БОБИ 124
Яҳудо Исоро ба дасти душманон месупорад
МАТТО 26:47–56 МАРҚӮС 14:43–52 ЛУҚО 22:47–53 ЮҲАННО 18:2–12
ЯҲУДО ИСОРО МЕФУРӮШАД
ПЕТРУС ГӮШИ МАРДЕРО БО ШАМШЕР МЕБУРАД
ИСОРО ДАСТГИР МЕКУНАНД
Ҳоло вақт аз нисфи шаб гузашта аст. Коҳинон ба Яҳудо ваъда дода буданд, ки агар Исоро ба дасти онҳо супорад, ба ӯ 30 тангаи нуқра медиҳанд. Ҳоло Яҳудо ба ҷустуҷӯйи Исо меравад ва ӯро гурӯҳи калони фарисиён ва коҳинони калон ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳамроҳи онҳо як дастаи сарбозони румӣ бо мириҳазорашон равонаанд.
Аз афташ, вақте Исову шогирдонаш дар болохона хӯроки шоми Раҳоиро мехӯрданду Исо Яҳудоро ҷавоб дод, ӯ рост пеши коҳинони калон рафт (Юҳанно 13:27). Коҳинон посбонону сарбозонро ҷамъ карда, бо Яҳудо фиристоданд. Эҳтимол, Яҳудо ва ҳамроҳонаш аввал ба болохона рафтанд, лекин дар он ҷо касеро наёфта, аз водии Қидрӯн гузаштанд ва сӯйи боғи Ҷатсамонӣ равона гаштанд. Ғайр аз силоҳ онҳо бо худ чароғу машъал доранд, то Исоро дар ин бевақтии шаб ҷустуҷӯ карда ёбанд.
Яҳудо боварӣ дорад, ки Исоро дар боғ меёбад. Вақте Исо бо шогирдонаш дар Байт-Ҳинӣ меистоданд, онҳо қариб ҳар рӯз ба Ерусалим омаду рафт мекарданд ва дар аснои роҳ дар боғи Ҷатсамонӣ дам мегирифтанд. Лекин ҳозир шаб шудааст ва Исо дар сояи дарахтони зайтун буда метавонад. Сарбозон бошанд, Исоро пеш аз ин надида буданд ва ӯро намешиносанд. Барои кори онҳоро осон кардан Яҳудо пешниҳод мекунад: «Касеро, ки бӯса кунам, ҳамон шахс Исо аст, ӯро дастгир кунед ва таҳти назорат гирифта, баред» (Марқӯс 14:44).
Яҳудо Исоро бо расулонаш дар боғ дида, рост пеши ӯ меояду «Салом, эй Устод!» мегӯяд ва ӯро мебӯсад. Аммо Исо аз вай мепурсад: «Эй рафиқ, барои чӣ ба ин ҷо омадӣ?» (Матто 26:49, 50). Исо худаш ба саволи худ ҷавоб медиҳад: «Эй Яҳудо, магар ба Писари одам бо бӯса хиёнат мекунӣ?» (Луқо 22:48). Баъд аз ин Исо ба хоини худ дигар чизе намегӯяд.
Он гоҳ Исо далерона ба пеш, ба сӯйи рӯшноии чароғу машъалҳо қадам гузошта, мепурсад: «Киро мекобед?» Онҳо ҷавоб медиҳанд: «Исои носириро». Исо нотарсона мегӯяд: «Ин манам» (Юҳанно 18:4, 5). Ин мардон худашонро гум мекунанд ва ақибнокӣ рафта, ба замин меафтанд.
Исо ба ҷойи он ки аз ин фурсати муносиб истифода бурда гурезад, бори дигар аз онҳо мепурсад, ки киро мекобанд. Вақте онҳо дуюмбора «Исои носириро» мегӯянд, ӯ оромона ҷавоб медиҳад: «Ман ба шумо гуфтам, ки ин манам. Пас, агар маро мекофта бошед, монед, ки онҳо раванд». Ҳатто дар лаҳзае, ки ҷони худаш зери хатар аст, Исо ваъдаашро аз хотир намебарорад. Каме пеш ӯ гуфта буд, ки ҳеҷ яке аз шогирдонашро аз даст намедиҳад (Юҳанно 6:39; 17:12). Исо расулони содиқашро нигаҳ дошт ва ҳеҷ яке аз онҳо, «ғайр аз писари ҳалокат», яъне Яҳудо, гум нашуд (Юҳанно 18:7–9). Ҳозир ӯ хоҳиш мекунад, ки расулонашро сар диҳанд.
Вақте сарбозон аз ҷояшон хеста, сӯйи Исо меоянд, шогирдон мефаҳманд, ки оқибати кор чӣ мешавад. Онҳо аз Исо мепурсанд: «Ҳазрат, оё шамшерҳоямонро ба кор барем?» (Луқо 22:49). Пеш аз он ки Исо ҷавобе гӯяд, Петрус аз он ду шамшере, ки расулон бо худ оварда буданд, якеро ба кор меандозад. Ӯ ба ғуломи саркоҳин, ки Малхус ном дорад, ҳамла мекунад ва гӯши росташро мебурад.
Исо дасташро ба гӯши Малхус мерасонад ва онро шифо медиҳад. Он гоҳ ӯ ба Петрус як чизи муҳимеро таълим дода, амр мефармояд: «Шамшери худро ба ҷояш мон, чунки ҳамаи онҳое, ки шамшер мекашанд, бо шамшер кушта хоҳанд шуд». Исо мехоҳад, ки ӯро дастгир кунанд. Ӯ мегӯяд: «Дар ин ҳол Навиштаҳои Муқаддас чӣ хел иҷро мешаванд? Охир, дар он ҷо гуфта шудааст, ки ҳамааш бояд ҳамин тавр ба амал ояд» (Матто 26:52, 54). Сипас ӯ илова мекунад: «Наход аз пиёлае, ки Падар ба ман додааст, нанӯшам?» (Юҳанно 18:11). Исо мехоҳад хости Падарашро иҷро кунад, ҳатто агар барои ин ба ӯ мурдан лозим ояд.
Он вақт Исо ба мардум мегӯяд: «Магар ман ғоратгарам, ки шумо барои дастгир карданам бо шамшеру таёқҳо омадед? Ҳар рӯз ман дар маъбад нишаста таълим медодам, лекин шумо маро дастгир намекардед. Вале ҳамаи ин ба амал омад, то суханони навиштаи пайғамбарон иҷро шаванд» (Матто 26:55, 56).
Дастаи сарбозон, мириҳазор ва посбонони яҳудӣ Исоро дастгир карда, мебанданд. Инро дида шогирдон мегурезанд. Лекин «як ҷавонмард», шояд, шогирди Исо бо номи Марқӯс, дар он ҷо мемонад, то аз пайи Исо равад (Марқӯс 14:51). Мардум зуд ӯро мешиносанд ва дастгир карданӣ мешаванд, аммо ин ҷавон либоси катонашро дар дасти онҳо монда, мегурезад.