1 Тимотиюс
3 Ин сухан рост аст: ҳар касе нозир шудан хоҳад,+ кори хуберо орзу мекунад. 2 Нозир бояд беайб, соҳиби як зан, дар ҳар кор андозашинос, солимфикр,+ боинтизом ва меҳмоннавоз бошаду+ ҳунари омӯзгорӣ дошта бошад.+ 3 Ӯ набояд бадмасту+ зӯровар*, балки бомулоҳиза*+ бошад, ҷанҷолӣ+ ва пулпараст+ набошад, 4 хонаводаашро нағз саришта кунад ва фарзандони гапгиру боодоб дошта бошад+ 5 (зеро, агар ӯ чӣ тавр саришта кардани аҳли хонадони худро надонад, чӣ гуна метавонад ба ҷамоати Худо ғамхорӣ кунад?), 6 навимон набошад,+ мабодо мағрур гашта, гирифтори ҳукме шавад, ки ба Иблис бароварда шудааст. 7 Илова бар ин, дар миёни одамони беруна номи нек дошта бошад,+ то дучори бадгӯйӣ нагардад ва ба доми Иблис наафтад.
8 Хизматгузорони ҷамоат низ бояд ҷиддӣ бошанд, дурӯягӣ накунанд*, ба шаробнӯшӣ дода нашаванд, аз пайи пулу моли ҳаром набошанд,+ 9 балки бо виҷдони пок+ сирри муқаддаси имонро нигоҳ доранд.
10 Чунин касон бояд аввал санҷида шаванд, ки ба талабот мувофиқанд ё не, ва, агар дар онҳо айбе ёфт нашавад,+ метавонанд хизматгузори ҷамоат бошанд.
11 Занон низ бояд ҷиддӣ бошанд, туҳмат накунанд,+ дар ҳар кор андозашинос ва аз ҳар ҷиҳат ба Худо вафодор бошанд.+
12 Бигзор хизматгузорони ҷамоат як зан дошта бошанд ва фарзандону аҳли хонадонашонро ба хубӣ саришта кунанд, 13 зеро касоне, ки нағз хизмат мекунанд, соҳиби обрӯ мегарданд ва дар бораи имонашон ба Исои Масеҳ бо забони дароз гап зада метавонанд.
14 Гарчанд умед дорам, ки ба қарибӣ наздат меоям, ин чизҳоро ба ту менависам, 15 то, агар дер кунам, бидонӣ, ки дар хонаи Худо, ки ҷамоати Худои зинда+ ва сутуну такягоҳи ростист, чӣ тавр рафтор кунӣ. 16 Сирри муқаддаси худотарсӣ, дар ҳақиқат, бузург аст: «Ӯ дар ҷисм ошкор шуд,+ дар рӯҳ росткор дониста шуд,+ ба фариштаҳо аён гашт,+ дар байни халқҳо эълон карда шуд,+ дар ҷаҳон ба ӯ имон оварданд+ ва ӯ бо ҷалол ба осмон бурда шуд».