Марқус
7 Фарисиён ва баъзе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, дар назди ӯ ҷамъ шуданд.+ 2 Вақте онҳо диданд, ки баъзе аз шогирдони ӯ бо дастони нопок, яъне ношуста*, хӯрок мехӯранд, онҳоро айбдор карданд 3 (Тамоми яҳудиён, аз он ҷумла фарисиён, урфу одатҳои аҷдодонашонро риоя мекарданд ва, то даме ки дастонашонро то оринҷ нашӯянд, хӯрок намехӯрданд. 4 Ҳамчунин аз бозор омада, то даме ки шустушӯ накунанд, чизе намехӯрданд. Онҳо боз бисёр урфу одатҳои дигари замони пешро риоя мекарданд, масалан, пиёлаҳо, кӯзаҳо ва зарфҳои мисинро дар об меғӯтонданд).+ 5 Аз ин рӯ фарисиён ва шариатдонон аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони ту урфу одатҳои аҷдодонро риоя намекунанд ва бо дастони нопок хӯрок мехӯранд?»+ 6 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Эй дурӯяҳо, рост гуфта буд пайғамбар Ишаъё, вақте ки дар бораи шумо пешгӯйӣ кард: “Ин мардум бо забонашон маро иззат мекунанд, вале дилашон аз ман дур аст.+ 7 Онҳо беҳуда маро мепарастанд, зеро таълимашон дар асоси амрҳои одамист”.+ 8 Шумо амрҳои Худоро як сӯ гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ часпидаед».+
9 Сипас Исо ба онҳо гуфт: «Шумо моҳирона амрҳои Худоро зери по мекунед, то урфу одатҳои худатонро риоя кунед.+ 10 Масалан, пайғамбар Мӯсо гуфта буд: “Падару модаратро иззат кун”+ ва “Ҳар кӣ падар ё модарашро дашном диҳад*, бояд кушта шавад”.+ 11 Лекин шумо мегӯед: “Агар касе ба падар ё модараш гӯяд, ки “он чизе, ки дорам, қурбон аст, яъне ҳадияест, ки ба Худо бахшидаам, барои ҳамин шуморо дастгирӣ карда наметавонам”... 12 Бо ин роҳ шумо намегузоред, ки шахс ба падару модараш ёрдаме кунад.+ 13 Ҳамин тавр шумо бо урфу одатҳое, ки ба дигарон таълим медиҳед, суханони Худоро поймол мекунед.+ Шумо боз бисёр корҳои ба ин монандро мекунед».+ 14 Ӯ бори дигар одамонро ба наздаш даъват карда, гуфт: «Эй мардум, ҳамаатон ба суханам гӯш диҳед ва сарфаҳм равед.+ 15 На он чизе, ки ба даруни одам медарояд, вайро нопок мекунад, балки чизе, ки аз дилаш мебарояд».+ 16 *——
17 Вақте ки ӯ аз пеши мардум рафт ва ба хона даромад, шогирдонаш аз ӯ дар бораи мисоли овардааш пурсиданд.+ 18 Ӯ ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам мисли онҳо чизеро нафаҳмед? Оё намедонед, ки чизе, ки ба даруни одам медарояд, вайро нопок намегардонад, 19 зеро он ба дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он берун мешавад?» Ҳамин тавр, ӯ ҳар гуна хӯрокро ҳалол эълон кард. 20 Баъд ӯ давом дод: «Он чӣ аз дили одам мебарояд, ӯро нопок мегардонад,+ 21 барои он ки аз дили одам+ фикрҳои бад, зино*, дуздӣ, одамкушӣ, 22 хиёнати ҳамсарӣ, чашмгушнагӣ, бадкорӣ, фиребгарӣ, беҳаёгӣ*, ҳасад, дашном, ҳавобаландӣ ва беақлӣ сарчашма мегиранд. 23 Тамоми ин чизҳои бад аз дили одам мебароянд ва касро нопок мегардонанд».
24 Ӯ аз он ҷо ба сарзамини Сӯру Сидӯн равона шуд.+ Дар он ҷо ӯ ба хонае даромад ва намехост, ки касе аз ин бохабар шавад, лекин одамон аз омадани ӯ хабар ёфтанд. 25 Зане, ки духтарчааш рӯҳи нопок дошт, омадани Исоро шунид ва дарҳол назди ӯ омада, худро пеши пойҳояш партофт.+ 26 Ин зан юнонӣ буд ва дар Финиқияи Сурия зиндагӣ мекард*. Вай аз Исо бисёр илтимос кард, ки девро аз духтарчааш берун кунад. 27 Лекин ӯ ба зан гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, зеро нони фарзандонро гирифта, пеши сагчаҳо партофтан хуб нест».+ 28 Зан бошад, дар ҷавоб гуфт: «Рост мегӯӣ, тақсирам, лекин сагчаҳо низ нонрезаҳои аз дастархони фарзандон афтидаро мехӯранд». 29 Инро шунида Исо ба вай гуфт: «Барои ҳамин гапат хоҳишат иҷро шуд. Бирав, дев аз духтарат берун шуд».+ 30 Зан ба хонааш рафта, дид, ки духтарчааш дар ҷогаҳ хоб аст ва дев аз вай берун шудааст.+
31 Вақте ки Исо аз сарзамини Сӯр баромад, аз Сидӯн гузашта, ба минтақаи Декаполис* расид ва аз он ҷо сӯйи баҳри Ҷалил рафт.+ 32 Он вақт ба назди ӯ мардеро оварданд, ки кар буд ва забонаш мегирифт,+ ва аз ӯ илтиҷо карданд, ки бар вай даст гузорад. 33 Исо он мардро аз байни мардум гирифта, як сӯ бурд. Баъд ангуштонашро ба гӯши вай андохт ва туф карда, дасташро ба забони вай расонд.+ 34 Ӯ ба осмон нигоҳ карда, оҳе кашиду ба вай гуфт: «И́фатаҳ», ки маънояш чунин аст: «Кушода шав». 35 Ҳамон дам он мард шунаво гашт+ ва тутилагияш бартараф шуд — акнун вай бурро гап мезад. 36 Исо ба одамон фармуд, ки дар ин бора ба ҳеҷ кас гап назананд,+ лекин, ҳар қадаре инро таъкид мекард, ҳамон қадар бештар корҳои ӯро овоза мекарданд.+ 37 Онҳо сахт ба ҳайрат афтода+ чунин мегуфтанд: «Тамоми корҳои ӯ хуб аст. Ӯ ҳатто каронро шунаво ва гунгонро гӯё мегардонад».+