Юҳанно
18 Пас аз гуфтани ин суханон Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба тарафи дигари водии Қидрӯн+ гузашта, ба боғе даромад.+ 2 Яҳудои хиёнаткор низ он ҷойро медонист, зеро Исо бо шогирдонаш зуд-зуд дар он ҷо вомехӯрд. 3 Яҳудо дастаи сарбозон ва посбононеро, ки коҳинони калон ва фарисиён фиристода буданд, ҳамроҳаш гирифта, ба он ҷо омад. Онҳо ҳама силоҳдор буданд ва дар даст машъалҳову чароғҳо доштанд.+ 4 Он гоҳ Исо, ки медонист чӣ рӯй медиҳад, ба пеш қадам монда, пурсид: «Киро мекобед?» 5 Онҳо ҷавоб доданд: «Исои носириро».+ Исо гуфт: «Ин манам». Яҳудои хиёнаткор низ ҳамроҳи онҳо буд.+
6 Вақте ки Исо «ин манам» гуфт, онҳо ақибнокӣ рафта, ба замин афтоданд.+ 7 Ӯ бори дигар пурсид: «Киро мекобед?» Онҳо гуфтанд: «Исои носириро». 8 Ӯ гуфт: «Ман ба шумо гуфтам, ки ин манам. Пас, агар маро мекофта бошед, монед, ки онҳо раванд». 9 Ҳамин тавр суханони зерини ӯ иҷро шуданд: «Аз онҳое, ки ба ман додӣ, ҳеҷ якеро аз даст надодам».+
10 Он гоҳ Шимъӯни Петрус шамшерашро баровард ва ғуломи саркоҳинро, ки Малхус ном дошт, зарба зада, гӯши росташро бурид.+ 11 Вале Исо ба Петрус гуфт: «Шамшератро ба ғилофаш андоз.+ Наход аз пиёлае, ки Падар ба ман додааст, нанӯшам?»+
12 Он вақт сарбозон, мириҳазор ва посбононе, ки яҳудиён фиристода буданд, Исоро дастгир карда, бастанд. 13 Онҳо ӯро аввал назди Ҳонон, хусури* Қаёфо, бурданд. Он сол Қаёфо+ саркоҳин буд+ 14 ва маҳз ӯ ба яҳудиён маслиҳат дода буд, ки як кас барои халқ бимирад, барояшон беҳтар аст.+
15 Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигар аз қафои Исо рафтанд.+ Ин шогирд бо саркоҳин шинос буд, бинобар ин ҳамроҳи Исо ба ҳавлии саркоҳин даромад, 16 вале Петрус дар берун, назди дарвоза, монд. Он гоҳ шогирде, ки бо саркоҳин шинос буд, баромада, бо канизе, ки назди дарвоза меистод, гапзанон кард ва Петрусро ба дарун даровард. 17 Канизи дарвозабон аз Петрус пурсид: «Магар ту низ яке аз шогирдони он мард нестӣ?» «Не»,— ҷавоб дод ӯ.+ 18 Азбаски ҳаво хунук буд, ғуломон ва посбонон дар гирди гулхане, ки бо лахчаҳо афрӯхта буданд, ҷамъ омада, худро гарм мекарданд. Петрус низ дар назди онҳо истода, худро гарм мекард.
19 Коҳини калон аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимоташ пурсуҷӯ кард. 20 Исо ба ӯ чунин ҷавоб дод: «Ман ба ҷаҳон кушоду равшан сухан мегуфтам. Ман ҳамеша дар ибодатхонаҳо ва дар ибодатгоҳ, ки тамоми яҳудиён он ҷо ҷамъ меоянд, таълим медодам+ ва чизеро пинҳонӣ намегуфтам. 21 Пас, чаро аз ман мепурсӣ?! Аз онҳое пурс, ки суханони маро шунидаанд. Онҳо медонанд, ки ман дар бораи чӣ гап мезадам». 22 Вақте ки Исо ин суханонро гуфт, яке аз посбононе, ки дар наздаш меистод, ӯро шапалоқ зада,+ гуфт: «Ту ба коҳини калон ҳамин тавр ҷавоб медиҳӣ?» 23 Исо ба ӯ гуфт: «Агар ягон гапи нодуруст гуфта бошам, бигӯй, ки хатои ман чист, вале, агар дуруст гуфта бошам, барои чӣ маро мезанӣ?» 24 Баъд аз ин Ҳонон ӯро бо дастони баста назди саркоҳин Қаёфо фиристод.+
25 Вақте ки Шимъӯни Петрус дар назди гулхан истода, гарм мешуд, аз ӯ пурсиданд: «Магар ту низ яке аз шогирдони ӯ нестӣ?» Вай инкор карда гуфт: «Не».+ 26 Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе, ки Петрус гӯшашро бурида буд,+ гуфт: «Оё туро дар боғ бо ӯ надида будам?» 27 Вале Петрус боз инкор кард. Ҳамон лаҳза хурӯс фарёд кард.+
28 Пагоҳии барвақт Исоро аз пеши Қаёфо ба қасри ҳоким бурданд.+ Аммо касоне, ки ӯро оварда буданд, ба қаср надаромаданд, то нопок нашаванду+ хӯроки Иди Раҳоиро хӯрда тавонанд. 29 Бинобар ин Пилотус назди онҳо баромада, гуфт: «Шумо бар зидди ин одам чӣ даъво доред?» 30 Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Агар ӯ ҷинояткор намебуд, мо ӯро ба дасти ту намесупоридем». 31 Он гоҳ Пилотус гуфт: «Худатон ӯро гирифта, мувофиқи шариати худ доварӣ кунед».+ Яҳудиён бошанд, гуфтанд: «Ба мо раво нест, ки касеро кушем».+ 32 Ҳамаи ин мувофиқи суханони Исо буд, ки чӣ тавр мурданашро пешакӣ гуфта буд.+
33 Пилотус боз ба қаср даромад ва Исоро назди худ хонда, гуфт: «Оё ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?»+ 34 Исо ҷавоб дод: «Инро худат мегӯӣ ё дигарон дар бораи ман ба ту гуфтанд?» 35 Пилотус гуфт: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Халқи худат ва коҳинони калон туро ба дасти ман супурданд. Ту чӣ кор кардаӣ?» 36 Исо ҷавоб дод:+ «Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест.+ Агар подшоҳии ман аз ин ҷаҳон мебуд, пайравони ман мубориза мебурданд, ки ба дасти яҳудиён супурда нашавам.+ Аммо подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест». 37 Он гоҳ Пилотус аз ӯ пурсид: «Пас, ту подшоҳ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ҳамон тавре аст, ки мегӯӣ.+ Ман барои он таваллуд шудам ва барои он ба ҷаҳон омадам, ки дар бораи ростӣ шаҳодат диҳам.+ Ҳар касе, ки тарафдори ростист, ба овози ман гӯш медиҳад». 38 Пилотус ба ӯ гуфт: «Чист ростӣ?»
Баъд аз гуфтани ин суханон ӯ боз назди яҳудиён баромада, ба онҳо гуфт: «Ман дар ӯ ҳеҷ айбе намебинам.+ 39 Ғайр аз ин, шумо одат доред, ки дар Иди Раҳоӣ бандиеро бароятон озод кунам.+ Мехоҳед барои шумо Подшоҳи яҳудиёнро озод кунам?» 40 Онҳо боз фарёд зада гуфтанд: «Ӯро не, Бараббосро озод кун!» Бараббос бошад, як роҳзан буд.+