Корнома
22 «Эй бародарон ва эй падарон, ба он чизе, ки ҳоло барои муҳофизати худ мегӯям, гӯш диҳед».+ 2 Вақте яҳудиён шуниданд, ки ӯ ба онҳо ба забони ибронӣ гап мезанад, боз ҳам бештар хомӯш гаштанд, он гоҳ Павлус гуфт: 3 «Ман яҳудӣ,+ зодаи Тарсуси Қилиқия+ ҳастам ва дар ин шаҳр аз худи Ҷамлиил+ сабақ гирифтааму нуқта ба нуқта риоя кардани Шариати аҷдодонро омӯхтаам+ ва дар роҳи Худо ҷаҳду рашки зиёд доштам, чуноне ки ҳамаи шумо низ имрӯз доред.+ 4 Ман аз пайи озори пайравони ин Роҳ* шуда, ҳам мардону ҳам занонро бандубаст мекардаму ба зиндон мепартофтам ва онҳоро ба куштан месупоридам.+ 5 Дар ин бора саркоҳин ва тамоми шӯрои пирон шаҳодат дода метавонанд. Ҳамчунин ман аз онҳо мактубҳоеро гирифта будам, ки бояд ба Димишқ, ба бародарони яҳудӣ, мерасондам ва роҳи он ҷоро пеш гирифтам, то бандиёнро барои ҷазо додан ба Ерусалим биёрам.
6 Аммо дар роҳ, вақте ба Димишқ наздик мешудам, қарибиҳои нисфирӯзӣ ногаҳон аз осмон нури азиме дурахшида, гирдогирди маро равшан кард.+ 7 Он гоҳ ман рӯ ба замин афтодам ва овозеро шунидам, ки гуфт: “Шоул, Шоул! Барои чӣ маро озор медиҳӣ?” 8 Ман дар ҷавоб гуфтам: “Тақсир, ту кистӣ?” Ӯ ба ман гуфт: “Ман ҳамон Исои носириям, ки ту ӯро озор медиҳӣ”. 9 Мардоне, ки ҳамроҳи ман буданд, нурро диданд, вале он чизеро, ки ба ман гуфта шуд, нашуниданд. 10 Ман аз ӯ пурсидам: “Ҳазратам, ман бояд чӣ кор кунам?” Ӯ ба ман гуфт: “Хеста, ба Димишқ бирав ва дар он ҷо ба ту гуфта мешавад, ки бояд чӣ кор кунӣ”.+ 11 Лекин ман аз дурахши он нур нобино шудам, барои ҳамин ҳамроҳонам аз дастам гирифта, маро ба Димишқ оварданд.
12 Баъд аз он Ҳанониё ном марди худотарсе, ки аз рӯйи Шариат мезист ва ҳамаи яҳудиёни он ҷо дар борааш сухани нек мегуфтанд, 13 ба наздам омад. Ӯ дар пеши ман истода, гуфт: “Шоул, бародар, бино шав!” Ҳамон лаҳза ман бино шудам ва ӯро дидам.+ 14 Вай гуфт: “Худои бобоёни мо туро интихоб кардааст, то хости ӯро бидонӣ ва он росткорро бубиниву+ овозашро бишнавӣ, 15 зеро ту бояд чизҳои дидаву шунидаатро нақл карда, дар пеши ҳамаи одамон дар бораи ӯ шаҳодат диҳӣ.+ 16 Пас, чаро то ҳол нишастаӣ? Бархез, таъмид бигир* ва гуноҳҳоятро шуста,+ ба номи ӯ имон биёр”.+
17 Аммо, вақте ман ба Ерусалим баргаштам+ ва дар ибодатгоҳ дуо мегуфтам, дар рӯъё 18 Ҳазратро дидам, ки ба ман гуфт: “Шитоб кун ва зудтар аз Ерусалим баро, зеро онҳо шаҳодати туро дар бораи ман қабул намекунанд”.+ 19 Ман бошам, гуфтам: “Ҳазратам, онҳо нағз медонанд, ки ман одамонеро, ки ба ту имон оварда буданд, ба зиндон мепартофтам ва ибодатхона ба ибодатхона гашта, чунин касонро ҷазо медодам.+ 20 Вақте хуни шоҳидат Истефанусро мерехтанд, ман тарафдори ин кор будам ва дар он ҷо истода, либосҳои кушандагони ӯро нигаҳбонӣ мекардам”.+ 21 Вале ӯ ба ман гуфт: “Равона шав, ман туро ба ҷойҳои дурдаст, назди халқҳои дигар, мефиристам”».+
22 Онҳо, ки вайро гӯш карда меистоданд, баробари шунидани ин гап фарёд зада гуфтанд: «Ӯро аз рӯйи замин нест кунед, ки ному нишонаш намонад! Мурдани ин одам беҳ!» 23 Азбаски онҳо дод зада, либосҳояшонро ба ҳар тараф мепартофтанд ва хоки заминро ба ҳаво пош медоданд,+ 24 мириҳазор фармон дод, ки Павлусро ба сарбозхона баранд ва қамчинкорӣ карда, пурсуков кунанд, то аниқ кунад, ки барои чӣ мардум фарёд зада куштани ӯро металабад. 25 Лекин, вақте ки Павлусро барои қамчинкорӣ кардан бастанд, ӯ ба мирисаде, ки он ҷо истода буд, гуфт: «Оё аз рӯйи қонун аст, ки шаҳрванди Румро, бе он ки маҳкум шуда бошад, қамчинкорӣ кунед?»+ 26 Вақте мирисад инро шунид, назди мириҳазор рафта, ин суханонро расонд ва гуфт: «Акнун чӣ кор мекунӣ? Охир, ин мард шаҳрванди Рум аст». 27 Он гоҳ мириҳазор назди Павлус омада, пурсид: «Ба ман бигӯ, ки оё ту шаҳрванди Рум ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Бале». 28 Мириҳазор дар ҷавоб гуфт: «Ман ин шаҳрвандиро бо пули калон харидам». Павлус гуфт: «Ман бошам, бо он ба дунё омадаам».+
29 Инро фаҳмида мардоне, ки Павлусро азоб дода, пурсуков карданӣ буданд, дарҳол аз ӯ дур шуданд. Мириҳазор бошад, вақте фаҳмид, ки шаҳрванди Румро занҷирбанд кардааст, ҳаросон шуд.+
30 Рӯзи дигар ӯ Павлусро аз занҷирҳо озод кард, ба коҳинони калон ва аҳли Шӯрои олии яҳудиён бошад, фармон дод, ки ҷамъ оянд, зеро аниқ карданӣ буд, ки яҳудиён ӯро дар чӣ айбдор мекунанд. Сипас ӯ Павлусро оварда, дар миёни онҳо гузошт.+