Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
40 Бо тамоми дили худ ба Яҳува умед бастам
Ва ӯ гӯши худро хам карда, фарёди маро шунид.+
2 Ӯ маро аз ботлоқи пурлой
Ва аз чоҳе, ки обҳои хурӯшон дорад, берун овард.
Пойҳоямро бар кӯҳпора гузошт
Ва қадамҳоямро устувор гардонд.
3 Он гоҳ ӯ суруди наверо,
Ҳамду санои Худоямонро, дар даҳонам монд.+
Бисёриҳо инро дида ҳайрону мот мешаванд
Ва ба Яҳува такя мекунанд.
4 Хушбахт касест, ки ба Яҳува такя мекунад
Ва ба гарданшахон ва дурӯғгӯён рӯ намеорад.
5 Ту корҳои бисёре кардаӣ,
Эй Худоям Яҳува.
Дар бораи кадом корҳоят гап занам ва ҳикоя кунам?!
Онҳо сону шумор надоранд.+
Ту қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳро талаб накардӣ.+
7 Аз ин рӯ гуфтам: «Ман омадам,
Дар китоб дар бораи ман навишта шудааст.+
9 Аз адолати ту дар ҷамоати бузург сухан мегӯям.+
Бингар, ки ман лабҳоямро набастаам,+
Ту инро, эй Яҳува, хуб медонӣ.
10 Адолати туро дар дилам ниҳон накардам.
Садоқат ва наҷоти туро эълон мекунам.
Меҳру вафо ва ростиатро дар ҷамоати бузург пинҳон намедорам».+
11 Эй Яҳува, марҳамататро аз ман дареғ надор,
Бигзор меҳру вафо ва ростият доимо нигаҳбонам бошанд.+
12 Мусибатҳои бешуморе маро гирд кардаанд,+
Хатоҳоям маро пахш кардаанд, ба тавре ки роҳамро намебинам.+
Онҳо аз мӯйи сарам зиёданд.
Дилам обу адо шудааст.
14 Бигзор ҳама касоне, ки қасди ҷонамро доранд,
Шармандаву шармсор гарданд.
Бигзор онҳое, ки аз бадбахтиям шод мешаванд,
Шармандавор қафо гарданд.
15 Бигзор касоне, ки мегӯянд: «Хуб шудӣ! Хуб шудӣ!»
Аз шармандагӣ ҳайратзада шаванд.
16 Аммо ҷӯяндагони ту+ шодию хурсандӣ кунанд.+
Бигзор дӯстдорони корҳои наҷотбахшат беист бигӯянд:
«Яҳуваро ҷалол бод!»+
17 Вале ман бечораву нотавонам,
Эй Яҳува, ба ман назар кун.