5 Мӯсо
30 Вақте ҳамаи ин суханон, яъне баракат ва лаънате, ки ба ту пешниҳод кардам, ба сарат оянд+ ва ту онҳоро дар миёни тамоми халқҳое, ки Худоят Яҳува туро ба он ҷо пароканда созад,+ ба ёд орӣ+ 2 ва сӯйи Худоят Яҳува рӯ оварда,+ мувофиқи ҳар он чӣ ба ту ва писаронат амр мефармоям, бо тамоми дилу ҷон ба овози ӯ гӯш диҳӣ,+ 3 Худоят Яҳува асирони туро бармегардонад+ ва ба ту раҳм карда,+ туро аз миёни ҳамаи халқҳое, ки Худоят Яҳува туро ба он ҷо пароканда месозад, ҷамъ меорад.+ 4 Ҳатто агар халқи ту то канори осмон пароканда шавад, Худоят Яҳува туро аз нав ҷамъ оварда, бармегардонад.+ 5 Худоят Яҳува туро ба замине, ки падаронат онро соҳиб шуда буданд, меорад ва ту онро соҳиб мешавӣ ва ӯ туро баракат медиҳад ва ту аз падаронат ҳам сершумор мегардӣ.+ 6 Худоят Яҳува дили ту ва дили фарзандонатро тоза* мекунад,+ то Худоят Яҳуваро бо тамоми дилу ҷон дӯст дошта, зинда монӣ.+ 7 Сипас Худоят Яҳува ҳамаи ин лаънатро бар сари душманонат, ки аз ту нафрат доштанд ва туро азоб медоданд, фурӯ мерезад.+
8 Ту бармегардӣ ва ба овози Яҳува гӯш медиҳӣ ва тамоми амрҳояшро, ки имрӯз ба ту мефармоям, ба ҷо меорӣ. 9 Худоят Яҳува туро дар ҳар амали дастат ба фаровонӣ баракат дода,+ фарзандонат, чорвоят ва ҳосили заминатро зиёд мегардонад, зеро Яҳува дар ҳаққи ту некӣ карда, шод мешавад, ҳамон тавре ки барои бобоёни ту шодӣ мекард.+ 10 Он гоҳ ту ба овози Худоят Яҳува гӯш дода, амру фармудаҳои ӯро, ки дар ин китоби Таврот* навишта шудаанд, ба ҷо меорӣ ва ту бо тамоми дилу ҷони худ сӯйи Худоят Яҳува бармегардӣ.+
11 Ин амре, ки имрӯз ба ту мефармоям, барои ту гарон нест ва он дастнорас нест.+ 12 Он дар осмон нест, ки бигӯӣ: “Кӣ ба осмон баромада, онро барои мо мегирад, то мо онро шунавем ва иҷро кунем?”+ 13 Он дар тарафи дигари баҳр нест, ки бигӯӣ: “Кӣ ба он тарафи баҳр гузашта, онро барои мо меорад, то мо онро шунавем ва иҷро кунем?” 14 Охир, ин калом ба ту бисёр наздик аст, он дар даҳон ва дили туст,+ то онро ба ҷо оварда тавонӣ.+
15 Имрӯз ман ба ту ҳаёту некуаҳволӣ ва маргу бадбахтиро пешкаш мекунам.+ 16 Агар ту ба амрҳои Худоят Яҳува, ки имрӯз ба ту медиҳам, гӯш диҳӣ, Худоят Яҳуваро дӯст дорӣ,+ бо роҳҳои ӯ равона шавӣ ва амру фармуда ва ҳукмҳояшро риоя намоӣ, он гоҳ зинда монда,+ сершумор мегардӣ ва Худоят Яҳува туро дар замине, ки онро рафта, соҳиб мешавӣ, баракат медиҳад.+
17 Лекин, агар аз Худо дур шаведу+ ба ӯ гӯш надиҳед ва фирефта шуда, ба худоёни дигар саҷда баред ва онҳоро парастиш кунед,+ 18 ман имрӯз ба шумо мегӯям, ки ҳатман нобуд мешавед.+ Шумо дар замине, ки аз Урдун гузашта, онро соҳиб мешавед, умри дароз намебинед. 19 Имрӯз осмон ва заминро дар пешатон ба шоҳидӣ даъват мекунам. Ман ба ту ҳаёту марг ва баракату лаънатро пешниҳод кардам.+ Пас, ҳаётро интихоб кун, то худат ва наслат зинда монӣ,+ 20 Худоят Яҳуваро дӯст дорӣ,+ ба овози ӯ гӯш диҳӣ ва ба ӯ бичаспӣ,+ зеро ӯ ба ту ҳаёт медиҳад, то ту муддати дурудароз дар замине, ки Яҳува ба бобоёнат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда, ваъда додааст, зиндагӣ кунӣ».+