Юшаъ
23 Баъди он ки Яҳува ба Исроил аз ҳамаи душманони гирду атрофаш оромӣ бахшид,+ солҳои зиёд сипарӣ шуданд ва Юшаъ пиру солхӯрда гашт+ 2 ва ӯ тамоми Исроил — пирон, сарварон, доварон ва сардорони халқро+ даъват карда,+ ба онҳо гуфт: «Ман пиру солхӯрда шудаам. 3 Шумо ҳар он чиро, ки Худоятон Яҳува ба хотири шумо бо тамоми ин халқҳо карда буд, дидаед, зеро Худоятон Яҳува барои шумо ҷангидааст.+ 4 Бубинед, ман замини халқҳоеро, ки дар миёни шумоянд, ва замини ҳамаи халқҳоеро, ки аз Урдун то баҳри Бузург*, аз тарафи ғарб, несту нобуд кардаам,+ аз рӯйи қуръа байни қабилаҳои шумо+ тақсим намудам.+ 5 Худоятон Яҳува онҳоро аз назди шумо пеш кард,+ молу мулкашонро гирифт ва шумо, чуноне ки Худоятон Яҳува ба шумо ваъда дода буд, замини онҳоро соҳиб шудед.+
6 Шумо бояд далеру устувор бошед, то ҳар он чиро, ки дар китоби Тавроти*+ Мӯсо навишта шудааст, риоя кунед ва аз он ҳеҷ гоҳ ба тарафи рост ё чап дур нашавед+ 7 ва бо халқҳое,+ ки дар миёни шумоянд, хешу табор нашавед. Номи худоёни онҳоро ба забон нагиред+ ва ба номи онҳо қасам нахӯред ва онҳоро парастиш ва саҷда накунед.+ 8 Шумо бояд ба Худоятон Яҳува бичаспед,+ ҳамон тавре ки то ин дам мекунед. 9 Яҳува халқҳои бузургу пурзӯрро аз назди шумо пеш кардааст,+ барои ҳамин то имрӯз касе натавонист дар пеши шумо истодагарӣ кунад.+ 10 Як нафари шумо ҳазор нафарро дунболагирӣ мекунад,+ зеро Худоятон Яҳува, чуноне ки ба шумо ваъда додааст,+ барои шумо меҷангад.+ 11 Пас, доимо аз худ бохабар бошед,+ ки оё Худоятон Яҳуваро дӯст медоред ё не*.+
12 Лекин, агар шумо ӯро тарк кунед ва ба халқҳое, ки дар миёни шумо боқӣ мондаанд,+ бичаспед ва бо онҳо қудо шаведу+ рафтуомад кунед, 13 он гоҳ бидонед, ки Худоятон Яҳува ин халқҳоро аз назди шумо пеш нахоҳад кард.+ Онҳо барои шумо дому қапқон, барои тахтапуштатон қамчин+ ва барои чашмонатон хор мешаванд, то даме шумо аз замини хубе, ки Худоятон Яҳува ба шумо додааст, нобуд шавед.
14 Инак, марги ман наздик аст ва шумо хуб* медонед, ки ҳеҷ як сухан аз ҳама ваъдаҳои Худоятон Яҳува, ки ба шумо додааст, барбод нарафтааст. Ҳамаашон дар ҳаққи шумо як ба як иҷро шудаанд. Ҳеҷ яке аз онҳо барбод нарафтааст.+ 15 Чи тавре ки ҳар як ваъдаи Худоятон Яҳува, ки ба шумо дода буд, иҷро шуд,+ ҳамон тавр лаънате, ки Яҳува гуфтааст, дар ҳаққи шумо иҷро мешавад, то даме ки Яҳува шуморо аз замини хубе, ки ба шумо додааст, нобуд кунад.+ 16 Агар аҳди Худоятон Яҳуваро, ки ба шумо риоя кардани онро фармудааст, поймол намоед ва рафта, худоёни дигарро парастиш ва саҷда кунед, он гоҳ ғазаби Яҳува бар шумо аланга мезанад+ ва аз замини хубе, ки ӯ ба шумо додааст, ба зудӣ нобуд мешавед».+