Луқо
18 Пас аз он Исо ба онҳо дар бораи он ки бояд ҳамеша дуо гӯянду ноумед нашаванд, мисоле овард:+ 2 «Дар як шаҳр доваре зиндагӣ мекард, ки на тарсе аз Худо дошту на шарме аз мардум. 3 Дар он шаҳр ҳамчунин бевазане буд, ки гаштаву баргашта ба назди он довар омада, мегуфт: “Ба доди ман бирас ва миёни ману даъвогарам аз рӯйи инсоф доварӣ кун”. 4 Довар муддати дурудароз ба бевазан ёрӣ додан намехост, вале баъдтар дар дил гуфт: “Гарчанде ман на тарсе аз Худо дораму на шарме аз мардум, 5 азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, масъалаи ӯро аз рӯйи инсоф ҳал мекунам, то ҳар дам омада, маро безор накунад”».+ 6 Он гоҳ Ҳазрат гуфт: «Шунидед, ки ин довар бо вуҷуди ноинсоф буданаш чӣ гуфт? 7 Пас, магар Худо ба доди интихобшудагонаш, ки шабу рӯз сӯйи ӯ илтиҷо мекунанд, намерасад?+ Оё ӯ бо онҳо пуртоқат нахоҳад буд?+ 8 Ба шумо мегӯям, ки ӯ ба зудӣ ба доди онҳо мерасад. Аммо, вақте Фарзанди одам меояд, оё чунин имонро дар замин меёбад?»
9 Ҳамчунин ӯ ба онҳое, ки аз росткории худ дилпур буданду дигаронро хор медиданд, чунин мисол овард: 10 «Ду марде барои дуо гуфтан ба ибодатгоҳ омаданд: яке фарисӣ буду дигаре ҷамъовари андоз. 11 Фарисӣ рост истода, дар дил дуо мегуфт: “Худоё, туро шукр, ки монанди дигар одамон ғоратгар, бадкор, зинокор ё монанди ин мард ҷамъовари андоз нестам. 12 Ҳафтае ду бор рӯза медорам ва аз ҳар чизе, ки ба даст меорам, даҳякашро месупорам”.+ 13 Аммо ҷамъовари андоз дуртар истода, ҳатто ҷуръат намекард, ки чашмонашро сӯйи осмон бардорад, балки ба сина мезаду мегуфт: “Худоё, ба мани гунаҳкор раҳм кун”.+ 14 Ба шумо мегӯям, ки, вақте ин шахс ба хонааш рафт, дар назари Худо аз он фарисӣ дида росткортар буд,+ зеро ҳар касе, ки худро аз дигарон боло гирад, паст мегардад ва ҳар касе, ки худро кам гирад, сарбаланд мешавад».+
15 Одамон тифлони худро назди Исо меоварданд, то ӯ ба онҳо даст расонад, аммо шогирдон инро дида онҳоро сарзаниш карданд.+ 16 Вале Исо хоҳиш кард, ки тифлонро назди ӯ биёранд ва гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди ман биёянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро касоне, ки мисли ин кӯдакон бошанд, Подшоҳии Худоро соҳиб мешаванд.+ 17 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Подшоҳии Худоро мисли кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба он намедарояд».+
18 Як ҳокимиятдор аз ӯ пурсид: «Эй Устоди Неку, чӣ кор кунам, ки ҳаёти ҷовидониро соҳиб шавам?»+ 19 Исо ба вай гуфт: «Барои чӣ ту маро неку меномӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас неку нест.+ 20 Ту амрҳои Худоро медонӣ: “Ба ҳамсарат хиёнат накун,+ одам накуш,+ дуздӣ накун,+ шоҳидии дурӯғ надеҳ,+ падару модаратро иззат кун”».+ 21 Он шахс гуфт: «Ман ҳамаи ин амрҳоро аз кӯдакӣ риоя мекунам». 22 Исо инро шунида ба ӯ гуфт: «Як чиз ба ту намерасад: тамоми чизу чораатро бифурӯш ва пулашро ба камбағалон тақсим кун, то дар осмон соҳиби ганҷ шавӣ. Пас аз ин омада, маро пайравӣ кун».+ 23 Вақте ӯ суханони Исоро шунид, бениҳоят ғамгин шуд, чунки хеле бой буд.+
24 Исо ба он мард нигоҳ карда, гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани одами пулдор чӣ душвор аст!+ 25 Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, аз он ки одами бой ба Подшоҳии Худо дарояд».+ 26 Онҳое, ки ин суханонро шуниданд, аз ӯ пурсиданд: «Пас, кӣ наҷот ёфта метавонад?»+ 27 Исо гуфт: «Барои одамон ин номумкин аст, лекин барои Худо кори намешуданӣ нест».+ 28 Вале Петрус гуфт: «Ана, мо чизҳои доштаамонро партофта, туро пайравӣ кардем».+ 29 Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳеҷ касе нест, ки ба хотири Подшоҳии Худо аз баҳри хона, зан, бародарон, падару модар ё фарзандон гузашта бошаду+ 30 дар ин замона ҳамаи инро чанд маротиба зиёдтар ба даст наорад ва дар оянда* ҳаёти ҷовидониро соҳиб нашавад».+
31 Сипас ӯ 12 расулашро як сӯ бурда, гуфт: «Дар Ерусалим, ки ба он ҷо равонаем, ҳамаи суханоне, ки ба воситаи пайғамбарон дар бораи Фарзанди одам навишта шудаанд, ба амал меоянд.+ 32 Ӯ ба дасти халқҳои дигар супорида мешавад+ ва онҳо ӯро мазоқу масхара мекунанд,+ озору дашном медиҳанд ва ба рӯяш туф мекунанд+ 33 ва, баъд аз он ки ӯро бо қамчин мезананд, ба қатл мерасонанд,+ лекин ӯ дар рӯзи сеюм зинда мешавад».+ 34 Вале онҳо аз ин гуфтаҳо чизеро нафаҳмиданд, зеро маънои суханони Исо барояшон пӯшида буд.
35 Ҳангоми ба Ериҳӯ наздик шудани Исо марди кӯре дар лаби раҳ нишаста, гадоӣ мекард.+ 36 Ӯ аз пешаш гузаштани одами бисёрро шунида пурсон шуд, ки чӣ рӯй дода истодааст. 37 Ба ӯ ҷавоб доданд: «Исои носирӣ аз ин ҷо гузашта истодааст!» 38 Инро шунида ӯ фарёд зад: «Эй Исо, Писари Довуд, ба ман раҳм кун!» 39 Онҳое, ки пешопеш равона буданд, ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад, лекин вай боз ҳам баландтар фарёд мезад: «Эй Писари Довуд, ба ман раҳм кун!» 40 Он гоҳ Исо бозистода, фармуд, ки он мардро наздаш оранд. Вақте ӯ наздик омад, Исо аз вай пурсид: 41 «Ту аз ман чӣ хоҳиш дорӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ҳазрат, мехоҳам бино шавам». 42 Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Бино шав, имонат туро шифо дод».+ 43 Ҳамон лаҳза вай бино шуд ва Худоро шукр гуфта, аз пайи Исо рафт.+ Тамоми мардум низ инро дида Худоро васфу ситоиш карданд.+