Забур
2 Чаро халқҳо бигӯянд:
«Куҷост Худои онҳо?»+
3 Худои мо дар осмон аст,
Ӯ ҳар чӣ хоҳад, ба амал меорад.
4 Бутҳои онҳо нуқраву тиллоянд,
Онҳо амали дасти одамонанд.+
5 Даҳон доранд, вале гап намезананд,+
Чашм доранд, вале намебинанд,
6 Гӯш доранд, вале намешунаванд,
Бинӣ доранд, вале намебӯянд,
7 Даст доранд, вале чизеро даст-даст намекунанд,
По доранд, вале роҳ намегарданд,+
Аз гулӯяшон овозе намебарояд.+
8 Созандагонашон мисли худашон мегарданд,+
Ҳама касоне, ки ба онҳо такя мекунанд, монанди онҳо мешаванд.+
10 Эй хонадони Ҳорун,+ ба Яҳува такя кунед —
Ӯ мададгор ва сипари онҳост.
12 Яҳува моро дар ёд дорад,
Ӯ моро баракат медиҳад,
Ӯ хонадони Исроилро баракат медиҳад,+
Ӯ хонадони Ҳорунро баракат медиҳад.
13 Ӯ тарсгорони Яҳуваро баракат медиҳад,
Ҳам хурд ва ҳам бузургро.
14 Яҳува шуморо афзун мегардонад,
Ҳам шумо ва ҳам фарзандонатонро.+
17 Мурдагон Ёҳро ситоиш намекунанд+
Ва онҳое, ки ба олами хомӯшӣ* фурӯ мераванд,+ ӯро васф намекунанд.
18 Аммо мо Ёҳро* ситоиш хоҳем намуд
Аз ҳозир то абад.
Ёҳро ситоиш кунед!