ДАРСИ 23
Таъмид — роҳ сӯйи ояндаи дурахшон
Исо гуфта буд, ки ҳар як пайрави ӯ бояд таъмид гирад. (Матто 28:19, 20-ро хонед.) Лекин таъмид чист? Барои таъмид гирифтан шахс бояд чӣ кор кунад?
1. Таъмид чист?
Калимаи юноние, ки «таъмид» тарҷума шудааст, маънояш ба об «ғӯтондан» аст. Барои мисол, вақте Яҳё Исоро дар дарёи Урдун таъмид дод, ӯро таги об кард ва сипас Исо «аз об баромад» (Марқус 1:9, 10). Ба ин монанд, пайравони Исо низ ҳангоми таъмид пурра таги об карда мешаванд.
2. Таъмид аз чӣ шаҳодат медиҳад?
Таъмид гирифта, шахс нишон медиҳад, ки ҳаёташро ба Яҳува бахшидааст. Чӣ тавр шахс ба Яҳува ҳаёташро мебахшад? Пеш аз таъмид ӯ ба Яҳува дуо мегӯяд, ки хости ӯро то абад иҷро кардан мехоҳад. Шахс ваъда медиҳад, ки танҳо Яҳуваро парастиш мекунад ва хости ӯро дар ҷойи аввал мегузорад. Чунин шахс ба маъное «аз баҳри худ» мебарояд ва доимо Исоро пайравӣ мекунад (Матто 16:24). Вақте кас ҳаёташро ба Худо бахшида, таъмид мегирад, бо Яҳува ва хизматгорони ӯ дӯст мешавад.
3. Барои таъмид гирифтан чӣ кор кардан лозим аст?
Пеш аз таъмид шумо бояд дар бораи Яҳува дониш гиред ва имонатонро ба ӯ қавӣ гардонед. (Ибриён 11:6-ро хонед.) Баробари афзудани дониш ва имон муҳаббататон низ ба Яҳува зиёд мегардад. Дар натиҷа шумо хоҳиш пайдо мекунед, ки дар бораи ӯ ба дигарон нақл кунед ва аз рӯйи талаботаш зиндагӣ намоед (2 Тимотиюс 4:2; 1 Юҳанно 5:3). Агар «рафторатон шоистаи хизматгорони Яҳува бошад ва шумо ӯро аз ҳар ҷиҳат шод гардонед», эҳтимол, қарор кунед, ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшида, таъмид мегиред (Қӯлассиён 1:9, 10)a.
БЕШТАР ФАҲМЕД
Дар бораи он ки Исо чӣ тавр таъмид гирифт ва шахс барои таъмид гирифтан бояд чӣ кор кунад, маълумоти бисёртар гиред.
4. Таъмиди Исо намуна аст
Матто 3:13–17-ро хонед ва дар бораи таъмиди Исо бештар фаҳмед. Сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Оё Исоро дар кӯдакиаш таъмид доданд?
Ӯ чӣ тавр таъмид гирифт? Оё ҳангоми таъмид ба ӯ каме об пошиданду халос?
Баъд аз он ки Исо таъмид гирифт, ба иҷрои супориши махсусе, ки Худо ба вай дода буд, шурӯъ кард. Луқо 3:21–23 ва Юҳанно 6:38-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Баъди таъмид гирифтан барои Исо чӣ аз ҳама муҳим буд?
5. Таъмид гирифтан мақсади дастнорас нест
Худро ба Худо бахшида, таъмид гирифтан дар аввал душвор метобад. Вале, агар минбаъд низ дар бораи Яҳува дониш гиреду ӯро дӯст доред, бе дудилагӣ ин қадами муҳимро мегузоред. Дар бораи он ки чӣ тавр бисёр одамон чунин карданд, ВИДЕОРО тамошо кунед.
Юҳанно 17:3 ва Яъқуб 1:5-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Чӣ ба шахс кумак мекунад, ки ба таъмид тайёр шавад?
А. Вақте шумо ба Яҳува мегӯед, ки хости ӯро то абад иҷро кардан мехоҳед, худро ба ӯ мебахшед
Б. Вақте таъмид мегиред, ба ҳозирон нишон медиҳед, ки ҳаётатонро ба Худо бахшидед
6. Таъмид гирифта, шахс ба оилаи Яҳува ҳамроҳ мешавад
Вақте мо таъмид мегирем, узви оилаи тифоқ ва умумиҷаҳонӣ мегардем. Ҳамаи Шоҳидони Яҳува новобаста ба ҷойи зист ва миллату нажод як эътиқод доранд ва аз рӯйи талаботи Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд. Забур 25:14 ва 1 Петрус 2:17-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр таъмид ба муносибатҳои шахс бо Яҳува ва парастандагони ӯ таъсир мекунад?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Ман ҳоло барои таъмид гирифтан тайёр нестам».
Агар шумо низ чунин фикр кунед, ба ҳар ҳол оё мақсад доред, ки таъмид гиред?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Исо гуфта буд, ки пайравони ӯ ҳатман бояд таъмид гиранд. Барои ин шахс бояд имонашро қавӣ гардонад, аз рӯйи талаботи Худо зиндагӣ кунад ва ҳаёташро ба ӯ бахшад.
Такрор
Таъмид чист ва чаро ин қадами муҳим аст?
Таъмид аз чӣ шаҳодат медиҳад?
Барои таъмид гирифтан кадом қадамҳоро гузоштан лозим аст?
ДИДА БАРОЕД
Дар бораи таъмид маълумоти дуруст гиред.
Фаҳмед, ки бо кадом роҳҳо шахс метавонад ба таъмид гирифтан тайёр шавад.
«Бигзор муҳаббат ба Яҳува шуморо ба таъмид барангезад!» («Бурҷи дидбонӣ», марти с. 2020)
Фаҳмед, ки чӣ тавр як ҷавон ҳаматарафа фикр карда, қарор дод, ки таъмид мегирад.
«Ман бояд бовар ҳосил мекардам, ки дар роҳи Худо ҳастам» («Бурҷи дидбонӣ», 1 феврали с. 2013)
Дида бароед, ки чаро таъмид гирифтан муҳим аст ва чӣ тавр ба он тайёр шуда метавонед.
«Оё таъмид гирам?» («Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ», ҷилди 2, боби 37)
a Агар шахс дар дини пештарааш таъмид гирифта бошад, ба ӯ лозим мешавад, ки аз нав таъмид гирад. Чаро? Чунки ӯ дар дини пештарааш ҳақиқати Каломро таълим нагирифта буд. (Нигаред ба Корнома 19:1–5 ва дарси 13.)