Айюб
4 Алифози+ темонӣ ба ӯ ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Агар касе ҷуръат карда ба ту сухане гӯяд, асабонӣ намешавӣ?
Охир, кӣ метавонад аз гап задан худдорӣ кунад?
3 Бале, ту бисёриҳоро ислоҳ мекардӣ
Ва дастҳои бемаҷолро қувват мебахшидӣ.
4 Суханони ту пешпохӯрдаро бармехезонд,
Ту зонуҳои ларзонро мадор мебахшидӣ.
5 Лекин ҳоло ин ба сари худат омадааст ва ту оҷизу дармондаӣ,
Навбати худат омад ва ту бехуд гаштаӣ.
6 Оё худотарсият туро дилпур намесозад?
Оё дар беайбӣ+ роҳ рафтанат ба ту умед намебахшад?
7 Ба хотир биёр: кадом одами бегуноҳ нобуд гашта буд
Ва кай росткоре кушта шуда буд?
8 Ман дидам, ки фақат чунин касон ҳосили бадро медараванд:
Онҳое, ки барои зулму ситам шудгор мекунанд,
Ва касоне, ки тухми бадӣ мекоранд.
9 Онҳо аз нафаси Худо нест мешаванд
Ва аз дами сӯзони ғазабаш нобуд мегарданд.
10 Шер наъра мезанад ва шери ҷавон овоз мебарорад,
Лекин ҳатто дандонҳои шерони пурқувват мешиканад.
11 Аз набудани туъма шер мемирад
Ва шербачагон пароканда мешаванд.
12 Сирреро ба ман ошкор карданд
Ва гӯшам пичирросеро шунид.
13 Шабона, вақте мардум дар хоби гаронанд,
Рӯъёҳое дидам, ки маро ба ташвиш оварданд.
14 Ман ба тарсу ларз афтодам,
Тамоми вуҷудамро* ваҳм фаро гирифт.
15 Аз пеши рӯям рӯҳе гузашт,
Мӯйҳои баданам сих шуд.
16 Ӯ рост истод,
Лекин ман шаклу шамоилашро нашинохтам,
Дар пеши назарам сурате буд.
Хомӯшӣ ҳукмфармо шуд ва сипас овозеро шунидам:
17 “Магар инсони хокӣ аз Худо росткортар мешавад?
Магар одам аз Офаридгораш поктар буда метавонад?”
18 Ӯ ба хизматгоронаш бовар надорад
Ва дар фариштагонаш айб меёбад.
19 Пас, чӣ тавр ба сокинони хонаҳои гилин бовар кунад,
Ба онҳое, ки буду шудашон хок аст+
Ва мисли куя* ба осонӣ нест мешаванд?!
20 Саҳар ҳанӯз бегоҳ нашудаву онҳо нобуд мегарданд;
Онҳо ба таври абадӣ мемиранд, вале ҳеҷ кас пай намебарад.
21 Онҳо мисли хаймае ҳастанд, ки, агар риштаашро гирӣ, фурӯ меафтад.
Онҳо соҳиби хирад нашуда мемиранд.