тавассути хондани адабиётҳоямон ва дар вақти ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтан мо метавонем огоҳиҳои Худоро шунавем. Оё шумо боре чизеро хондаед ё шунидаед, ки он ба шумо барои ғолиб омадан ба проблемае, ки аз он танҳо Яҳува бохабар буд, кӯмак карда буд. Ин огоҳиҳоро Яҳува маҳз дар вақти лозима ба мо медиҳад.
6, 7. a) Чаро гуфтан мумкин аст, ки Яҳува дар бораи ҳар як хизматгораш ғамхорӣ мекунад? б) Аз таваҷҷӯҳи шахсии Яҳува шумо чӣ тавр манфиат гирифта метавонед?
6 Ҳамаи огоҳиҳои Китоби Муқаддас дар ҳақиқат нишон медиҳанд, ки Яҳува ҳар яки моро дӯст медорад ва барои ғамхорӣ кардан моро меҳрубонона назорат мекунад. Дуруст аст, ки суханони Китоби Муқаддас асрҳо пеш навишта шудаанд; адабиётҳое, ки ташкилотамон нашр мекунад, барои миллионҳо одамон омода шудаанд ва маслиҳатҳое, ки дар вохӯриҳо дода мешаванд, барои тамоми ҷамъомад мебошанд. Ба ҳар ҳол, дар тамоми ин мавридҳо Ӯ диққати шуморо ба Каломаш равона мекунад, то ки шумо тавонед майлҳои нодурустатонро аз худ дур кунед. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки Яҳува шахсан дар бораи шумо меҳрубонона ғамхорӣ мекунад.
7 Барои аз огоҳиҳои Худо манфиат гирифтан, мо бояд пеш аз ҳама дарк кунем, ки Ӯ ҳақиқатан дар бораи беҳбудии мо ғам мехӯрад. Сипас, мо бояд насиҳатҳои Ӯро ба кор бурда, кӯшиш кунем, ки ҳар гуна фикрҳоеро, ки ба Худо писанд нестанд, дарҳол аз худ дур созем. (Ишаъё 55:6, 7-ро бихонед.) Агар мо ба огоҳиҳое, ки ба мо дода мешаванд, гӯш кунем, мо аз бисёр проблемаҳои дарднок худро нигоҳ медорем. Лекин, агар мо ба огоҳӣ гӯш надода, аз рӯи майлҳои нодурусти худ рафтор кунем–чӣ? Оё он вақт низ Падари меҳрубонамон ба мо ғамхорӣ мекунад?
ПАДАРИ ПУРМЕҲРАМОН МОРО ИСЛОҲ МЕКУНАД
8, 9. Маслиҳате, ки Яҳува ба мо тавассути ходимонаш медиҳад, нишонаи чист? Мисол оред.
8 Вақте ки дигарон моро ислоҳ мекунанд, мо метавонем бештар дарк кунем, ки Яҳува дар бораи мо ғамхорӣ карда истодааст. (Ибриён 12:5, 6-ро бихонед.) Рост аст, ки аз касе насиҳат ё мазаммат шунидан ба мо маъқул нест (Ибр. 12:11). Вале оиди он фикр кунед, ки шахсе ки ба мо маслиҳат медиҳад, барои чӣ ин корро мекунад. Ӯ намехоҳад, ки моро хафа кунад ё паст занад, балки дидани он ки муносибати мо бо Яҳува дар хатар аст, ӯро ба ташвиш меорад. Ӯ тайёр аст, ки вақту қуввати худро сарф карда, аз Китоби Муқаддас ба мо нишон диҳад, ки чӣ тавр мо рафторамонро ислоҳ карда, аз нав розигии Яҳуваро ба даст оварда метавонем. Сарчашмаи чунин маслиҳат Яҳува аст, барои ҳамин мо онро ҳурмат мекунем.
9 Биёед як мисолро дида бароем, ки чӣ тавр ғамхории Худо ба воситаи шахси маслиҳатдиҳанда аён гашта метавонад. Як бародар пеш аз ба ҳақиқат омаданаш доимо порнография тамошо мекард, вале баъд ин одаташро партофт. Аммо майли кӯҳнааш то ҳол мисли лахчаи ниммурда дар дилаш ҷой дошт. Вақте ки ӯ телефони нави мобилӣ харид, майли пештарааш аз нав аланга гирифт (Яъқ. 1:14, 15). Ӯ бо телефонаш ба сайтҳои интернетӣ даромада, порнография тамошо мекард. Рӯзе вақте ки ӯ ҳамроҳи як пири ҷамъомад бо воситаи телефон маъвиза мекарданд, вай телефонашро ба дасти он пир дод, то ки суроғаи баъзе хонаҳоро ёбад. Вақте ки пир телефонро истифода бурданӣ шуд, сайтҳои шубҳанок пайдо шуданд. Чунин ранг гирифтани воқеа бар манфиати он бародар буд. Ба ӯ сари вақт маслиҳат дода шуд. Ӯ онро қабул кард ва оқибат бар одати бади худ ғолиб омад. То чӣ андоза мо аз Падари осмониамон миннатдор буда метавонем, ки Ӯ ҳатто гуноҳҳои ниҳонии моро мебинад ва пеш аз он ки дар гуноҳ реша давонем, моро ислоҳ мекунад!
ЯҲУВА БО ПРИНСИПҲОИ КАЛОМАШ МОРО РОҲНАМОӢ МЕКУНАД
10, 11. а) Бо кадом роҳ мо ҳидояту роҳнамоии Худоро ҷуста метавонем? б) Чӣ тавр воқеаи бо як оила рӯйдода оқилона будани риояи принсипҳои Яҳуваро нишон медиҳад?
10 Забурнавис ба Яҳува месуруд: «Бо машварати Худ маро ҳидоят мекунӣ» (Заб. 72:24). Ҳар гоҳе ки мо ба роҳнамоӣ мӯҳтоҷ шавем, мо метавонем Яҳуваро «дарк намо»-ем, яъне аз Каломи Ӯ маслиҳат ҷуста, нуқтаи назари Ӯро оиди масъалаи худ фаҳмем. Принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда, мо муносибатҳои хубро бо Яҳува нигоҳ медорем. Маслиҳатҳои Худо инчунин ба мо дар қонеъ кардани ниёзҳои моддӣ кӯмак мекунанд (Мас. 3:6).
11 Аз мисоли зерин дидан мумкин аст, ки чӣ тавр риояи принсипҳои Яҳува ба мо манфиат меорад. Бародарамон аз Филиппин бо оилаи калони худ заминеро ба иҷора гирифта дар он деҳқонӣ мекард ва ҳамон ҷо зиндагӣ мекард. Ӯ ва занаш ғайр аз таъмин кардани оилаи калон чун пешрави доимӣ хизмат мекарданд. Як рӯз, онҳо аз соҳиби замин огоҳинома гирифтанд, ки дигар наметавонанд дар он ҷо зиндагӣ кунанд. Онҳо аз ин сахт ба ҳайрат афтоданд ва баъдтар фаҳмиданд, ки касе онҳоро бардурӯғ ба рафтори беинсофона айбдор кардааст. Ҳарчанд бародар оиди он ба ташвиш афтод, ки оилааш минбаъд дар куҷо зиндагӣ мекунад, ӯ гуфт: «Яҳува ба мо ёрдам хоҳад кард. Ӯ ҳамеша, чизе ки рӯй надиҳад, дар бораи ниёзҳои мо ғамхорӣ мекунад». Бародар хато накард. Чанд рӯз пас, соҳиби замин ба онҳо гуфт, ки онҳо метавонанд бимонанд. Чӣ рӯй дод? Шахси иҷорадиҳанда мушоҳида кард, ки нигоҳ накарда ба айбдоркунӣ, оилаи Шоҳидон аз рӯи принсипҳои Китоби Муқаддас амал карда, эҳтиромона ва сулҳҷӯёна рафтор карданд. Ин муносибати онҳо ба ӯ чунон сахт таъсир кард, ки ӯ фикрашро дигар кард ва ҳатто ба онҳо барои кишт кардан замини зиёдтар дод. (1 Петрус 2:12-ро бихонед.) Бале, Яҳува моро тавассути Каломаш роҳнамоӣ карда, дар вақти бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудан ба мо кӯмак мерасонад.
ДӮСТЕ КИ ДАР ОЗМОИШҲО БА МО КӮМАК МЕКУНАД
12, 13. Дар кадом ҳолатҳо бовар кардан душвор аст, ки Худо оиди мо ғамхорӣ мекунад?
12 Лекин вазъиятҳои душвор баъзан метавонанд тӯл кашанд. Мо шояд аз бемории кӯҳна, муқобилияти бардавоми аъзоёни оила ё таъқиботи доимӣ азоб кашем. Инчунин аз сабаби шахсияти гуногун буданамон байни мо ва яке аз ҳамимонон ҳамдигарнофаҳмии ҷиддие рӯй доданаш мумкин аст. Дар бораи ин чӣ метавон гуфт?
13 Масалан, бародаре бо суханаш шуморо сахт хафа мекунад. Ва шумо ба худ мегӯед: «Дар ташкилоти Худо ин тавр набояд шавад». Он бародар бошад, дар ҷамъомад масъулиятҳои пурарзишро соҳиб мегардад ва дар назари дигарон ӯ шахси хеле хуб аст. «Чӣ тавр ин хел шуданаш мумкин»,— фикр мекунед шумо. «Магар Яҳува намебинад? Оё ӯ чора намеандешад?» (Заб. 12:2, 3; Ҳаб. 1:2, 3).
14. Яке аз сабабҳое, ки Яҳува ба проблемаҳои шахсии мо дахолат намекунад, кадом аст?
14 Яҳува вазъиятро аз мо хубтар мебинад ва шояд бо сабабҳои муҳим ба чунин вазъият роҳ медиҳад. Масалан, ҳарчанд шумо фикр мекунед, ки асосан он шахс айбдор аст, шояд Худо ба вазъият тамоман дигар хел менигарад. Аз нуқтаи назари Ӯ шояд шумо назар ба он ки фикр мекунед, бештар айбдоред. Суханони он бародар, ки дар назари шумо сахт тофта буд, дар асл шояд маслиҳати бамавриде буд, ки ба он шумо бояд ҷиддӣ назар кунед. Бародар Карл Клейн, ки дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат карда буд, дар тарҷумаи ҳоли худ нақл кардааст, ки боре бародар Рутерфорд ӯро рӯирост мазаммат кард. Чанде пас, бародар Рутерфорд бародар Клейнро вохӯрда, бо рӯҳбаландӣ ба ӯ муроҷиат карда гуфт: «Салом Карл!» Вале бародар Клейн то ҳол аз маломати ӯ озурда буд ва танҳо нимовоз бо нӯги забонаш салом гуфт. Бародар Рутерфорд дид, ки бародар Клейн то ҳол аз маслиҳати додаи ӯ хафа аст. Ӯ ба вай гуфт: «Эҳтиёт бош! Шайтон аз ақибат гаштааст». Ин маслиҳат дар ҳақиқат ба бародар Клейн кӯмак кард. Баъдтар, вақте ки ӯ аъзои Ҳайати роҳбарикунанда гашт, чунин навишт: «Вақте ки мо дар диламон нисбати ягон бародар кина гирифта мегардем, хусусан аз боиси суханоне, ки ӯ ба гуфтани он ҳақ дорад, мо худро ба домҳои Иблис мегузорем»a.
15. Дар вақти душвориҳо дарк кардани чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бетоқатӣ накунем ва кӯмаки Яҳуваро интизор шавем?
15 Вақте ки душвориҳо дар назарамон дурудароз тӯл мекашанд, косаи сабри мо лабрез шуда метавонад. Мо чӣ кор карда метавонем? Душвориҳоро ба ҷамъшавии автомобилҳои зиёд (пробка) монанд кардан мумкин аст. Фарз кунед, ки шумо дар роҳи калон бо мошин рафта истодаеду ба пробка дучор мешавед. Маълум нест, ки роҳ кай кушода мешавад. Шумо метавонед то сар шудани ҳаракати мошинҳо босаброна интизор шавед. Вале агар бетоқатӣ карда, бо роҳи дигар рафтанӣ шавед, шумо шояд роҳро гум кунед. Ё шояд барои ба манзил рафта расиданатон вақти зиёдтар сарф шавад. Агар шумо тоқат мекардед ва дар роҳи аввалаатон мемондед, шумо эҳтимол дар вақташ ба ҷои худ мерасидед. Ба ин монанд, агар шумо ҳангоми душвориҳо дар роҳе, ки Каломи Худо нишон медиҳад, бимонед, яъне аз рӯи принсипҳои Яҳува амал кунед, бо гузашти вақт шумо ба «манзилатон» хоҳед расид.
16. Боз як сабаби он ки чаро Яҳува дар ҳаёти мо душвориҳоро роҳ медиҳад, кадом аст?
16 Яҳува бо мақсади ёд додани дарси муҳим метавонад душвориҳоро дар ҳаёти мо роҳ диҳад. (1 Петрус 5:6–10-ро бихонед.) Мо ҳеҷ гоҳ набояд фикр кунем, ки сабабгори азобҳоямон Худо аст (Яъқ. 1:13). Ин «душмани шумо, иблис» ба аксари ранҷу азобҳо сабабгор аст. Вале мо бояд донем, ки Яҳува азоби моро мебинад ва моро дӯст медорад. Ӯ мехоҳад, ки мо ба туфайли душвориҳо рӯҳан рушд кунем. Ӯ танҳо ба вақти «кӯтоҳмуддат» ба онҳо роҳ медиҳад. Дилпур бошед, ки Яҳува дар бораи шумо ғамхорӣ мекунад ва барои то охир истодагарӣ кардан ба шумо қуввати лозима мебахшад (2 Қӯр. 4:7–9).
МУКОФОТ АЗ ҶОНИБИ ЯҲУВА
17. Яҳува барои чӣ дили одамонро тафтиш мекунад?
17 Яҳува дили одамонро тафтиш мекунад, то бубинад, ки оё онҳо дар ҳақиқат Ӯро дӯст медоранд ё не. Ба воситаи пайғамбар Ҳанонӣ Ӯ ба шоҳ Осо эълон кард: «Чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд» (2 Вақ. 16:9). Худо дид, ки дили Осо ба Ӯ амин нест. Лекин агар шумо содиқона бо роҳи дуруст равона шавед, Ӯ шуморо «тақвият» хоҳад дод.
18. Вақте ба назаратон чунин менамояд, ки корҳои неки шуморо касе намебинад, оиди Яҳува чиро бояд дар хотир доред? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
18 Яҳува мехоҳад, ки ба мо «марҳамат кунад», яъне мукофот диҳад. Агар мо баракати Ӯро ба даст овардан хоҳем, мо бояд некиро толиб бошем, некиро дӯст дорем ва некӣ кунем (Омӯс 5:14, 15; 1 Пет. 3:11, 12). Яҳува одилонро мукофот медиҳад, ҳатто агар касе корҳои хуби онҳоро набинад ҳам (Заб. 33:16). Инро аз мисоли ду дояи ибрӣ Шифро ва Фуо дидан мумкин аст. Вақте ки Исроил дар Миср зери юғи ғуломӣ буд, фиръавн амр дод, ки ҳамаи писарчаҳои навзоди исроилиён кушта шаванд. Ин ду зан назар ба фиръавн бештар аз Худо метарсиданд ва кӯдаконро зинда мегузоштанд. Яҳува корҳои хуби Шифро ва Фуоро дид ва ба худи онҳо низ оила ва фарзандон ато кард (Хур. 1:15–17, 20, 21). Баъзан ба назарамон шояд чунин тобад, ки касе корҳои хуби моро қадр намекунад. Вале Яҳува ҳар як кори неки моро мебинад ва моро мукофот хоҳад дод (Мат. 6:4, 6; 1 Тим. 5:25; Ибр. 6:10).
19. Чӣ тавр як хоҳар фаҳмид, ки корҳои нек аз назари Яҳува пӯшида намемонанд?
19 Баъзан шояд мо ҳис кунем, ки Яҳува ба он кӯшишҳое, ки мо дар кори мавъиза сарф мекунем, аҳамият намедиҳад, лекин дар асл ин тавр нест. Дар Австрия ба хоҳаре, ки бо забони венгерӣ гап мезанад, суроғаи занеро, ки бо ҳамон забон гап мезад, доданд. Ӯ даррав он суроғаро кофтанӣ рафт, вале дар хона касе набуд. Ӯ гаштаву баргашта мерафт. Баъзан ӯ ҳис мекард, ки дар хона ким–кӣ ҳаст, вале касе ҷавоб намедод. Вай адабиёт монда мерафт, номаҳои шахсӣ мегузошт ва барои бо ӯ тамос гирифтан суроға ва рақами телефонашро менавишт. Баъди якуним соли такрору батакрор рафтани ӯ, ниҳоят дар воз шуд! Зани меҳрубоне дарро кушод ва ба хоҳар гуфт: «Марҳамат дароед. Ман ҳамаи чизҳои шумо овардаро мехондам ва шуморо интизор будам». Маълум шуд, ки дар муддати он вақт зан табобати кимёвӣ мегирифт ва бо одамон вохӯрдан намехост. Бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддас сар карда шуд. Бале, Худо он хоҳарро барои кӯшишҳои исроркоронааш мукофот дод!
20. Шумо оиди он ки Яҳува хизматгоронашро ғамхорона назорат мекунад, чӣ фикр доред?
20 Чӣ хеле ки мо аз ин мақола фаҳмидем, Яҳува кадом коре, ки мо накунем, мебинад ва дили ҳар як шахсро тафтиш мекунад. Мо набояд фикр кунем, ки Худо вақте ки ба мо менигарад, чун истифодабарандагони камераи назоратӣ айби моро ёфтан мехоҳад ва ҳар як хатогиамонро сабт мекунад. Баръакс, Ӯ ба мо ғамхор аст ва дар ҳақиқат мехоҳад, ки ба мо кӯмак кунад ва барои корҳои некамон моро мукофот диҳад. Аз ин рӯ, биёед ба Ӯ боз ҳам наздиктар шавем!
a Тарҷумаи ҳоли бародар Клейн дар «Бурҷи дидбонӣ» (англ.) аз 1 октябри с. 1984 чоп шудааст.