Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
41 Хушбахт аст шахсе, ки дар ҳаққи бечора ғамхорӣ мекунад.+
Дар рӯзи мусибат Яҳува ӯро наҷот медиҳад.
2 Яҳува ӯро нигаҳбонӣ мекунад ва зинда нигоҳ медорад.
Ӯро дар рӯйи замин хушбахт хоҳанд номид.+
Ту ҳаргиз ӯро ба дасти душманонаш нахоҳӣ супурд.+
3 Яҳува ӯро дар бистари беморӣ дастгирӣ хоҳад кард,+
Дар вақти бемор хобиданаш ту ба ӯ ғамхорӣ хоҳӣ намуд.
5 Душманонам дар ҳаққи ман бадгӯйӣ мекунанд:
«Ӯ кай мемирад ва гумном мешавад?»
6 Агар касе аз онҳо ба ҳолпурсиам ояд, дар дилаш дурӯғ мебофад.
Ӯ дар ҳаққи ман суханони бад ҷамъ мекунад
Ва берун рафта, ба дигарон паҳн мекунад.
7 Ҳамаи бадхоҳонам дар ҳаққи ман пичир-пичир мекунанд,
Онҳо бар зидди ман қасди бад меандешанд:
9 Ҳатто касе, ки дӯстам буду аз ӯ дилпур будам,+
Шахсе, ки нони маро мехӯрд, пошнаашро бар ман бардоштааст*.+
10 Вале ту, эй Яҳува, ба ман марҳамат намо ва маро ба по хезон,
То онҳоро сазо диҳам.
11 Агар душманонам бар ман тантана накунанд,
Хоҳам донист, ки ту аз ман розиӣ.+
13 Яҳува, Худои Исроилро,
Аз азал то абад ҳамду сано бод!+
Омин ва омин.