Корнома
5 Ҳанониё ном марде низ бо занаш Сафира як қисми мулкашро фурӯхт. 2 Ӯ бо огоҳии занаш як миқдори он пулҳоро пинҳон кард, боқимондаашро бошад, оварда, пеши пойи расулон гузошт.+ 3 Аммо Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё, чаро ба васвасаи Шайтон афтода, ба рӯҳи муқаддас+ дурӯғ гуфтӣ+ ва як қисми пули заминро пинҳон кардӣ? 4 Оё он чӣ доштӣ, аз худат набуд? Магар он чӣ ба даст овардӣ, дар ихтиёрат набуд? Чаро дар дилат чунин нияти бад кардӣ? Ту на ба одамон, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ». 5 Ҳамин ки Ҳанониё ин суханонро шунид, ба замин афтода, мурд. Ҳамаи онҳоеро, ки дар ин бора шуниданд, тарси азиме фаро гирифт. 6 Ҷавонон хеста, ҷасади Ҳанониёро ба матое печонданд ва берун бурда, гӯр карданд.
7 Тақрибан пас аз се соат зани Ҳанониё, ки аз ин воқеа бехабар буд, даромада омад. 8 Петрус ба ӯ гуфт: «Ба ман бигӯй, ки шумо заминро ба ҳамин қадар пул фурӯхтед?» Вай гуфт: «Ҳа, ба ҳамин қадар». 9 Он гоҳ Петрус ба вай гуфт: «Чаро ҳар дуи шумо забон як кардед, ки рӯҳи Яҳуваро озмоед? Онҳое, ки шавҳаратро гӯр карданд, дар остонаи даранд ва онҳо туро низ мебаранд». 10 Ҳамон дам ӯ ба замин афтида, мурд. Вақте ки ҷавонон аз дар даромаданд, ӯро мурда ёфтанд. Онҳо ҷасади ӯро бароварда, дар пеши шавҳараш гӯрониданд. 11 Аз ин рӯ тамоми ҷамоат ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ин бора шуниданд, тарси азиме фаро гирифт.
12 Расулон ҳамчунин дар байни мардум аломату муъҷизаҳои зиёде ба амал меоварданд+ ва ҳамакаса дар роҳрави Сулаймон+ ҷамъ мешуданд. 13 Ҳеҷ каси бегона ҷуръат намекард, ки ба онҳо шарик шавад, мардум бошад, онҳоро таърифу тавсиф мекард. 14 Илова бар ин, шумораи мардону заноне, ки ба Ҳазратамон Исо имон оварда, ба шогирдон ҳамроҳ мешуданд, боз ҳам бештар мегашт.+ 15 Кор ба ҷое расид, ки онҳо беморонро ба кӯчаҳои калон бароварда, ба катҳои хурд ва бистарҳо мегузоштанд, то ки вақти гузаштани Петрус ақаллан сояаш ба баъзеи онҳо афтад.+ 16 Ҳамчунин мардуми бисёре аз шаҳрҳои гирду атроф ба Ерусалим омада, беморон ва онҳоеро, ки рӯҳи нопок доштанд, меоварданд ва ҳамаи онҳо шифо меёфтанд.
17 Аммо саркоҳин ва ҳамаи ҳамроҳонаш, ки пайравони мазҳаби саддуқӣ буданд, аз рашку ҳасад пур шуда бархестанд 18 ва расулонро дастгир карда, ба зиндони шаҳр партофтанд.+ 19 Вале шабона фариштаи Яҳува дарҳои зиндонро кушода,+ онҳоро берун баровард ва чунин гуфт: 20 «Биравед ва дар ибодатгоҳ дар бораи ҳаёти оянда ба мардум гап занед». 21 Баъд аз шунидани ин суханон онҳо субҳгоҳон ба ибодатгоҳ даромаданд ва таълим доданро сар карданд.
Дар ин миён саркоҳин ва ҳамроҳони ӯ омада, Шӯрои олии яҳудиён ва тамоми шӯрои пирони исроилиёнро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то расулонро наздашон биёранд. 22 Аммо, вақте ки одамони фиристодаашон ба зиндон омаданд, онҳоро наёфтанд. Онҳо омада, 23 гуфтанд: «Мо дидем, ки дарҳои зиндон маҳкам баста шудаанд, посбонон ҳам дар даромади он истодаанд, лекин, вақте дарро кушодем, дар он ҷо ҳеҷ касро наёфтем». 24 Чун нозири ибодатгоҳ ва коҳинони калон ин суханонро шуниданд, дар ҳайрат монданд ва ба андеша афтоданд, ки оқибати ин чӣ мешуда бошад. 25 Ҳамон дам касе омада, ба онҳо хабар дод: «Одамоне, ки шумо ба зиндон партофтед, дар ибодатгоҳ истода, халқро таълим медиҳанд». 26 Он гоҳ нозири ибодатгоҳ бо навкаронаш рафта, расулонро овард, лекин на бо зӯрӣ, зеро метарсид, ки халқ онҳоро сангсор мекунад.+
27 Онҳо расулонро оварда, дар пеши Шӯрои олии яҳудиён монданд. Саркоҳин онҳоро саволу ҷавоб карда 28 гуфт: «Магар ба шумо амр надода будем, ки дую дубора дар бораи ин ном таълим надиҳед?!+ Шумо бошед, Ерусалимро аз таълими худ пур кардед ва мехоҳед хуни он мардро ба гардани мо бор кунед».+ 29 Петрус ва дигар расулон дар ҷавоб гуфтанд: «Мо бояд ба Худо чун ба ҳоким итоат кунем, на ба одамон.+ 30 Худои бобоёни мо Исоро, ки шумо ӯро бар сутун* овехта куштед, зинда кард.+ 31 Худо ӯро чун Роҳнамо+ ва Наҷотбахш+ сарафроз карда, аз дасти рости худ шинонд,+ то дари тавбаву бахшоиш барои Исроил боз шавад.+ 32 Мо ва рӯҳи муқаддас,+ ки Худо онро ба итоаткоронаш* медиҳад, шоҳиди ҳамаи ин корҳо ҳастем».+
33 Вақте онҳо инро шуниданд, чунон ба ғазаб омаданд, ки хостанд расулонро кушанд. 34 Аммо Ҷамлиил+ ном фарисие*, ки муаллими Шариат буд ва дар байни мардум обрӯю эътибори баланд дошт, дар Шӯрои олии яҳудиён аз ҷой хеста, фармон дод, ки расулонро ба муддате берун бароранд. 35 Сипас ӯ ба ҳозирон гуфт: «Эй мардони Исроил, аз он чӣ ба ин одамон карданиед, эҳтиёт шавед. 36 Чанде пеш Тавдо ном марде ба миён омад, ки худро шахси бузург меномид. Он вақт тақрибан 400 мард ба ӯ ҳамроҳ шуд. Вале, вақте ӯ кушта шуд, ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд ва аз онҳо нишоне намонд. 37 Баъд аз ӯ, дар рӯзҳои саршуморӣ, Яҳудои ҷалилӣ ба миён омад ва одамонро аз пасаш бурд, аммо ӯ ҳам ҳалок шуд ва касоне, ки ӯро пайравӣ мекарданд, пароканда шуданд. 38 Пас, бишнавед, ки чӣ мегӯям: ба ин мардон кордор нашавед ва онҳоро ба ҳоли худ гузоред, зеро, агар ин нақша ё ин кор аз ҷониби одамон бошад, он барҳам мехӯрад, 39 аммо, агар аз ҷониби Худо бошад, шумо онҳоро пароканда карда наметавонед.+ Боз ин тавр нашавад, ки зидди Худо бароед».+ 40 Онҳо ба маслиҳати ӯ гӯш доданд ва расулонро ба наздашон хонда, ҷазо доданду+ амр фармуданд, ки дигар дар бораи номи Исо гап назананд. Баъд аз ин онҳоро озод карданд.
41 Расулон бошанд, аз Шӯрои олӣ хурсанд шуда баромаданд,+ зеро сазовор дониста шуданд, ки ба хотири номи Исо гирифтори беҳурматӣ гарданд. 42 Онҳо ҳар рӯз дар ибодатгоҳ ва хона ба хона гашта,+ таълим медоданд ва хушхабарро дар бораи Исои Масеҳ эълон мекарданд.+