Юҳанно
11 Марде аз Байт-Ҳинӣ, ки Лаъзор ном дошт, бемор шуд. Ӯ аз деҳае буд, ки он ҷо Маряму Марто+ ном хоҳарон мезистанд. 2 Ин ҳамон Маряме буд, ки бар Ҳазрат равғани атрафшон рехт ва пойҳои ӯро бо мӯяш хушк кард.+ Лаъзори бемор бошад, бародари вай буд. 3 Хоҳарони Лаъзор назди Исо кас фиристода гуфтанд: «Ҳазрат, каси бароят азиз бемор аст». 4 Аммо, вақте Исо ин хабарро шунид, чунин гуфт: «Ин беморӣ на барои он аст, ки бо марг анҷом ёбад, балки барои ҷалоли Худост,+ то Писари Худо* ба воситаи он ҷалол ёбад».
5 Исо Марто, Марям ва Лаъзорро дӯст медошт ва, 6 ҳарчанд вай аз бемор будани Лаъзор хабардор шуд, дар ҳамон ҷое ки буд, ду рӯзи дигар монд. 7 Пас аз он ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед ба Яҳудия баргардем». 8 Шогирдонаш аз ӯ пурсиданд: «Устод,+ чанде пеш мардуми Яҳудия туро сангсор карданӣ буду+ ту мехоҳӣ боз ба он ҷо равӣ?» 9 Исо ҷавоб дод: «Магар рӯз 12 соат давом намекунад?+ Касе, ки рӯзона роҳ меравад, ба чизе пешпо намехӯрад, зеро равшании ин ҷаҳонро мебинад. 10 Вале касе, ки шабона роҳ меравад, пешпо мехӯрад, чунки равшанӣ надорад».
11 Пас аз гуфтани ин суханон ӯ илова кард: «Дӯсти мо Лаъзор хобидааст,+ вале ман меравам, то ӯро бедор кунам». 12 Он гоҳ шогирдон гуфтанд: «Ҳазрат, агар ӯ хобида бошад, боз сиҳат шуда мехезад». 13 Онҳо гумон карданд, ки ӯ дар бораи хоби одӣ мегӯяд, вале Исо дар бораи марги ӯ гап мезад. 14 Бинобар ин ба онҳо рӯирост гуфт: «Лаъзор мурдааст+ 15 ва шодам, ки дар он ҷо набудам, зеро ба ин восита имони шумо мустаҳкам мешавад. Вале акнун биёед назди ӯ равем». 16 Он гоҳ Тумо, ки Дугоник номида мешуд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед мо ҳам равем, то бо ӯ бимирем».+
17 Вақте Исо ба он ҷо наздик мешуд, фаҳмид, ки Лаъзор чор рӯз боз дар қабр аст. 18 Деҳаи Байт-Ҳинӣ дар наздикии Ерусалим, тахминан се километр* дуртар аз он, ҷойгир буд. 19 Яҳудиёни бисёр назди Марто ва Марям омада буданд, то онҳоро дилбардорӣ кунанд. 20 Вақте Марто шунид, ки Исо омада истодааст, ба пешвозаш баромад, вале Марям+ дар хона монд. 21 Марто ба Исо гуфт: «Ҳазрат, агар ту ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд. 22 Вале ҳоло низ медонам, ки ҳар он чӣ аз Худо хоҳиш кунӣ, ба ту медиҳад». 23 Исо ба ӯ гуфт: «Бародарат зинда мешавад». 24 Марто ҷавоб дод: «Медонам, ки дар растохез*, дар рӯзи охирин, зинда мешавад».+ 25 Он гоҳ Исо гуфт: «Ман растохез* ва зиндагӣ ҳастам.+ Ҳар кӣ ба ман имон дошта бошад*, бимирад ҳам, боз зинда мешавад. 26 Ҳамчунин, ҳар зиндае, ки ба ман имон дорад*, ҳаргиз намемирад.+ Оё ба ин бовар дорӣ?» 27 Марто ба вай гуфт: «Бале, Ҳазрат, бовар дорам, ки ту Масеҳ, Писари Худо* ҳастӣ, ҳамоне, ки бояд ба ҷаҳон меомад». 28 Пас аз гуфтани ин суханон Марто рафта, Марямро фарёд кард ва оҳиста ба вай гуфт: «Устод+ дар ҳамин ҷост ва мехоҳад, ки ба наздаш равӣ». 29 Марям инро шунида дарҳол аз ҷояш хест ва назди ӯ рафт.
30 Исо ҳоло ба деҳа дохил нашуда буд, ӯ дар ҳамон ҷое буд, ки Марто ӯро пешвоз гирифт. 31 Дар хона ҳамроҳи Марям яҳудиёне буданд, ки ӯро дилбардорӣ мекарданд. Онҳо зуд хеста рафтани ӯро дида гумон карданд, ки ӯ назди қабр+ рафта, гиря мекунад, бинобар ин аз пасаш равона шуданд. 32 Вақте Марям, ба ҷое ки Исо истода буд, омад, ӯро дида, худро ба пеши пояш партофту гуфт: «Ҳазрат, агар ту ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд». 33 Вақте Исо Марям ва яҳудиёни ҳамроҳаш омадаро гирён дид, оҳи аламноке кашид ва ба изтироб омад. 34 Ӯ гуфт: «Ӯро дар куҷо гузоштед?» Онҳо гуфтанд: «Ҳазрат, биёву бубин». 35 Он гоҳ аз чашмони Исо ашк равон шуд.+ 36 Инро дида яҳудиён гуфтанд: «Бинед, ки чӣ қадар ӯро дӯст медошт!» 37 Вале баъзеи онҳо гуфтанд: «Касе, ки марди кӯрро бино кард,+ магар барои намурдани ин одам коре карда наметавонист?»
38 Исо боз оҳи аламноке кашида, ба сари қабр наздик шуд. Он қабр ғоре буд, ки дар даҳанаш санг гузошта буданд. 39 Исо гуфт: «Сангро як тараф кунед». Марто, хоҳари Лаъзор, ба вай гуфт: «Ҳазрат, мумкин ҷасад бадбӯй шуда бошад, чунки аллакай чор рӯз гузаштааст». 40 Исо ба вай гуфт: «Магар ба ту нагуфтам: агар бовар кунӣ, ҷалоли Худоро мебинӣ?»+ 41 Вақте сангро аз даҳани ғор дур карданд, Исо чашмонашро сӯйи осмон бардошта,+ гуфт: «Эй Падар, туро шукр мегӯям, ки маро шунидӣ. 42 Медонам, ки ту ҳама вақт маро мешунавӣ, вале инро ба хотири ин мардум гуфтам, то онҳо бовар кунанд, ки ту маро фиристодаӣ».+ 43 Пас аз ин ӯ бо овози баланд фарёд зад: «Лаъзор, баро!»+ 44 Мурда, ки дасту пояш бо кафан ва рӯяш бо рӯймол печонида шуда буд, берун омад. Исо ба онҳо гуфт: «Дасту пойи ӯро кушоед, то роҳ равад».
45 Бисёре аз яҳудиёне, ки назди Марям омада буданд, ин кори Исоро дида ба ӯ имон оварданд,+ 46 вале баъзеи онҳо назди фарисиён рафта, он чиро, ки Исо ба амал овард, ба онҳо нақл карданд. 47 Он гоҳ коҳинони калон ва фарисиён Шӯрои олии яҳудиёнро ҷамъ оварда, гуфтанд: «Чӣ кор кунем? Охир, ин одам муъҷизаҳои зиёде мекунад.+ 48 Агар ӯро ба ҳоли худ гузорем, ҳама ба ӯ имон меоранд ва румиён омада, ҳам ин ҷой* ва ҳам халқи моро соҳиб мешаванд». 49 Вале яке аз онҳо, ки Қаёфо+ ном дошт ва ҳамон сол саркоҳин* буд, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед. 50 Магар аён нест, ки, агар як нафар барои халқ бимирад, барои шумо беҳтар аст, назар ба он ки тамоми халқ нобуд шавад». 51 Лекин Қаёфо инро аз пеши худ нагуфт, балки, азбаски дар он сол саркоҳин буд, пешгӯйӣ кард, ки Исо бояд барои халқ бимирад 52 ва на танҳо барои халқ, балки ҳамчунин барои ҷамъ овардани фарзандони Худо, ки парокандаанд. 53 Аз он рӯз сар карда онҳо бо якдигар маслиҳат мекарданд, ки чӣ гуна ӯро ба қатл расонанд.
54 Бинобар ин Исо дигар дар миёни яҳудиён ошкоро намегашт, балки аз он ҷо баромада, ба сарзамини назди биёбон, ба шаҳре, ки Эфроим+ ном дошт, равона шуд ва бо шогирдонаш дар ҳамон ҷо монд. 55 Иди Раҳоии+ яҳудиён наздик мешуд ва одамони бисёре пеш аз ид аз қишлоқҳо барои ба ҷо овардани маросими покшавӣ ба Ерусалим меомаданд. 56 Онҳо Исоро ҷустуҷӯ мекарданд ва дар ибодатгоҳ истода, ба якдигар мегуфтанд: «Шумо чӣ фикр доред, наход ӯ ба ид наояд?» 57 Вале коҳинони калон ва фарисиён амр доданд, ки, агар касе дар куҷо будани Исоро фаҳмад, ба онҳо хабар диҳад, то ӯро дастгир кунанд.