Марқус
1 Оғози хушхабар дар бораи Исои Масеҳ*, Писари Худо*: 2 дар китоби пайғамбар Ишаъё навишта шудааст: «(Ана, ман пешопеши ту хабаррасони худро мефиристам, то барои ту роҳ тайёр кунад.)+ 3 Касе дар биёбон нидо мекунад: “Роҳро барои Яҳува тайёр кунед! Роҳҳои ӯро ҳамвор намоед”».+ 4 Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбон омада, эълон мекард, ки одамон бояд чун нишонаи тавба барои бахшиши гуноҳҳо таъмид гиранд*.+ 5 Тамоми мардуми Ерусалим ва сокинони ҳар гӯшаву канори Яҳудия назди ӯ омада, дар дарёи Урдун таъмид мегирифтанд ва ошкоро гуноҳҳои худро тан мегирифтанд.+ 6 Яҳё либосе аз пашми шутур ва камарбанди чармине+ дошту малаху асали саҳроӣ мехӯрд.+ 7 Ӯ эълон мекард: «Баъд аз ман касе меояд, ки қудрати бештар дорад, ва ман сазовор нестам, ки хам шуда, ҳатто банди пойафзоли ӯро кушоям.+ 8 Ман шуморо дар об таъмид медодам, ӯ бошад, шуморо бо рӯҳи муқаддас таъмид медиҳад».+
9 Дар яке аз он рӯзҳо аз Носираи Ҷалил Исо омад ва Яҳё ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод.+ 10 Ҳамин ки Исо аз об баромад, дид, ки осмон кушода шуд ва рӯҳи муқаддас чун кабӯтаре бар ӯ фаромад.+ 11 Он гоҳ садое аз осмон омад: «Ту Писари азизи ман ҳастӣ, ман аз ту розиям».+
12 Ҳамон замон рӯҳи Худо ӯро ба биёбон равона кард. 13 Исо 40 рӯз дар биёбон буд ва Шайтон ӯро васваса мекард.+ Он ҷо ӯ дар миёни ҳайвонҳои ваҳшӣ буд ва фариштагон ба ӯ хизмат мекарданд.+
14 Баъд аз он ки Яҳёро дастгир карданд, Исо хушхабари Худоро паҳн карда+ ба Ҷалил рафт.+ 15 Ӯ мегуфт: «Вақту соат* расидааст ва Подшоҳии Худо наздик шудааст. Тавба кунед+ ва ба хушхабар имон оред».
16 Вақте ки Исо лаб-лаби баҳри Ҷалил мерафт, Шимъӯн ва бародараш Андриёсро+ дид. Ин бародарон ба баҳр тӯр меандохтанд,+ чунки моҳигир буданд.+ 17 Исо ба онҳо гуфт: «Аз паси ман биёед ва ман шуморо сайёди моҳӣ неву сайёди одамон мегардонам».+ 18 Онҳо ҳамон замон тӯрҳояшонро монда, ӯро пайравӣ карданд.+ 19 Каме дуртар рафта, ӯ писарони Забдой — Яъқуб ва Юҳанноро, дид, ки дар қаиқ буданд ва тӯрҳояшонро таъмир мекарданд.+ 20 Ӯ дарҳол онҳоро низ даъват кард ва онҳо падарашон Забдойро дар киштӣ бо мардикорон монда, аз қафои ӯ рафтанд. 21 Ҳамаи онҳо ба Кафарнаҳум равона шуданд.
Ҳамин ки рӯзи шанбе фаро расид, ӯ ба ибодатхона рафт ва таълим доданро сар кард.+ 22 Мардум аз тарзи таълими ӯ дар ҳайрат буданд, зеро ӯ ҳамчун соҳибқудрате таълим медод, на чун шариатдонон.+ 23 Он вақт дар ибодатхона марде, ки зери таъсири дев буд, дод зада гуфт: 24 «Эй Исои носирӣ, ту ба мо чӣ кор дорӣ?+ Оё ту барои нест кардани мо омадӣ? Ман нағз медонам, ки ту Фиристодаи муқаддаси Худо ҳастӣ!»+ 25 Вале Исо вайро сарзаниш карда гуфт: «Хомӯш шав ва аз ӯ берун ой!» 26 Дев он мардро сахт ба ларза овард ва бо тамоми овоз дод зада, аз вай баромад. 27 Мардум чунон ҳайрон шуданд, ки ба якдигар гуфтан гирифтанд: «Ин чист? Ин чӣ таълимоти навест?! Ӯ ҳатто ба девҳо амр медиҳад ва онҳо ба ӯ итоат мекунанд». 28 Ҳамин тавр, овозаи ӯ дарҳол дар тамоми вилояти Ҷалил паҳн шуд.
29 Пас аз ин онҳо аз ибодатхона баромаданд ва ҳамроҳи Яъқубу Юҳанно ба хонаи Шимъӯн ва Андриёс рафтанд.+ 30 Ин вақт хушдомани Шимъӯн+ бо табларза дар бистар хоб буд ва онҳо ҳамон замон инро ба Исо хабар доданд. 31 Исо пеши хушдомани Шимъӯн рафт ва аз дасташ гирифта ӯро аз ҷояш хезонд. Табларзаи бемор гузашт ва вай хеста, ба онҳо хизмат кард.
32 Шомгоҳон, баъди ғуруби офтоб, одамон тамоми беморон ва онҳоеро, ки дар банди дев буданд, ба назди вай оварданд+ 33 ва ҳама мардуми шаҳр дар назди дари хона ҷамъ шуданд. 34 Исо одамонеро, ки гирифтори ҳар гуна касалиҳо буданд, шифо бахшид+ ва девҳои зиёдеро аз одамон берун кард. Лекин ӯ ба девҳо иҷозат намедод, ки гап зананд, зеро онҳо Масеҳ буданашро* медонистанд.
35 Саҳарии барвақт, вақте ки ҳанӯз торик буд, ӯ хеста, аз хона баромаду ба ҷойи беодаме рафт ва дар он ҷо дуо гуфт.+ 36 Шимъӯну ҳамроҳонаш бошанд, Исоро бисёр ҷустуҷӯ карданд 37 ва ӯро ёфта, гуфтанд: «Ҳама туро кофта истодаанд». 38 Лекин ӯ ба онҳо гуфт: «Биёед ба ҷойи дигар, ба шаҳрҳои гирду атроф, равем, то ки ман дар он ҷо низ хушхабарро эълон кунам, зеро маҳз барои ҳамин омадаам».+ 39 Он гоҳ ӯ аз он ҷо рафт ва дар сар то сари Ҷалил дар ибодатхонаҳо хушхабарро эълон мекард ва девҳоро аз одамон берун менамуд.+
40 Боре ба наздаш махавие омад ва зону зада, аз ӯ илтиҷо кард: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок гардонӣ».+ 41 Дили Исо ба вай сӯхт ва ӯ дасташро дароз карда, ба вай расониду гуфт: «Албатта, мехоҳам. Пок шав!»+ 42 Ҳамон дам махави он мард нест шуд ва ӯ пок гашт. 43 Исо вайро ҷавоб дода, сахт огоҳ кард: 44 «Ҳушёр шав, ки дар ин бора ба касе гап назанӣ, балки рафта, худатро ба коҳин* нишон деҳ ва барои покшавият чизҳоеро, ки пайғамбар Мӯсо фармудааст,+ пешкаш кун, то ба онҳо шаҳодат шавад».+ 45 Лекин он мард аз пеши ӯ рафта, ин хабарро дар ҳама ҷо овозаву дарвоза кард. Аз ин рӯ Исо дигар озодона ба ягон шаҳр даромада наметавонист ва дар ҷойҳои беодам мемонд. Бо вуҷуди ин мардум аз ҳар гӯшаву канор назди ӯ меомаданд.+