Корнома
12 Дар он рӯзҳо шоҳ Ҳиродус* дар пайи озори баъзе аъзои ҷамоат шуд.+ 2 Ӯ бародари Юҳанно+ — Яъқубро, бо шамшер кушт.+ 3 Вақте ӯ дид, ки ин ба яҳудиён маъқул шуд, фармон дод, ки Петрусро ҳам дастгир кунанд. (Ин воқеа дар айёми Иди Фатир рӯй дод.)+ 4 Петрусро дастгир карда, ба зиндон партофтанд+ ва чор дастаи сарбозон, ки ҳар яке аз чор нафар иборат буд, ӯро пайи ҳам посбонӣ мекарданд. Ҳиродус ният дошт, ки баъд аз Иди Раҳоӣ ӯро назди мардум барорад*. 5 Аз ин рӯ Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аҳли ҷамоат бошад, дар ҳаққи ӯ бо ҷидду ҷаҳд дуо мегуфт.+
6 Як шаб пеш аз он ки Ҳиродус Петрусро пеши мардум барорад, ӯ, ки ду дасташ занҷирбанд буд, дар миёни ду сарбоз мехобид ва сарбозони дигар дар пеши дар истода, зиндонро посбонӣ мекарданд. 7 Ногаҳон фариштаи Яҳува пайдо шуд+ ва дар ҳуҷраи зиндон, ки Петрус он ҷо буд, нуре дурахшид. Фаришта ба паҳлуи Петрус даст расонда, ӯро такон дод ва бедор карду гуфт: «Тезтар аз ҷоят хез!» Ҳамон дам занҷирҳо аз дастони ӯ афтоданд.+ 8 Фаришта ба ӯ гуфт: «Миёнатро бибанду пойафзолатро бипӯш». Петрус ба гуфти ӯ кард. Баъд фаришта гуфт: «Ҷомаатро бипӯшу аз пайи ман биё». 9 Ӯ баромада, аз паси фаришта равона шуд, аммо намедонист, ки он чизе, ки фаришта карда истодааст, воқеист: Петрус гумон мекард, ки ин рӯъё аст. 10 Аз пеши посбонони аввал ва дуюм гузашта, онҳо назди дарвозаи оҳанине омаданд, ки сӯйи шаҳр мебурд, ва он худ ба худ дар пеши онҳо кушода шуд. Ҳангоме ки онҳо берун баромада, якҷоя аз кӯчае мегузаштанд, фаришта яку якбора аз пеши ӯ нопадид гашт. 11 Он гоҳ Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун аниқ донистам, ки Яҳува фариштаашро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус халос карду яҳудиёнро боб кард».+
12 Пас аз фаҳмидани асли воқеа Петрус ба хонаи Марям, модари Юҳанное, ки номи дигараш Марқус буд,+ рафт. Дар он ҷо одамони зиёде ҷамъ шуда, дуо мегуфтанд. 13 Вақте ки ӯ дарвозаро тақ-тақ кард, Рудо ном канизаке назди дар омад. 14 Ӯ овози Петрусро шинохта чунон хурсанд шуд, ки ба ҷойи дарро кушодан давида ба хона даромад ва хабар дод, ки Петрус дар назди дарвоза истодааст. 15 Ба вай гуфтанд: «Ақлат дар ҷояш?» Аммо вай гапашро гаштаву баргашта такрор мекард. Он гоҳ онҳо гуфтанд: «Ин фариштаи ӯст». 16 Петрус бошад, тақ-тақро бас намекард. Вақте онҳо дарро кушода, ӯро диданд, ҳуш аз сарашон парид. 17 Аммо ӯ бо дасташ ишора кард, ки хомӯш бошанд, ва як ба як нақл кард, ки чӣ тавр Яҳува ӯро аз зиндон баровард. Сипас ӯ гуфт: «Инро ба Яъқуб ва дигар бародарон хабар диҳед».+ Баъди ин ӯ баромада, ба ҷойи дигар рафт.
18 Субҳи дигар сарбозон ба куҷо ғайб задани Петрусро надониста сахт ба изтироб омаданд. 19 Ҳиродус ӯро бисёр ҷустуҷӯ кард ва, вақте наёфт, посбононро пурсуҷӯ намуд ва сипас фармон дод, ки онҳоро бурда, ҷазо диҳанд.+ Баъд ӯ аз Яҳудия ба Қайсария рафта, якчанд вақт дар он ҷо монд.
20 Ҳиродус аз мардуми Сӯру Сидӯн хашмгин буд. Бинобар ин онҳо, баъд аз он ки онҳо бо Блостус — нозири хоҷагии шоҳ, гап зада дилашро ёфтанд, якдилона аз пайи сулҳ бастан шуданд, зеро мамлакати подшоҳ кишвари онҳоро бо хӯрокворӣ таъмин мекард. 21 Дар рӯзе ки муқаррар карда буданд, Ҳиродус либоси шоҳона пӯшида, ба курсии доварӣ нишаст ва ба мардум сухан кард. 22 Мардуми ҷамъомада фарёд зада гуфтанд: «Ин овози худост, на овози одам!» 23 Ҳамон лаҳза фариштаи Яҳува Ҳиродусро зарба зад, зеро ӯ Худоро ҷалол надод. Ҳамин тавр ӯ ба беморӣ гирифтор шуд ва кирмҳо ӯро хӯрданду ӯ мурд.
24 Аммо каломи Яҳува торафт паҳн гашта,+ самар меовард.
25 Барнаббо+ ва Шоул бошанд, баъд аз он ки кумаки бародаронро ба Ерусалим расонданд,+ ба Антиохия баргаштанд ва Юҳанноро, ки ҳамчунин Марқус ном дошт, ҳамроҳи худ бурданд.+