Аз ҳаввориёни Исо бедориву ҳушёрӣ омӯзед
«Бо ман бедор бошед» (МАТ. 26:38)
1–3. Шаби охирини ҳаёти заминии Исо ҳаввориён ба чӣ хатогӣ роҳ доданд ва чӣ нишон медиҳад, ки онҳо аз хатогии худ дарс гирифтанд?
РӮЙДОДҲОИ шаби охирини ҳаёти заминии Исоро тасаввур кунед. Исо ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи худ, боғи Ҷатсамонӣ, ки дар тарафи шарқии Ерусалим ҷойгир шуда буд, омад. Ҳаввориёни содиқаш ҳамроҳи ӯянд. Ба Исо лозим аст, ки дар бораи бисёр чизҳо фикр кунад ва барои ҳамин ӯ ҷои танҳоие меҷӯяд, то дуо гӯяд (Мат. 26:38; Юҳ. 18:1, 2).
2 Се ҳавворӣ — Петрус, Яъқуб ва Юҳанно то дарунтари боғ ҳамроҳаш мераванд. «Дар ин ҷо бимонед ва бо ман бедор бошед»,— мегӯяд ӯ ба онҳо ва худаш ба дуо гуфтан меравад. Вақте ки ӯ бармегардад, мебинад, ки дӯстонаш хуфтаанд. Ӯ боз ба онҳо мегӯяд: «Бедор бошед». Вале боз ду маротиба хоби онҳо мебарад! Дертар, ҳамон шаб, ягон нафар аз ҳаввориён рӯҳан ҳушёр монда натавонистанд. Онҳо ҳатто Исоро монда гурехта рафтанд! (Мат. 26:38, 41, 56).
3 Албатта ҳаввориён пушаймон шуданд, ки бедору ҳушёр монда натавонистанд. Он мардони содиқ ба зудӣ аз хатогии худ дарс гирифтанд. Мо инро аз куҷо медонем? Аз китоби Аъмол. Он нишон медиҳад, ки ҳаввориёни Исо минбаъд дар бедор мондан ва нигоҳ доштани ҳушёрии рӯҳонӣ намунаи беҳамто нишон доданд. Бо ҳаёти содиқонаи худ онҳо бешубҳа ҳамимонони худро низ ба ин рафтор бармеангехтанд. Ҳоло ба мо аз ҳарвақта ҳам зиёдтар лозим аст, ки бедору ҳушёр бошем (Мат. 24:42). Биёед дар бобати бедору ҳушёр мондан се дарсро, ки аз китоби Аъмол гирифтан мумкин аст, дида бароем.
ОНҲО БА РОҲНАМОӢ ОИДИ ДАР КУҶО МАВЪИЗА КАРДАН БОДИҚҚАТ БУДАНД
4, 5. Чӣ тавр рӯҳулқудс Павлус ва ҳамроҳонашро роҳнамоӣ кард?
4 Дарси якуме, ки мо аз ҳаввориён гирифта метавонем ин аст, ки онҳо ба роҳнамоӣ оиди дар куҷо мавъиза кардан бодиққат буданд. Масалан як воқеа ба мо нишон медиҳад, ки чӣ тавр Исо ба воситаи рӯҳулқудси Яҳува Павлуси ҳавворӣ ва ҳамроҳонашро дар тӯли як саёҳати ғайриоддӣ роҳнамоӣ кард (Аъм. 2:33). Биёед ба сафари онҳо ҳамроҳ шавем. (Аъмол 16:6–10-ро бихонед.)
5 Павлус, Сило ва Тимотиюс аз шаҳри Лустра, ки дар ҷануби Ғалотия буд, баромаданд. Чанд рӯз пас, онҳо ба роҳи калони румӣ расиданд, ки он сӯи ғарб, ба ҷои сераҳолитарини вилояти Осиё мебурд. Саёҳатчиён мехостанд, ки аз ин роҳ гузашта ба шаҳрҳое раванд, ки он ҷо ба ҳазорон одамон дар бораи Масеҳ шунидан лозим буд. Вале чизе онҳоро боздошт. Ояти 6 мегӯяд: «Рӯҳулқудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза намоянд». Барои ҳамин онҳо аз Фриҷия ва кишвари Ғалотия гузашта рафтанд. Рӯҳулқудс бо тарзи ба мо номаълум ба саёҳатчиён роҳ надод, ки дар вилояти Осиё мавъиза кунанд. Аз афташ Исо тавассути рӯҳи Худо мехост, ки Павлус ва ҳамроҳонашро ба дигар самт равона кунад.
6, 7. а) Дар наздикии Битуния бо Павлус ва ҳамсафаронаш чӣ рӯй дод? б) Шогирдон чӣ қарор қабул намуданд ва он чӣ натиҷа овард?
6 Саёҳатчиёни боғайрат ба куҷо рафтанд? Ояти 7 мефаҳмонад: «Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанӣ шуданд, лекин Рӯҳ ба онҳо иҷозат надод». Азбаски рӯҳулқудс ба Павлусу ҳамроҳонаш нагузошт, ки дар Осиё мавъиза кунанд, онҳо ба тарафи шимол гаштанд, то ки дар шаҳрҳои Битуния мавъиза кунанд. Аммо вақте ки онҳо ба Битуния наздик шуданд, Исо боз бо истифодаи рӯҳулқудс онҳоро ба он ҷо рафтан намонд. Аз ин бародарон эҳтимол ҳайрон буданд. Онҳо медонистанд, ки чиро ва чӣ тавр мавъиза кунанд, вале онҳо намедонистанд, ки дар куҷо мавъиза кунанд. Онҳо гӯё дареро, ки ба Осиё роҳ мекушод, кӯфтанд, вале бефоида. Онҳо дареро, ки сӯи Битуния мебурд, кӯфтанд — лекин боз бефоида. Оё онҳо кӯфтанро бас карданд? Не, ин воизони боғайрат рӯҳафтода нашуданд!
7 Онҳо ба қароре омаданд, ки шояд каме нофаҳмо тобад. Ояти 8 мегӯяд: «Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трӯос фуромаданд». Бародарон ба тарафи ғарб гашта 563 км роҳро тай карданд. Онҳо аз назди якчанд шаҳр гузашта рафтанд, то даме ки ба шаҳри Трӯос расиданд. Ин шаҳр истгоҳи киштиҳо буд ва чун дарвозаи шаҳри Мақдуния хизмат мекард. Он ҷо, бори сеюм Павлус ва ҳамроҳонаш гӯё боз дарро кӯфтанд — ва ниҳоят он барояшон васеъ кушода шуд! Дар ояти 9 гуфта мешавад, ки баъд чӣ шуд: «Ҳамон шаб ба Павлус рӯъё аён шуд, ки инак шахсе аз аҳли Мақдуния назди ӯ истода буд ва илтимос карда, мегуфт: “Ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон”». Ниҳоят Павлус донист, ки дар куҷо мавъиза кунад. Бародарон даррав ба киштӣ нишаста сӯи Мақдуния шино карданд.
8, 9. Мо аз воқеаҳое, ки дар вақти сафари Павлус рӯй доданд, чӣ меомӯзем?
8 Аз ин воқеаҳо чӣ омӯхтан мумкин аст? Аҳамият диҳед, ки рӯҳи Худо танҳо баъди он дахолат кард, ки Павлус ба Осиё равона шуд. Ҳамчунин, Исо танҳо баъди он дахолат кард, ки Павлус қариб ба Битуния расида буд. Ва ниҳоят, Исо Павлусро ба Мақдуния танҳо баъди он равона кард, ки ӯ то шаҳри Трӯос расид. Чун сарвари ҷамъомад, имрӯз низ Исо метавонад моро ба ин монанд роҳнамоӣ кунад (Қӯл. 1:18). Масалан, шояд шумо чанд вақт боз фикр кунед, ки чун пешрав хизмат кунед ё ба маҳалле, ки дар он ҷо воизон каманд равед. Вале мумкин танҳо баъди он ки шумо барои иҷрои мақсади худ қадам мегузоред, Исо ба воситаи рӯҳи Худо ба шумо роҳнамоӣ мекунад. Чаро? Мисоле меорем. Ронанда метавонад мошинро танҳо ҳамон вақт ба тарафи чап ё рост гардонад, ки агар он ба ҳаракат дароварда шуда бошад. Ба ин монанд, мумкин Исо дар васеъ кардани доираи хизматамон моро роҳнамоӣ кунад — лекин фақат агар худи мо ҳаракат кунем, яъне барои амалӣ гардондани мақсадамон худ саъю кӯшиш кунем.
9 Вале агар кӯшишҳои шумо ба зудӣ самар наоранд–чӣ? Оё бояд рӯҳафтода шавед ва хулоса кунед, ки рӯҳи Худо шуморо роҳнамоӣ накарда истодааст? Ба ёд оред, ки Павлус низ бо нобарориҳо дучор мешуд. Ба ҳар ҳол, ӯ то он даме ки «дарвозаи» кушодаро наёфт, ҷустан ва кӯфтанро бас накард. Ба ҳамин монанд, саъю кӯшишҳои шумо ҳам эҳтимол бесамар намемонанд, агар шумо барои васеъ кардани хизмататон «дарвозаи бузургу фарох»–ро минбаъд низ ҷустуҷӯ кунед (1 Қӯр. 16:9).
ОНҲО ДАР БОБАТИ ДУОГӮӢ ҲУШЁР БУДАНД
10. Чӣ нишон медиҳад, ки барои рӯҳан хоб накардан мо бояд пайваста дуо гӯем?
10 Акнун дарси дуюмеро, ки дар бобати бедору ҳушёр мондан бародарони масеҳии асри як нишон доданд, дида мебароем. Онҳо дар бобати дуогӯӣ ҳушёр буданд (1 Пет. 4:7). Барои он ки рӯҳан хоб наравем, пайваста дуо гуфтан хеле муҳим аст. Ба ёд оред, ки дар боғи Ҷатсамонӣ, чанде пеш аз дастгир шуданаш, Исо ба се ҳаввории худ гуфт: «Бедор бошед ва дуо гӯед» (Мат. 26:41).
11, 12. Чаро ва чӣ тавр Ҳиродус ба масеҳиён, аз он ҷумла ба Петрус бад муносибат мекард?
11 Петрус, ки шоҳиди он воқеа буд, баъдтар дар худ ҳис кард, ки дуоҳои гарму ҷӯшон чӣ қувват доранд. (Аъмол 12:1–6-ро бихонед.) Аз оятҳои аввалини ин нақл мо мефаҳмем, ки Ҳиродус барои ба яҳудиён маъқул шудан бо масеҳиён бад муносибат мекард. Ӯ эҳтимол медонист, ки Яъқуб ҳаввории ба Исо бахусус наздик буд. Барои ҳамин Ҳиродус Яъқубро «бо шамшер кушт» (ояти 2). Ҳамин тавр ҷамъомад ҳаввории маҳбубро аз даст дод. Чӣ озмоише буд ин барои бародарон!
12 Баъд Ҳиродус чӣ кор кард? Ояти 3 мефаҳмонад: «Чун дид, ки ин ба яҳудиён писанд афтод, Петрусро низ дастгир кард». Вале на ҳама вақт ҳаввориёнро, аз он ҷумла Петрусро дар зиндон нигоҳ дошта мешуд (Аъм. 5:17–20). Ҳиродус аз афташ инро хуб медонист. Сиёсатмадори маккор ҳар кори аз дасташ меомадаро кард, то ин рӯй надиҳад. Ӯ Петрусро гирифта «ба чор дастаи чоргонаи сарбозон супурд, ки ӯро посбонӣ кунанд, зеро ният дошт, ки баъд аз иди фисҳ ӯро назди қавм берун оварад» (ояти 4). Танҳо тасаввур кунед! Ҳиродус Петрусро дар байни ду посбон занҷирбанд кард ва 16 сарбоз шабу рӯз ӯро бонавбат посбонӣ мекарданд, ки нагурезад. Ҳиродус мехост, ки Петрусро баъди иди фисҳ ба назди мардум барорад ва ӯро қатл карда ба мардум маъқул шавад. Дар зери чунин вазъияти даҳшатнок ҳамимонони Петрус чӣ кор карда метавонистанд?
13, 14. а) Аъзоёни ҷамъомад ба ҳабс шудани Петрус чӣ гуна муносибат карданд? б) Аз намунаи ҳамимонони Петрус мо дар бораи дуо чӣ омӯхта метавонем?
13 Аъзоёни ҷамъомад аниқ медонистанд, ки чӣ кор кунанд. Дар ояти 5 мо мехонем: «Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аммо аҳли [ҷамъомад] барои ӯ назди Худо пайваста дуо мегуфтанд». Бале, онҳо аз таҳти дил ва пайваста дар ҳаққи бародари азизашон дуо мегуфтанд. Аз марги Яъқуб онҳо ба ноумедӣ дода нашуданд ва ба чунин фикр наомаданд, ки дуо гуфтан бефоида аст. Баръакс, онҳо медонистанд, ки дуои хизматгорони содиқаш барои Яҳува аҳамияти калон дорад. Агар чунин дуоҳо мувофиқи иродаи Ӯ бошанд, Ӯ ба онҳо ҷавоб медиҳад (Ибр. 13:18, 19; Яъқ. 5:16).
14 Мо аз он масеҳиён чӣ меомӯзем? Барои рӯҳан ҳушёру бедор мондан мо бояд на танҳо дар бораи худамон, балки ҳамчунин дар ҳаққи бародарону хоҳаронамон дуо гӯем (Эфс. 6:18). Оё шумо ҳамимононеро медонед, ки дар душвориҳо қарор доранд? Шояд баъзеҳо таъқиботҳоро аз сар мегузаронанд, дар мамлакатҳое зиндагӣ мекунанд, ки фаъолияти мо манъ шудааст ё дар ҷойҳои офатҳои табиӣ мебошанд. Мо метавонем дар ҳаққи онҳо аз таҳти дил дуо гӯем. Шумо шояд касони дигареро донед, ки мушкилиҳои онҳо он қадар ба чашм аён набошанд. Онҳо шояд аз сабаби душвориҳои оилавӣ, рӯҳафтодагӣ ё вазъи саломатиашон азоб мекашанд. Хуб мебуд, ки пеш аз дуо гуфтан дар бораи шахсони алоҳида фикр кунед. Пас ҳангоми бо Яҳува, Шунавандаи дуо, гап задан шумо метавонед номи онҳоро гуфта дар ҳаққашон дуо гӯед (Заб. 64:3).
15, 16. а) Тасвир кунед, ки фариштаи Яҳува чӣ тавр Петрусро аз зиндон озод кард? (Ба расми зерин нигоҳ кунед.) б) Чаро мулоҳиза оиди тарзи наҷот ёфтани Петрус моро тасаллӣ мебахшад?
15 Вале биёед фаҳмем, ки бо Петрус чӣ шуд? Дар давоми шаби охирини дар зиндон буданаш, вақте ки Петрус дар байни ду посбон сахт хоб буд, бо ӯ якчанд воқеаҳои ҳайратангез рӯй доданд. (Аъмол 12:7–11-ро бихонед.) Рӯйдодҳои зеринро тасаввур кунед: ногаҳон дар зиндон рӯшноии баланде дурахшид ва фариштае пайдо шуд, ки аз афташ ба чашми посбонон ноаён буд. Он фаришта Петрусро бедор карда гуфт, ки зуд бархезад. Занҷирҳое, ки ба дастони ӯ баста шуда буданд, ба осонӣ афтиданд! Сипас, фаришта Петрусро ба берун баровард, ва онҳо аз пеши посбонони дар берун истода гузашта, сӯи дарвозаи калони оҳанин равон шуданд. Дарвоза «худ аз худ пеши рӯи онҳо кушода шуд». Вақте ки онҳо ба кӯча баромаданд, фаришта ғайб зад. Петрус озод буд!
16 Вақте мо оиди он мулоҳиза мекунем, ки Яҳува ба наҷот додани хизматгоронаш қудрат дорад, имони мо мустаҳкам мегардад. Албатта мо интизор нестем, ки Яҳува дар замони мо хизматгоронашро ба таври мӯъҷиза наҷот медиҳад. Лекин мо боварии пурра дорем, ки Ӯ имрӯз қудраташро бар манфиати халқаш истифода мебарад (2 Вақ. 16:9). Бо воситаи рӯҳулқудси пуриқтидораш, Ӯ ба мо барои ба ҳар гуна озмоишҳо тоб овардан қувват бахшида метавонад (2 Қӯр. 4:7; 2 Пет. 2:9). Ва Яҳува ба қарибӣ ба воситаи Писараш миллионҳо одамонро аз зиндони мустаҳкамтарин — марг, наҷот хоҳад дод (Юҳ. 5:28, 29). Имрӯз вақте ки мо бо озмоишҳо дучор мешавем, имон ба ваъдаҳои Худо ба мо далерии бузург мебахшад.
ОНҲО БА МОНЕАҲО НИГОҲ НАКАРДА ПУРРА ШАҲОДАТ МЕДОДАНД
17. Чӣ тавр Павлус дар боғайратона мавъиза кардан ва ғанимат донистани вақт намунаи барҷаста гузоштааст?
17 Дарси сеюме, ки мо дар бобати ҳушёру бедор мондан аз ҳаввориён омӯхта метавонем ин аст: онҳо ба монеаҳо нигоҳ накарда пурра шаҳодат доданро давом медоданд. Агар мо боғайратона мавъиза кунем ва дар кадом вақт зистанамонро дар ёд дорем, рӯҳан бедор монда метавонем. Дар ин бобат Павлуси ҳавворӣ намунаи барҷаста гузоштааст. Ӯ қувваташро дареғ надошта ба ҷойҳои бисёр сафар мекард ва бисёр ҷамъомадҳо ташкил менамуд. Вай душвориҳои зиёдро аз сар гузаронда бошад ҳам, ғайраташ кам намегашт ва вақтро ғанимат медонист (2 Қӯр. 11:23–29).
18. Чӣ тавр Павлус дар Рум дар вақти ҳабс буданаш шаҳодат доданро давом медод?
18 Боби 28–уми китоби Аъмолро, ки он ҷо бори охир дар бораи Павлус гуфта мешавад, дида мебароем. Павлус ба Рум омад, ки он ҷо бояд назди император Нерон ҳозир мешуд. Назди вай посбон меистод ва ӯ эҳтимол бо посбон занҷирбанд шуда буд. Вале ягон занҷир ҳаввории боғайратро ба хомӯш мондан водор карда наметавонист! Павлус боз барои шаҳодат додан имкониятҳо меёфт. (Аъмол 28:17, 23, 24–ро бихонед.) Баъди се рӯз, Павлус шахсони номдори яҳудиро ҷамъ намуд, то ки ба онҳо шаҳодат диҳад. Сипас, дар рӯзи таъиншуда Павлус боз ҳам шаҳодати бузургтар дод. Ояти 23 қайд мекунад: «[Яҳудиёни маҳаллӣ] рӯзеро барои ӯ муқаррар карданд, ва мардуми бисёре назди ӯ ба манзилаш омаданд, ва ӯ аз субҳ то шом ба онҳо аз Малакути Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва суҳафи анбиё далелҳо дар бораи Исо меовард».
19, 20. а) Чаро Павлус дар кори шаҳодатдиҳӣ ин қадар муваффақиятнок буд? б) Вақте ки на ҳама хушхабарро қабул мекарданд, Павлус чӣ гуна муносибат мекард?
19 Чаро Павлус дар шаҳодатдиҳӣ ин қадар муваффақиятнок буд? Дар ояти 23 якчанд сабабҳо қайд шудаанд: 1) ӯ диққатро ба Салтанати Худо ва Исои Масеҳ равона мекард; 2) вай мекӯшид, ки бо овардани «далелҳо» дили шунавандагонашро ба даст орад; 3) ӯ бо онҳо дар асоси Навиштаҳо сӯҳбат мекард; 4) ӯ рӯҳияи фидокорӣ зоҳир намуда «аз субҳ то шом» шаҳодат медод. Павлус ба таври таъсирбахш шаҳодат медод, лекин на ҳама суханони ӯро қабул мекарданд. «Баъзе аз онҳо ба суханонаш имон оварданд, вале дигарон имон наоварданд»,— қайд мешавад дар ояти 24. Гуногунфикрӣ ба миён меомад ва одамон мерафтанд.
20 Оё аз он ки на ҳама хушхабарро қабул мекарданд, Павлус рӯҳафтода мешуд? Не! Дар Аъмол 28:30, 31 гуфта мешавад: «Павлус ду соли тамом дар хонаи иҷорагии худ истиқомат кард, ва ҳар киро, ки назди ӯ меомад, пазироӣ менамуд ва Малакути Худоро мавъиза мекард ва бо тамоми далерӣ тариқати Исои Масеҳ[ро]... бемалол таълим медод». Бо чунин суханони дар ҳақиқат гарму рӯҳбаландкунанда китоби аз тарафи Худо илҳом бахшидашудаи Аъмол ба охир мерасад.
21. Аз намунаи Павлус, ки ҳангоми дар ҳабси хонагӣ буданаш нишон дод, мо чӣ меомӯзем?
21 Аз намунаи Павлус мо чӣ меомӯзем? Дар вақти ҳабси хонагӣ Павлус наметавонист хона ба хона мавъиза кунад. Вале, вай рӯҳияи мусбиро нигоҳ дошта ба ҳамаи касоне, ки наздаш меомаданд, шаҳодат медод. Ба ҳамин монанд, бисёри хизматгорони Худо имрӯз қатъи назар аз он ки барои имонашон беадолатона ҳабс мешаванд, хурсандиро нигоҳ медоранд ва мавъиза карданро давом медиҳанд. Баъзе бародарону хоҳарони азизи мо аз хона намебароянд; шояд ҳатто аз сабаби пирӣ ё беморӣ дар хонаҳои пиронсолон ё ҷойҳои нигоҳубини беморон зиндагӣ мекунанд. Аз рӯи қувваташон онҳо ба духтурон, кормандони хизматӣ, ба меҳмонон ва ба ҳамаи онҳое, ки назди онҳо меоянд, мавъиза мекунанд. Онҳо аз таҳти дил мехоҳанд, ки дар бораи Салтанати Худо ба таври асоснок шаҳодат диҳанд. Чӣ қадар миннатдорем мо ба намунаи онҳо!
22. а) Бо ёрии чӣ мо аз китоби Аъмол манфиати бештар гирифта метавонем? (Ба чорчӯбаи дар боло овардашуда нигаред.) б) Ҳоло ки шумо анҷоми ин тартиботи кӯҳнаро интизоред, шумо ба чӣ кор тайёред?
22 Равшан аст, ки аз китоби Аъмол мо аз ҳаввориён ва дигар масеҳиёни асри як дар бобати ҳушёр ва бедор мондан бисёр чизро омӯхта метавонем. Ҳоло ки мо анҷоми ин тартиботи кӯҳнаро интизорем, биёед бо иродаи қавӣ ба он масеҳиёни асри як пайравӣ кунем ва бо далериву ғайрат шаҳодат диҳем. Дар бораи Салтанати Худо шаҳодат додан корест, ки имрӯз ягон кори дигар аз он пуршарафтар буда наметавонад! (Аъм. 28:23).
[Чорчӯба дар саҳифаи 13]
«МУНОСИБАТИ МАН БА КИТОБИ АЪМОЛ БА ТАВРИ ҲАМЕШАГӢ ТАҒЙИР ЁФТ»
Баъди хондани китоби «Дар бораи Салтанати Худо ба таври асоснок шаҳодат медиҳем»a, як нозири сайёр ҳиссиёташро ин тавр баён кард: «Муносибати ман ба китоби Аъмол ба таври ҳамешагӣ тағйир ёфт». Ӯ гуфт, ки аз ин пеш китоби Аъмолро борҳои зиёд хонда буд, лекин воқеаҳои он барояш норавшан буданд ва ӯ гӯё дар даруни онҳо бо шамъ дар даст ва бо айнаки чиркин мегашт. «Ҳоло бошад,— мегӯяд ӯ,— ман гӯё баракат ёфтам, то ҷалоли он китобро дар рӯшноии офтоб бубинам».
a [Эзоҳ]
Ин адабиёт ба бисёр забонҳо, аз он ҷумла ба забони русӣ дастрас аст.
[Тасвир дар саҳифаи 12]
Фаришта Петрусро аз дарвозаи калони оҳанин гузаронд