Матто
14 Дар он вақт Ҳиродус*, ки ҳокими вилоят* буд, овозаи Исоро шунида+ 2 ба хизматгоронаш гуфт: «Ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки аз мурдагон зинда шудааст, аз ин сабаб ӯ ин муъҷизаҳоро ба амал меорад».+ 3 Чанде пеш Ҳиродус ба хотири Ҳиродия, ҳамсари бародараш Филиппус, Яҳёро дастгир ва бандубаст карда, ба зиндон партофта буд,+ 4 зеро Яҳё ба ӯ мегуфт: «Раво нест, ки ӯ зани ту бошад».+ 5 Ҳиродус мехост ӯро кушад, аммо аз мардум метарсид, чунки онҳо Яҳёро пайғамбар меҳисобиданд.+ 6 Лекин, вақте зодрӯзи+ Ҳиродусро ҷашн мегирифтанд, духтари Ҳиродия дар он ҷашн рақс кард ва ин ба Ҳиродус чунон маъқул шуд,+ ки 7 ӯ қасам хӯрда ваъда дод, ки ҳар чизе вай хоҳиш кунад, барояш медиҳад. 8 Он гоҳ духтар аз рӯйи маслиҳати модараш чунин гуфт: «Ба ман дар табақ каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро бидеҳ».+ 9 Подшоҳ инро шунида ғамгин шуд, лекин ба хотири қасамҳояш, ки дар пеши меҳмонон хӯрда буд, фармон дод, ки хоҳиши духтарро ба ҷо оранд. 10 Барои ҳамин ӯ ба зиндон одам фиристод ва сари Яҳёро аз танаш ҷудо карданд. 11 Каллаи Яҳёро дар табақе оварда, ба духтар дароз карданд ва ӯ онро ба модараш бурд. 12 Пас аз ин воқеа шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро гирифта, гӯрониданд ва дар ин бора ба Исо хабар доданд. 13 Исо инро шунида ба қаиқ савор шуд ва ба ҷойи беодаме рафт, то танҳо бимонад. Аммо мардум хабар ёфта аз шаҳрҳои худ пиёда аз пайи ӯ рафтанд.+
14 Вақте ки Исо аз қаиқ фаромад, мардуми бисёреро дида дилаш ба онҳо сӯхт+ ва онҳоеро, ки бемор буданд, шифо дод.+ 15 Шомгоҳон шогирдонаш назди ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷойи беодам аст ва аллакай бегоҳ шуда истодааст. Мардумро ҷавоб деҳ, то ба қишлоқҳо рафта, барои худ хӯрдание харанд».+ 16 Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Ба рафтани онҳо ҳоҷат нест — шумо ба онҳо хӯрок диҳед». 17 Шогирдон гуфтанд: «Мо ғайр аз панҷ нон ва ду моҳӣ дигар ҳеҷ чиз надорем». 18 Исо гуфт: «Он чизҳоро назди ман оред». 19 Сипас ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯйи сабза нишинанд, ва худ панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигоҳ кард ва дуо гуфт.+ Баъд нонҳоро шикаста, ба шогирдонаш дод ва онҳо ба мардум тақсим карданд. 20 Ҳама хӯрда сер шуданд ва аз нонпораҳои боқимонда 12 сабадро пур карданд.+ 21 Шумораи хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, қариб 5000 нафар буд.+ 22 Сипас Исо дарҳол ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши ӯ ба он тарафи баҳр шино кунанд, худаш бошад, барои ҷавоб додани мардум дар он ҷо монд.+
23 Пас аз гусел кардани одамон ӯ барои дуо гуфтан ба кӯҳ баромад+ ва то бевақтӣ дар он ҷо танҳо буд. 24 Он вақт қаиқ аз соҳил садҳо метр* дур рафта буд ва, азбаски шамол муқобили он мевазид ва баҳр талотум мекард, шогирдон бо азоб қаиқ меронданд. 25 Қариби саҳар* Исо рӯ-рӯйи баҳр қадам зада сӯйи онҳо омад. 26 Чун шогирдон диданд, ки ӯ бар рӯйи об меояд, ба изтироб омада гуфтанд: «Ин хоб аст ё бедорӣ?», ва аз тарс бо овози баланд дод заданд. 27 Лекин Исо дарҳол ба онҳо гуфт: «Ором бошед! Натарсед! Ин манам».+ 28 Петрус дар ҷавоб гуфт: «Ҳазрат, агар ин ту бошӣ, ба ман фармо, ки рӯйи об қадам зада пеши ту биёям». 29 Исо ба ӯ гуфт: «Биё!» Он гоҳ Петрус аз қаиқ баромад ва рӯ-рӯйи об ба тарафи Исо равона шуд. 30 Аммо, вақте нигоҳашро ба тӯфон равона кард, тарсиду ғӯтидан гирифт ва фарёд зад: «Ҳазратам, маро наҷот деҳ!» 31 Исо ҳамон лаҳза дасташро дароз карда, ӯро дошт ва гуфт: «Эй сустимон, чаро шак кардӣ?»+ 32 Вақте ки онҳо ба қаиқ даромаданд, тӯфон ором шуд. 33 Он гоҳ касоне, ки дар қаиқ буданд, ба ӯ таъзим карда гуфтанд: «Дар ҳақиқат, ту Писари Худо* ҳастӣ». 34 Сипас онҳо ба соҳили дигар шино карда, ба сарзамини Ҷинесор+ расиданд.
35 Аҳолии он ҷо Исоро шинохта дар бораи омаданаш ба тамоми маҳалҳои гирду атроф хабар доданд ва мардум ҳамаи беморонро назди ӯ оварданд. 36 Онҳо илтиҷо мекарданд, ки ӯ иҷозат диҳад ақаллан ба домани либосаш даст расонанд,+ ва ҳар касе, ки даст мерасонд, аз дарди худ шифои комил меёфт.